ПУЛИСИ РОҲИ ЛАТУКӮБШУДА ДАР БЕМОРИСТОН ДАРГУЗАШТ
Равшан Шарипов, маъмури пулиси роҳе, ки ҳафтае пеш дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳадафи ҳамлаи як ронанда ва ҳамроҳонаш қарор гирифта буд, дар бемористон даргузашт. Дар ин бора ба Би-би-сӣ Давлат Эргашов, пизишки навбатдори шӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тибби Тоҷикистон ё ҳамон "бемористони Қарияи Боло" хабар дод.
Ба гуфтаи оқои Эргашов, ин маъмури пулиси роҳ пас аз ҳашт рӯзи беҳушӣ (кома) дар соъати 3:00 баъд аз зӯҳри 5 май даргузашта ва ҳоло волидону пайвандонаш мунтазири анҷоми муъоянаи пизишкии қонунӣ (судмедэкспертиза) ҳастанд.
Пизишкон мегӯянд вазъи саломатии Равшан Шарипов аз замони таҳвили ӯ ба бемористон бисёр вахим буд. Дуктур Асадулло Нуров, раиси шӯъбаи эҳёгарии бемористони Қарияи Боло, пештар ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки ин бемор як ҳафта боз беҳуш буда ва ҳаёташ тавассути дастгоҳи танаффуси сунъӣ ҳифз мешавад.
Ба гуфтаи вай, ҳангоми интиқоли Равшан Шарипов ба бемористон, косахонаи сари ӯ шикаста, мағзи сараш башиддат зарб хӯрда буд ва аз гӯшҳояш моеъи дохили мағз ҷорӣ мешуд. Оқои Нуров вазъияти ӯро "терминалӣ" ё дар остонаи марг арзёбӣ карда буд.
Равшан Шарипов баъд аз зӯҳри рӯзи 27 апрел бо ҷароҳатҳои сангин дар ноҳияи сараш ба бемористон мунтақил шуд. Ба гуфтаи манобеъи пулис, вай ба ҳангоми хидмат ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст. Шоҳидони айнӣ мегӯянд вай як худрави Мерседесро дар хиёбони Неъмат Қаробоеви шаҳри Душанбе барои риъоят накардани қавоъиди роҳ нигоҳ дошта ва мехост ронандаро ҷарима кунад.
Вале ронанда пас аз баҳсу муноқиша бо маъмури пулис бо як зарба ӯро аз пой даровард. Ду нафари дигар ҳам, ки дар мошин нишаста буданд, ба ронанда ҳамроҳ шуда ва маъмури ба замин уфтодаро ҳадафи лату кӯби шадид қарор додаанд.
Маъмурони додситонӣ ронанда Саидмухтор Мирҷонов ва ҳамроҳи муштзани ӯро, ки Озод муъаррифӣ мешавад, боздошт кардаанд, вале оқои Мирҷонов баъдан ба қайди васиқа озод шудааст. Озодии ронанда волидон ва пайвандони Равшан Шариповро хашмгин кардааст.
Тайи чанд рӯзи ахир дар назди сохтмони панҷуми бемористони Қарияи Боло теъдоди зиёде аз пайвандони Равшан Шарипов, маъмури пулиси роҳи латукӯбшуда, гирдиҳам омада ва мунтазири хабари пизишкон дар бораи вазъи саломати ӯ буданд.
Падару модар ва пайвандони ин маъмури пулиси кушташуда мегӯянд, ки хоҳони иҷрои адолат дар мавриди омилони ҳамла ба писарашон ҳастанд, ҳарчанд онҳо нисбат ба ин амр чандон хушбин набуданд.
Ба гуфтаи онҳо, ин дувумин писарашон аст, ки дар асари лату кӯби афроди бегона ҷони худро аз даст медиҳад. Ҳафт сол пеш як писари дигари онҳо дар Русия дар ҳодисае мушобеҳ ҷон бохтааст. Мавориди муноқишаи маъмурони пулиси роҳ бо ронандагон дар Душанбе дар гузашта низ зиёд мушоҳида шудааст, вале лату кӯби шадид, ки мунҷар ба марги пулис шуда бошад, собиқа надоштааст.
Бисёре аз ронандагон мегӯянд, ки маъмурони пулиси роҳ аз онҳо бедалел ришва талаб мекунанд, вале на ҳар ронандае ҷуръат дорад бо маъмурони пулиси роҳ дастбагиребон шавад. Ба гуфтаи як масъули пулиси роҳ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ин гуна ҳаводис маъмулан замоне иттифоқ меуфтад, ки ронандаҳо аз ҷумлаи фарзандону пайвандони афроди сарватманду бонуфуз бошанд.
Вай гуфт тахаллуфоти ронандагӣ низ маъмулан аз ин гуна афрод сар мезанад, ҳарчанд изъон кард, ки мавориди ришваситонии бедалел дар миёни маъмурони пулиси роҳ низ зиёд мушоҳида мешавад,
Зимнан, дар моҳи гузашта манобеъи пулис хабар доданд, ки фарзандони раиси Додгоҳи олӣ ва муъовини вазири адлияи Тоҷикистон дар вуқӯъи сонеҳаҳое, ки мутаносибан ба кушта шудани як табаъаи Чин ва захмӣ шудани се духтар мунҷар шуда, мазнун ҳастанд.
Би-Би-Си