ИҚДОМЕ ДИГАР БАРОИ ТАҲҚИҚИ "ФАРОГИРИ" ТАРҲИ "РОҒУН"
Бонки Ҷаҳонӣ ҳайъате аз коршиносони аршади байналмилалиро ба баррасии натоиҷи мутолеъоти фаннию молӣ, зистмуҳитӣ ва иҷтимоъии тарҳи нерӯгоҳи "Роғун", ки бо ҳимояти молии ин бонк анҷом мешавад, ҷалб хоҳад кард. Ин матлабро Теодор Алекс, мудири Бонки Ҷаҳонӣ дар умури истротежӣ ва амалиёт дар манотиқи Урупо ва Осиёи Марказӣ, шоми душанбеи 2 август, пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хабарнигорон иброз дошт.
Оқои Алекс гуфт: "Мо тавофуқ кардем, ки Бонки Ҷаҳонӣ ҳайъате аз коршиносони байналмилалиро, ки бо дониши амиқ ва истиқлоли худ шинохта шудаанд, даври ҳам оварад, то натоиҷи ҳамаи мутолеъоти марбут ба нерӯгоҳи "Роғун"-ро баррасӣ ва бознигарӣ кунанд."
Ба гуфтаи вай, давлати Тоҷикистон розӣ шудааст, ки Бонки Ҷаҳонӣ чунин ҳайъатеро ташкил диҳад, коршиносонро кироя кунад ва ин ҳайъатро идора кунад, зеро ин кишвар "ба кайфияти коре, ки анҷом мекшавад, арзиш ва аҳаммияти болое қоил аст."
Аз сӯйи дигар, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки мутолеъаи тарҳи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" "бояд дар сатҳе гузаронда шавад, ки ҳеҷ шакку шубҳа ба бехатарии он ба муҳити зист ва низоми обтаъминкунии минтақа" боқӣ намонад. Зимнан, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бар сари анҷоми ин тарҳ ихтилофи назарҳои шадиде доранд. Ӯзбакистон бунёди нерӯгоҳи "Роғун"-ро барои вазъи муҳити зисти Осиёи Марказӣ ва арсаи кшоварзии худ хатарбор талаққӣ карда ва хостори таҳқиқи байналмилалии ин тарҳ шуда буд.
Тоҷикистон бо анҷоми ин гуна таҳқиқ ва мутолеъа мувофиқат карда ва дар моҳи марти соли ҷорӣ миёни ин кишвар ва Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи рушди бахши энержӣ ёддошти тафоҳуме имзо шуда буд. Дар ин санад таъкид шуда буд, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар анҷоми мутолеъаи байналмилалии тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" саҳми фаъол гирифта ва дар сурати асароти манфӣ надоштани ин нерӯгоҳ бар вазъияти муҳити зист ин ниҳоди молӣ ба таъсиси Кунсерсиюми байналмилалӣ барои бунёди нерӯгоҳи "Роғун" мусоъидат хоҳад кард.
Тавоноии нерӯгоҳи "Роғун" 3600 меговот буда ва коршиносон мегӯянд, ки барои бунёди он ҳудуди 3 милёрд дулори омрикоӣ ҳазина лозим аст. То ҳол аз фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи "Роғун" ба сокинони Тоҷикистон 819 милюн сомонӣ ё 187 милюн дулор ба даст омадааст.
Тармими нерӮгоҳҳои мавҷуда
Теодор Алекс, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ, пас аз мулоқот бо Президент Раҳмон ҳамчунин бар зарурати тармиму бозсозии нерӯгоҳҳои обӣ ва ҳароратии мавҷуд дар Тоҷикистон таъкид кард ва ин нерӯгоҳҳоро барои раҳоӣ аз буҳрони энержӣ дар ин кишвар муфид хонд. Вай гуфт, ки тармиму бозсозии нерӯгоҳҳои мавҷудаи обӣ ва барқарор кардани нерӯгоҳҳои ҳароратӣ аз ба ҳалли мушкили камбуди барқ дар Тоҷикистон мусоъидат хоҳад кард.
Давлати Тоҷикистон барои тармим ва бозсозии нерӯгоҳҳои обии ин кишвар тадобири мушаххасеро рӯйи даст гирифтааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи Абдуло Ёров, раиси ширкати “Барқи тоҷик”, то ҳол барои тармими куллии нерӯгоҳи Норак 50 милюн сомонӣ ё беш аз 11 милюн дулори омрикоӣ масраф шудааст.
Гуфта мешавад ду турбини ин нерӯгоҳ тармим шудаанд ва дар назар аст дар оянда 7 турбини дигари он низ мавриди тармиму бозсозӣ қарор бигирад. Ба эътиқоди коршиносон, нерӯгоҳи обии Норак, ки 30 сол қабл мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, ҳамакнун ба тармиму бозсози куллӣ ниёз дорад.
Ҳамчунин, бино ба иттилоъи ширкати “Барқи тоҷик”, дар соли гузашта таҷҳизоти нерӯгоҳҳои обии Қайроққум, Бойғозӣ ва системи энержии шаҳри Душанбе тармим шудаанд, ки ин амр ба афзоиши мизони тавлиди нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳо мунҷар шудааст. Аз сӯйи дигар, дар назар аст нерӯгоҳҳои ҳароратии шаҳрҳои Душанбе ва Ёвон, дар марказ ва ҷануби Тоҷикистон бо ҷалби сармояи хориҷӣ бозсозӣ шаванд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/2823-----qq--qq.html