Хазина аз
МУРОФИАИ ДОДГОҲИИ ДУ РАҚИБИ ЛУКАШЕНКА
Равзана ба ҷахон
05.05.2011 17:59
1251
Ду рақиби Аляксандр Лукашенка дар интихоботи моҳи декабри раёсатҷумҳурии Беларус -Владзимир Някляев ва Витал Римашевскӣ ба додгоҳ ҳозир шуданд. Някляев ва Рамешавскӣ ҳамроҳ бо се номзади дигар дар интихоботи рӯзи 19-уми декабри соли гузашта ...
ПУЛИСИ РОҲИ ЛАТУКӮБШУДА ДАР БЕМОРИСТОН ДАРГУЗАШТ
Хабар
05.05.2011 17:55
1612
Равшан Шарипов, маъмури пулиси роҳе, ки ҳафтае пеш дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳадафи ҳамлаи як ронанда ва ҳамроҳонаш қарор гирифта буд, дар бемористон даргузашт. Дар ин бора ба Би-би-сӣ Давлат Эргашов, пизишки навбатдори шӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тибби Тоҷикистон ё ҳамон "бемористони Қарияи Боло" хабар дод.
ВАЗИРИ КИШВАРИ СОБИҚИ МИСР БА 12 СОЛ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД
Хабар
05.05.2011 17:52
1632
Ҳабиб Адлӣ, вазири кишвари собиқи Миср, ба ҷурми пулшӯйӣ ба 12 сол зиндон маҳкум шуд. Женерол Адлӣ, раиси собиқи нерӯҳои амниятии кишвар, яке аз махуфтарин ва ҷанҷолитарин чеҳраҳои наздик ба Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқи Миср буд.
ҚАТЛИ БИН ЛОДИН, ДОСТОНЕ СОХТАВУ БОФТА?
Равзана ба ҷахон
05.05.2011 10:25
1362
Ҳарчанд мақомоти Вашингтон мегӯянд, марги бин Лодин ҷои шубҳа надорад, аммо пахш нашудани шаҳодати қотеъ аз ҳалокати марде, ки солҳо шикораш мекарданд ва чеҳрааш ба ҳама ошност, нобоварӣ ва тавтеъаҳоро дар атрофи ҳалокати ӯ афзун кардааст.
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РОҶИҲ СОБИР АББУД АЛ-МУСАВИ
Хабар
05.05.2011 10:24
1571
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ироқ дар Тоҷикистон Роҷиҳ Собир Аббуд ал-Мусавиро ҳамчунин алоҳида ба ҳузур пазируфт.
Э.РАҲМОН АЗ САФИРОНИ НАВИ 9 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ЭЪТИМОДНОМА ҚАБУЛ НАМУД
Хабар
05.05.2011 10:22
1526
Дирӯз 4 май Президенти Ҷумҳҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулодда ва мухтори 9 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуд.
АНҶОМИ МУҲОКИМАИ ПАРВАНДАИ МАҲБУСОНИ ФИРОРӢ
Хабар
04.05.2011 15:13
1845
Ҳайати мушовараи низомии Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи маҳбусони фирориро ба анҷом расонид. Аз ҷумла додгоҳ Абдурасул Мирзоев, бародари генерал Ғаффор Мирзоевро ба 30 соли маҳрумият аз озодӣ мақкум кард.
МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ ДИФОИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН
Хабар
04.05.2011 15:10
1710
Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон дар Исфара бо ҳамтои қирғизи худ мулоқоту гуфтугӯ анҷом додааст. Ба навиштаи хабаргузории "Азиа Плюс", меҳвари гуфтугӯи Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон ва Ҳабибулло Худойбердиев ...
БОЗДОШТИ ЯК ЗАН БАРОИ ФУРӮШИ КӮДАКИ СЕСОЛААШ ДАР ХУҶАНД
Хабар
04.05.2011 15:08
1792
Як сокини шаҳри Хуҷанд ба занни даст доштан дар фурӯши кӯдаки сесолааш боздошт шудааст. Тибқи иттилоъи манобеъи пулиси вилояти Суғд, маъмурони давлатӣ Евгения Ясавееваи 28-соларо ахиран дар истгоҳи қатори шаҳри Хуҷанд ба ҳангоми фурӯши тифлаш ба як сокини шаҳри Чкаловск дастгир кардаанд.
МАҲДУДИЯТИ РАФТУ ОМАД ДАР МИНТАҚАИ ШЕНГЕН БАРРАСӢ МЕШАВАД
Хабар
04.05.2011 15:07
1446
Интизор меравад намояндагони кишварҳои урупоии узви паймони Шенген дар ҷаласае дар рӯзи чаҳоршанбе, пешниҳоди барқарории маҳдудият дар истифода аз визои Шенгенро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.