21:29:23 22-уми Майи 2025 сол

ҲИМОЯТИ ЯК УЗВИ ПАРЛУМОНИ АВРУПО АЗ ТАРҲИ РОҒУН

Струан Стивенсон, раҳбари гурӯҳи зистмуҳитии парлумони Аврупо дар пайи сафари моҳи гузаштааш ба маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун, дар номае ба раиси парлумони Аврупо Йержӣ Бузек ва сарвазири Бритониё Девид Камерон аз тарҳҳои энержии Тоҷикистон пуштибонӣ кардааст.

 

rogunОқои Стивенсон дар ин нома, содироти нерӯи барқи Тоҷикистон ба кишварҳои минтақаро, ки ӯ як минтақаи хеле ҳассос ва ноором ба қаламаш медиҳад, саҳми муҳиме дар истиқрори субот дар Афғонистони ҷангзада хонда, иддаои Узбакистон дар мавриди пайомадҳои манфии бунёди нерӯгоҳи азими Роғун барои кишварҳои поёнобро радд кардааст. Ин вакили парлумони Аврупо хостори истиқболи Ғарб аз ибтикорҳои Душанбе дар бахши обу энержӣ шудааст.

 

Имтиҳони ҷиддӢ барои Тоҷикистон

Бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар миёнаҳои солҳои 1970-уми шӯравӣ шурӯъ шуда, вале бо далелҳои фанниву молӣ анҷомношуда монд. Мутахассисони фаннӣ ин пружаро хеле мушкил ва серхарҷ арзёбӣ мекунанд ва пешгӯӣ мекунанд, ки ҳоло мушкилоти Тоҷикистон барои анҷоми пурраи ин тарҳ ҳатто дар сурати набуди мухолифатҳои ҷонибҳои дуюму сеюм дар пеш аст. Чунки дар баробари пулу харҷи зиёд, ин нерӯгоҳ ба мутахассисони касбӣ ниёзманд аст.

 

Аз тарафи дигар, давлати Узбакистон – ашаддитарин мухолифи ин тарҳ мебошад. Ҳукумати Ӯзбакистон мегӯяд, бунёди обанбори азим барои Роғун, дар Тоҷикистон сабаби коҳиши маҷрои об ба кишварҳои поёноб шуда  ва ба вазъи муҳити зист ва зиндагии мардум дар Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ мегузорад.

 

Аммо Тоҷикистон ин иддаъоро беасос хонда ва мегӯяд, зимни тақсими об бо ҳамсояҳояш беадолатӣ нахоҳад кард. Дар сурати такмил, нерӯгоҳи Роғун бо иқтидори 3600 мегават соат, қодир ба тавлиди бештар аз 13 миллиард киловат соат нерӯи барқ дар як сол хоҳад буд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/3460-2010-10-30-15-51-59.html

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 05.02.2011 02:49
Ba fikri man rohbari davlat harfi hube gufta bud.Chandin sol ast ki ob az mo ba Uzbakiston meravad ammo agar qatrae az gaz yo chizi digare ba mo omad hatman pul mehohand az mo.Agar gaz moli Uzbakiston boshad pas obam moli most..!!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ