09:13:32 01-уми Июни 2025 сол

Хазина аз

РАИСИ ҶУМҲУРИ ПЕШИНИ УКРОИН МУТТАҲАМ БА ҚАТЛ ШУД Хабар 25.03.2011 16:53 1887
Леонид Кучма, раиси ҷумҳури пешини Укроин, ки тавассути додситонҳо барои парвандаи марги хабарнигоре дар соли 2000 мавриди бозҷӯйӣ қарор гирифтааст, мегӯяд расман муттаҳам ба қатл шудааст. Ӯ ба хабарнигорон гуфт, ки ҳанӯз иттиҳомҳои худро нахондааст.
ХУДКУШӢ БАРОИ НАДОШТАНИ КУРТАИ НАВРӮЗӢ Хабар 25.03.2011 16:49 2339
Тибқи иттилоъи бахши Вазорати корҳои дохилаи вилояти Хатлон, надоштани либоси идона дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз сабаби ба худкушӣ даст задани як духтар дар ин вилоят шудааст.
ДАР МУНОҚИШАИ МАЗҲАБИИ ПОКИСТОН 8 СУННӢ КУШТА ШУД Хабар 25.03.2011 16:46 2478
Мақомоти расмии Покистон гуфтаанд, имрӯз афроди мусаллаҳи номаълум ба сӯи пайравони мазҳаби шиа тиарандозӣ кардаанд ва дар он 8 нафар кушта, 5 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
БАН КИ МУН: ҚАЗЗОФӢ ОТАШБАСИ СММ САРФИ НАЗАР МЕКУНАД Хабар 25.03.2011 16:42 2280
Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти ин созмон гуфт, нируҳои ҳукумати Либия аз риояти отшабас сарфи назар кардаанд, бо вуҷуди ин ки ҳамлаҳои ҳавоии нируҳои эътлофи байналмиллалӣ бар зидди нируҳои Муаммар Қаззофӣ идома дорад.
Ӯ ТАРОНАИ ИШҚИ ҲАҚИҚИРО МЕСАРОЯД Адабиёт ва фарҳанг 25.03.2011 10:34 3489
Майлу хостаҳои зиёди зистан, ҷӯстан ва ковишҳои пайвастаи инсон дар ин олам аз кашиши ҷаҳоние, ки дар вуҷуди ҳар инсон ҷойгир аст, бармехезад. Ин кашиш монанди оҳанрабоест, ки ҳамеша инсонро ба андӯхтан ва афрӯхтан муроғиб месозад. Дақиқтараш ин кашиши дарунии мо аст ...
ҲУКУМАТИ АМРИКО САТҲИ ОГОҲИРО ОИД БА БЕМОРИИ СИЛ БАЛАНД МЕБАРДОРАД Иҷтимоъ 25.03.2011 10:07 1811
Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маъракаи ҷамъиятиро барои гузарондани Рӯзи байналмиллалии мубориза алайҳи бемории сил ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба он байни гуруҳҳои осебпазир, ҷонибдорӣ намуд. Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ...
АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОӢ КИТОБ АСТ... Адабиёт ва фарҳанг 25.03.2011 10:02 3130
Дар арафаи Наврӯз фонди китобхонаҳои ноҳияи Тавилдара боз ба миқдори 2000 нусха китоб афзун гардид. Феълан дар ноҳияи Тавилдара 6 китобхона амал мекунад, ки фонди умумии онҳо зиёда аз 13 ҳазор  нусха китобро ташкил медиҳад.
КОРШИНОС: «ШИРКАТИ БАРҚИ ТОҶИК ДУРӮҒ МЕГӮЯД» Иҷтимоъ 25.03.2011 09:56 1639
Ширкати «Барқи Тоҷик», аз мушкили таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ изҳори таассуф кардааст. Масъулин ин амрро ба носозгориҳои табиат унвон рабт додаанд. Ба дунболи қироати муроҷиатномаи ширкати «Барқи Тоҷик» аз тариқи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ...
ДАЪВАТ БА ТАҲҚИҚИ ҶИНОЯТҲОИ ҲАРБӢ ДАР АФҒОНИСТОН Равзана ба ҷахон 25.03.2011 09:48 1327
Ба дунболи ҳукми сарбози амрикоӣ, ҳомиёни ҳуқуқи башар ба пажӯҳиши густардаи қатлҳо даъват кардаанд. Сарбози амрикоӣ, Ҷеремӣ Морлоки 22-сола, аввалин низомии Амрико, аз як гурӯҳи панҷ нафарист ...
sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854