12:15:01 25-уми Июни 2025 сол

БОНКИ ҶАҲОНӢ БА ОҒОЗИ СОХТМОНИ МАРҲИЛАИ ЯКУМИ “РОҒУН” МУХОЛИФ АСТ

Бонки Ҷаҳонӣ ба давлати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки то замони анҷоми кулли бозрасии тарҳи “Роғун” аз сохтмони марҳилаи аввали он худдорӣ кунад. Ин матлабро коршиносони Бонки ҶаҳонӣҶ) баъд аз анҷоми дидори даҳрӯзаи худ аз Тоҷикистон эълом кардаанд.

/images/stories/2011/08/16_raghun_16.8.2011.jpg

Дафтари намояндагии БҶ дар Душанбе рӯзи сешанбеи 16 август зимни эъломи натоиҷи ин сафари коршиносон изҳор дошт, ки раванди бозрасии фанниву молӣ ва зистмуҳитии тарҳи “Роғун” идома дорад ва интизор меравад то ҳашт моҳи дигар ин таҳқиқот анҷом биёбад.

Соли гузашта давлати Тоҷикистон дар пайи фишорҳои кишварҳои поёноб, аз ҷумла Ӯзбакистон, бо Бонки Ҷаҳонӣ барои анҷоми бозрасии мустақилонаи байналмилалии тарҳи “Роғун” созиш карда буд. Дар авоили соли ҷорӣ ду ширкати хориҷӣ, ки аз тариқи музояда интихоб шуданд, умури бозрасии ин тарҳро оғоз карданд.

Дар моҳи майи соли ҷорӣ натоиҷи аввалияи ин бозрасӣ дар шаҳри Олмотии Қазоқистон миёни коршиносон матраҳ шуд. Вале, ҷониби Ӯзбакистон аз ширкат дар ин ҳамоиш худдорӣ кард. Давлати Тоҷикистон аз соли 2008 сохтмони нерӯгоҳи “Роғун”-ро аз сар гирифт. Гуфта мешавад, ки дар ду соли ахир дар маҳалли сохтмони ин нерӯгоҳ танҳо умури бозсозии таъсисоте анҷом мешавад, ки дар замони шӯравӣ эҳдос шудаанд.

Манобеъи огоҳ мегӯянд, ки давлати Тоҷикистон қасд дошт дар соли ҷорӣ барои сохтмони садди обанбор барои марҳилаи нахустини ин нерӯгоҳ маҷрои рӯдхонаи Вахшро бубандад. Ба эътиқоди ҷониби Тоҷикистон, марҳилаи нахустини ин нерӯгоҳ, ки аз садди 120-метрӣ ва ду турбин иборат аст, ба таъаҳҳудоти ин кишвар бо Бонки Ҷаҳонӣ мухолифат нахоҳад дошт.

Вале, ҳамакнун коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ пешниҳод кардаанд, ки давлати Тоҷикистон аз ин иқдом худдорӣ кунад. Зеро, ба эътиқоди ин коршиносон, оғози сохтмони марҳилаи аввали “Роғун” ба раванди бозрасӣ мушкил эҷод мекунад.

Омодагӣ барои фаъол сохтани “Сангтӯда-2”

Зимнан, сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” дар равобити миёни кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистону Ӯзбакистон таъсир гузоштааст. Гуфта мешавад, ки далели аслии “муҳосираи иқтисодии” Тоҷикистон, ки соли гузашта аз сӯйи Ӯзбакистон сурат гирифта буд, оғози умури сохтмонӣ дар “Роғун” будааст. Ин амр ба иқтисоди Тоҷикистон хисороти ҷиддие ворид сохт.

Дар тобистони соли гузашта дар дидори Президент Раҳмон бо Ислом Каримов, ҳамтои ӯзбакаш, тавофуқ шуд, ки дар оянда роҳи оҳани Ӯзбакистон танҳо аз тронзити вогунҳои ҳомили коло ва мавод барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” монеъ хоҳад шуд.

Вале, “муҳосира”-и чандмоҳа ба иҷрои тарҳҳои дигари иқтисодии Тоҷикистон зарари ҷиддӣ доштааст. Масъулони сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда-2”, ки бо сармояи давлати Эрон эҳдос мешавад, ночор шуданд, колоҳо ва маводди мавриди ниёзи ин тарҳро тавассути ҳавопаймо ё аз тариқи қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон ворид созанд.

Чунин таъхир дар анҷоми умури сохтмонӣ дар “Сангтӯда-2” асар гузошта ва то ҳол рӯшан нест, ки турбини нахустини ин нерӯгоҳ чӣ замоне ба кор оғоз хоҳад кард. Дар авоили соли ҷорӣ Президент Раҳмон эълом карда буд, ки огреготи нахустини ин нерӯгоҳ дар остонаи таҷлил аз 20-мин солгарди истиқлоли Тоҷикистон фаъол хоҳад шуд. Ҳарчанд, тибқи қарордоди миёни ду кишвар, ҷониби Эрон муваззаф шудааст, турбини нахустини ин нерӯгоҳро дар авоили соли оянда фаъол созад.

Қарор аст, ки 4-уми сентябри соли ҷорӣ Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон ба манзури мавриди баҳрабардорӣ аз ин нерӯгоҳ вориди Тоҷикистон шавад. Вале, масъулони ширкати “Фароб”, ки ба сохтмони “Сангтӯда-2” машғул ҳастанд, мегӯянд, ки онҳо “талош мекунанд то зимни сафари президенти Эрон огреготи нахустини ин нерӯгоҳ фаъол шавад.”

Ба эътиқоди онҳо, нерӯгоҳ таъсисосте нест, ки дар сохтмони он бояд шитобкорӣ кард. “Мо талош мекунем, вале агар нашуд, то чанд муддати дигар огреготи нахустин фаъол хоҳад шуд. Вале маросими расмӣ бо истифода аз ҳузури ду раиси ҷумҳур баргузор хоҳад шуд”

Манобеъи ширкати “Барқи тоҷик” зимни шарҳи ин хабар гуфтанд, ки дар чунин маросим маъмулан ба сурати рамзӣ огрегот фаъол мешавад ва сипас коршиносон чархаро бозмедоранд ва умури боқимондаро анҷом медиҳанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ