Хазина аз
ГАҲЕ БО МУЛЛО АБДУЛЛО, ГАҲЕ ДАР ЗИНДОН
Сиёсат
22.03.2011 15:38
1772
Фатҳулло Хайриддинов-мулаққаб ба "эшони Дароз", аз собиқ фармондеҳони ИНОТ, моҳи гузашта аз зиндон озод шудааст. Cӯҳбати мо бо эшони Дароз дар манзили зисти ӯ ва сари як пиёла чой баргузор шуд. Ва сӯҳбатро бо муборакбодии раҳоии Эшони Дароз оғоз карда нахуст аз ӯ пурсидам ...
ПИРӮЗИИ НАХУСТИН ДАР МУСОБИҚОТИ ҶОМИ ФФО
Ҷавонон ва варзиш
22.03.2011 15:34
1802
Дар мусобиқоти Ҷоми муборизони Федеротсиюни Футболи Осиё тими мунтахаби Тоҷикистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби як бар сифр пирӯз шуд. Бино ба иттилоъи сойти интернетии ФФО (www.the-afc.com) тӯби ягонаро Руслан Содиқов, футболбози қирғиз дар дақиқаи 88-ум ба дарвозаи худ задааст.
МОШЕ КАТСАВ БАРОИ ҲАФТ СОЛ МАҲКУМ БА ЗИНДОН ШУД
Хабар
22.03.2011 15:31
2159
Додгоҳи шаҳри Тел-Авив имрӯз раисиҷумҳури пешини Исроил Моше Катсавро барои таҷовуз ба номус ва дастдарозӣ ба занҳо барои ҳафт сол маҳкум ба зиндон кард.
ТЕЪДОДИ ҚУРБОНИЁНИ ОФАТ ДАР ҶОПОН АЗ 9 ҲАЗОР НАФАР ГУЗАШТ
Хабар
22.03.2011 15:29
2233
Теъдоди қурбониёни заминларза ва тсунамии мудҳиш дар Ҷопон аз марзи нӯҳ ҳазор нафар убур кард. Бар пояи иттилоъи расмӣ, беш аз 12-у ним ҳазор нафар то ҳол беному нишонанд.
ДАР ТАРКИШ ДАР ПОКИСТОН ҲАМА КӮҲКАНҲО КУШТА ШУДАНД
Хабар
22.03.2011 15:26
2068
Дар вилояти Балуҷистон, воқеъ дар ҷанубу ғарби Покистон, бар асари таркиш дар кони ангишт ҳамаи 43 кӯҳкан ба ҳалокат расидаанд. Имрӯз охирин ҷасадҳо аз ин кон, ки дар 40 километрии шарқи Кветта ҷойгир аст, берун оварда шуданд. Ифтихор Аҳмад, муфаттиши корҳои кӯҳӣ, эълом дошт, ки амалиёти наҷот дар ҷойи ҳодиса ....
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ЭРОН ИМРӮЗ ОҒОЗ МЕШАВАД
Хабар
22.03.2011 13:32
1853
Имрӯз як ҳайати бузурги фарҳангии Эрон, иборат аз 120 нафар, таҳти раҳбарии вазири фарҳанги он кишвар Сайидмуҳаммад Ҳусайнӣ вориди Душанбе мешавад. Ин ҳайат дар Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон, ки имрӯз, 23 март оғоз ёфта, 5 рӯз, то рӯзи 27 март идома хоҳад кард, ширкат мекунад. Тайи 20 соли ахир ....
АЗ НИРӮГОҲИ ФУКУШИМА ДИГАРБОРА ДУД ХЕСТ
Хабар
22.03.2011 13:29
1872
Имрӯз аз реакторҳои тахрибшудаи нирӯгоҳи ҳастаии Фукушимаи Ҷопон дигарбора дуду буғ ба ҳаво баланд шуд. Ҳарчанд вазъ дар ин нирӯгоҳи баъди заминларзаи 11 рӯзи пеш тахрибшуда хеле ҷиддӣ боқӣ мемонад, мудири кулли Ожонси байналмилалии нирӯи ҳастаӣ Юкио Амано гуфт...
"БАРҚИ ТОҶИК" АЗ АҲОЛӢ БАРОИ ЛИМИТИ БАРҚ УЗР ХОСТ
Хабар
22.03.2011 13:26
2001
Ширкати “Барқи Тоҷик” ба ин далел, ки натавонист дар рӯзҳои иди Наврӯз аҳолии кишварро бо нирӯи барқ таъмин кунад, узр хостааст. Дафтари матбуоти ин ширкат дар як баёния изҳори таассуф кард, ки “вобаста ба носозгориҳои табиат дар ин рӯзҳои ид имкони ба таври комил бо барқ таъмин кардани кишварро наёфт.”
ИДОМАИ БАМБОРОНИ ЛИБИЯ
Равзана ба ҷахон
22.03.2011 13:22
1438
Нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ барои саввумин рӯз аҳдофе дар Либияро ҳадафи ҳамла қарор доданд. Шоҳидон дар бораи таркишҳо дар пойгоҳи баҳрии Бусета, воқеъ дар 10-километрии шарқи Троблус, пойтахти Либия хабар дода, телевизиони Либия мегӯяд, чандин минтақа дар дохил ва атрофи пойтахт бамборон шудааст.