13:34:21 18-уми Июни 2025 сол

"РОҒУН" ДАР АЛМАТО БАРРАСӢ МЕШАВАД

Бонки Ҷаҳонӣ аз ҷомеаи мадании кишварҳои Осиёи Миёна хост, натиҷаҳои санҷиши тарҳи Роғунро баррасӣ кунанд. Ба ин нишаст, ки рӯзи 19-уми май дар намояндагии минтақаии Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон доир мегардад, намояндагони ҷомеаи мадании кишварҳои ҳавзаи ин нерӯгоҳ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Афғонистон) даъват шудаанд.

rogun-roghun6565656.jpgБо назардошти ҳассосияте, ки тарҳи нерӯгоҳи Роғун дар кишварҳои минтақа ба вуҷуд овардааст, Бонки Ҷаҳонӣ тасмим дорад то кӯмакҳои худро аз ҷумла дар бахшҳои фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии ин тарҳ ироа намояд. Ба ин манзур Бонки ҷаҳонӣ ду гурӯҳи мустақили мутахассисонро ба ин кор сафарбар намудааст.

Интизор меравад, дар нахустин нишасти намояндагони ҷомеаи мадании кишварҳои ҳавзаи Омӯ, нахустин маълумоти таҳиянамудаи ин гурӯҳҳо баррасӣ шавад. Намояндагони ин гурӯҳҳо пажӯҳишҳои худро тақдими ҳозирон намуда, пешниҳодҳои ироашударо мавриди таҳлилу пажӯҳиш қарор медиҳанд.

Ин нишаст дар ҳоле баргузор мегардад, ки қаблан Узбакистон, яке аз мухолифони сарсахти бунёдин нерӯгоҳи Роғун, Бонки Ҷаҳониро ба пуштибонӣ аз ин тарҳи Тоҷикистон ва сармоягузорӣ ба бархе аз корҳои он зимни барномаи "Коҳиши бохти энержӣ" айбдор карда буд. Аммо Бонки Ҷаҳонӣ ин шикоятро бепоя хондаааст.

Узбакистон тарҳи Роғунро нақзи ҳуқуқи мардуми кишварҳои поёноб меномад ва ба ин назар аст, ки 7-8 соли пур кардани обанбори Роғун аз об, ҳаёти ин мардумро ба фоҷиа рӯбарӯ хоҳад кард. Натиҷагирии фаъолони зистмуҳитии Узбакистон ин аст, ки Роғун набояд сохта шавад ва шикояти онҳо он аст, ки гӯё Бонки Ҷаҳонӣ ба таври якҷониба бо Тоҷикистон вориди ҳамкорӣ шуда, талош дорад, ин тарҳро мусбат хонад ва ба он сармоягузорӣ кунад.

"РОҒУН ХАТАРЕРО ДАР ПАЙ НАДОРАД"

Яков Бляшко, узви Иттиҳодияи байналмилалии гидроэнергетика аз Русия гуфтааст, ки тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар замони шӯравӣ тарҳрезӣ шудааст ва ин тарҳ боэътимод аст ва дар ҳолати зилзила хатареро дар пай надорад.

Бино ба мувофиқатномаи миёни давлати Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ, пас аз анҷоми тарҳи фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитӣ, ин бонк барои ҷалби сармояҳо барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун консорсиуми байналмилалӣ ташкил хоҳад кард ва ба ин тарҳ ширкатҳои маъруфи энергиро ҷалб хоҳад кард. Дар ҳоли ҳозир дар ин нерӯгоҳ корҳои барқароркунӣ идома дорад ва давлат барои иҷрои он маблағи 850 миллион сомонӣ дар соли ҷорӣ ихтисос додааст.

Зимнан, иқтидори нерӯгоҳи Роғун 3 600 мегават буда баландии садди он 335 метрро ташкил хоҳад дод. Ба гуфтаи мутахассисон, тавони нерӯгоҳи Роғун се баробари тавони нерӯгоҳи атомии сохтаи Русия дар Бушаҳри Эрон аст ва дар сурати бунёди ин нерӯгоҳ, Тоҷикистон ба як кишвари содиркунандаи нерӯи барқ дар минтақа табдил хоҳад шуд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ