ВОГУЗОРИИ ТАШХИСИ РОҒУН БА ШИРКАТҲОИ АВРУПОӢ
Ташхиси фанниву иқтисодии тарҳи неругоҳи Роғун ба консорсиуми байналмилалии иборат аз 3 ширкати аврупоӣ вогузор шудааст. Ин консорсиум таҳти раҳбарии ширкати фаронсавии Coyne et Bellier Consulting Engineers,аз ширкати итолиёвии Electroconsult ва ширкати бритониёии IPA Energy Water Consulting иборат аст.
Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон гуфтааст, дар як доватлабии (тендери) дигар аз байни 4 ширкати хориҷии мудаъии таҳияи ташхиси зистмуҳитиву иҷтимоии тарҳи Роғун касеро баранда эълон накарда ва навбати ояндаи ин довталабӣ рӯзи 10 декабр хоҳад гузашт. Бар асоси тавофуқи байни давлати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ, маблағгузории анҷоми ин ташхисотро Бонки ҷаҳонӣ бар дӯш гирифта, дар сурати ташхиси мусбат, барои ҷалби сармоя ба эҳдоси нирӯгоҳи Роғун мусоидат хоҳад кард.
Анҷоми зистмуҳитӣ ва иҷтимоии Роғун аз талабҳои аслии Узбакистон аст, ки тарҳи мазкурро таҳдиде ба таъмини заминҳои кишташ бо об дониста, шадидан мухолифи сохта шудани нирӯгоҳи Роғун мебошад. Дар ҳудуди як соли пеш Узбакистон бо ирсоли номаи расмие аз Тоҷикистон хостори мутаваққиф кардани сохтмони неругоҳи Роғун шуда буд. Узбакистон даъво дорад, ки сохтмони неругоҳи Роғун боиси фоҷеъаи зистмуҳитӣ дар минтақа ва биёбон шудани заминҳои зиёде дар кишварҳои поёноб хоҳад шуд. Ва ба ин далел ба идомаи сохтмони неругоҳи Роғун мухолифат нишон медиҳад.
Аз аввали соли равон Узбакистон ба манзури ҷилавгирӣ аз идомаи сохтмони Роғун роҳи вагонҳои Тоҷикистонро баст ва хоса воридоти масолеҳи сохтмонӣ барои ин неругоҳро иҷозаи убур аз қаламрави худ намедиҳад. Аммо дар навбати худ Тоҷикистон ҳама гуна иддаъоро рад мекунад ва мегӯяд, ки роҳи об ба рӯи кишварҳои ҳамсояи худро бастанӣ нест. Ва сохтмони Роғун баръакс ба манфиъати кишварҳои поёноб низ хоҳад буд.
Баҳси таҳияи ташхиси иқтисодӣ ва иҷтимоии Роғун боис шудааст, ки дар чанд моҳи ахир суръати сохтмон низ дар неругоҳи Роғун кундтар шавад. Аммо сохтмони он ба ҳар ҳол камо-кон идома дорад ва давлати Тоҷикистон барои сохтмони Роғун дар соли 2011 дар буҷаи кишвар 850 милион сомонӣ ва ё ҳудуди 200 миллион доллар ихтисос додааст.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/3580-2010-11-15-13-12-32.html