00:17:39 03-уми Июни 2025 сол

ҲУШДОРИ НАВИ УЗБАКИСТОН. БОЗ ДАР БОРАИ РОҒУН

Нашрияи давлатии Узбакистон навишт, ки бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ аз амалӣ шудани тарҳи Роғун ҷилавгирӣ намояд. Рӯзномаи давлатии Узбакистон “Правда Востока” ҳушдор додааст, ки Тоҷикистон бидуни он ки натиҷаи ташхиси тарҳи нерӯгоҳи Роғунро интизор шавад, зимистони имсол ба бунёди ин нерӯгоҳ шурӯъ мекунад.

/images/stories/2011/10/13_rogun-barq_2011.jpgБа ақидаи ин нашрия, ки баёнгари мавқеи ҳукумати Узбакистон аст, “муносибати таҷовузгаронаи тарафи Тоҷикистон дар эҳдоси ин тарҳ ва беэътиноӣ ба пешниҳоди Бонки Ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки раҳбарияти Тоҷикистон талош дорад, пайомадҳои фоҷиабори онро барои миллионҳо нафар ба эътибор нагирад ва дар пайи расидан ба андешаи часпидаи худ бошад.”

Муаллифи ин матлаб дар нашрияи “Правда Востока” ҳушдор додааст, ки чунин талошҳо оқибати нек нахоҳанд дошт. Вай афзудааст, барои пур кардани обанбори Роғун ба камияш ҳашт сол зарур аст, ки дар тӯли ин муддат Узбакистону Туркманистон ва ҳам Афғонистон ба камбуди шадиди об мувоҷеҳ мешаванд.

“Правда Востока” менависад, дар сурати камбуди об заминҳои кишт хушкида, ба камшавии ҳосили пахтаву гандум оварда мерасонад. “Бино ба ҳисоби коршиносон дар тӯли панҷ сол хисорот аз ҳисоби кам шудани кишти пахтаву гандум ба 20,6 миллиард доллар хоҳад расид. Дар ин сурат, буҷаи хонаводаҳо низ зиён дида, зиндагии 18 миллион нафар дар Узбакистону Туркманистон ба мушкил мепечад”,-омадааст дар рӯзномаи давлатии Узбакистон.

Бино ба навиштаи “Правда Востока” яке аз авоқиби ваҳшатноктарини сохтмони Роғун “тағйири манфии генофонди мардуми бумӣ, коҳиши ҷангалзорҳо, маҳви баъзе аз навъи гиёҳу ҷонварон” будааст. “Барои ҷилавгирӣ аз ин, ҷомеаи байнулмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ бояд назари худро дар бораи андешаҳои “хом”-и раҳбарони Тоҷикистон, ки мехоҳанд ба ҳар қимате тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғунро амалӣ кунанд, баён созанд",-таъкид шудааст дар матлаби "Правда Востока".

Ин дар ҳолест, ки Бонки ҷаҳонӣ натоиҷи ниҳоии ташхиси фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии тарҳи нирӯгоҳи Роғунро дар тобистони соли оянда ироа хоҳад кард. Ин мавзӯъ дар мулоқоти мудири Бонки ҷаҳонӣ дар умури кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерс бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи сентябр баррасӣ шуда буд.

Мухолифати кишварҳои поёноби минтақа ба тарҳи Роғун боис шуд, ки Душанбе анҷоми ташхиси ин тарҳи барояш ҳаётан муҳимро ба Бонки ҷаҳонӣ бисупорад. Бонки ҷаҳонӣ аз маблағгузорони умда ба иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб шуда, феълан дар ин кишвар 16 барнома ба маблағи умумии 220 миллион долларро иҷро мекунад.

«Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
-1 #2 Guest 16.10.2011 22:19
Дар мачаллахои Узбекистон хар чизе хоханд навиштан мегиранд, аммо аз як тарафи дигар фикр кунем мо танхо як дарё махкам мекунему халос. Кучо мешаванд обхои дигар дарёхо масъалан дарёи Панч ё инки дарёи Кофарнихон дарёи Зарафшон Сирдарё соли гузашта давлати Узбекистон хост ба Покистон хати барки баланд шидат гузаронад барои хамин тамом вассалом ин аст максади ягонаи Узбекистон
 
 
+1 #1 Guest 14.10.2011 22:23
Я не понимаю этих не доброжелательны х Узбаков они вообще, что ли тупаривые «РОГУН» не только нам полезен и Узбакистану тоже полезен. То, что узбакская правительства высказывает и печатает в СМИ эта смешная чужь, если мы не построим «РОГУН» будет катастрофа для всей средней Азии. К 2020-му году расстаются около 35% ледников, и будет засуха. А «РОГУН» будет предотвращать предстоящей катастрофе, каким образом «РОГУН» будет, противостоят предстоящей засухой, этого знает каждый старшеклассник, а Каримов не понимает или делает вид, что не понимает.
Просто Узбакистан не хочет расцветание Таджикистана и хочет, чтобы мы всегда зависали, от него фига вам мы построим «РОГУН»! Ни кто не может командовать Таджикистаном извне и диктовать условия!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854