Хазина аз
БОЗДОШТИ 40 ТАБАЪАИ ТОҶИКУ ӮЗБАК ДАР ҒАРБИ МАСКАВ
Хабар
29.06.2011 16:37
2267
Маъмурони интизомии Русия теъдоди 40 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбакистонро дар ҷангале дар ғарби шаҳри Маскав боздошт кардаанд. Гуфта мешавад ин афрод дар кулбаҳои худсохта дар ҷангал зиндагӣ мекарданд.
КАБИРӢ: РОҲБАРОНИ ИНОТ СОДДАЛАВҲ НЕ, САМИМӢ БУДАНД
Сиёсат
29.06.2011 11:20
3509
Ҳеҷ як сулҳ наметавонад намунаи комил барои тамоми ҷаҳониён бошад, аз он ҷумла сулҳи тоҷикон. Баъзе аз паҳлӯҳои сулҳи тоҷикон метавонад барои дигарон ҳамчун намуна истифода бишавад. Аз ин ҷост, ки ин таҷриба аз тарафи коршиносони байналмилалӣ ...
САФАРИ МАҚОМҲОИ РУСИЯ БА ДУШАНБЕ
Хабар
29.06.2011 11:17
2016
Қарор аст Анатолий Сердюков, вазири дифоъ ва Сергей Наришкин, раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурии Русия вориди Душанбе шаванд. Гуфта мешавад, ки ҳарду мақоми Русия бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дидор ва мулоқот хоҳанд дошт.
РАИСИ БОНКИ МАРКАЗИИ АФҒОНИСТОН ФИРОР КАРД
Равзана ба ҷахон
29.06.2011 11:15
1893
Абдулқодири Фитрат, раиси Бонки марказии Афғонистон ғайричашмдошт аз Афғонистон фирор кард ва дар Амрико аз истеъфои худ хабар дод. Вай дар як мусоҳиба бо радиои Озодӣ дар бораи сабаби фирори худ гуфт, маълумоти дақиқ ба даст овардааст ...
"БИЗНЕС"-И СЕРДАРОМАДИ ДУХТАРОНИ ПРЕЗИДЕНТ
Равзана ба ҷахон
29.06.2011 11:10
2145
“Азерфон”, ширкати маъруфи мухобиротии Озарбойҷон, ба духтарони президент Илҳом Алиев мансуб будааст. Бо он ки ин ширкат бо бренди "Нур" тоза ба бозори мухобирот (2007) ворид шудааст, 1,7 миллион муштарӣ дорад ва 80 дар сади қаламрави кишварро ...
ҶАЛАСАИ ИНТЕРПОЛ ДАР ДУШАНБЕ
Хабар
29.06.2011 11:07
1519
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории тарҳи «Калкан»-и Интерпол таҳти унвони «Терроризм дар минтақа» идома дорад. Дар ин нишаст, ки дар Коллеҷи олии идораи марзҳои САҲА дар Душанбе баргузор мешавад, 30 коршинос аз 13 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.
ДИДОРИ ҚАРИБУЛВУҚӮЪИ АҲМАДИНАЖОД АЗ ТОҶИКИСТОН
Хабар
29.06.2011 11:06
1515
Дар назар аст, дар авохири моҳи августи соли ҷорӣ Маҳмуд Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон бо дидори дурӯза вориди Тоҷикистон шавад. Бино ба гузоришҳои хабаргузориҳои расмии Эрон, дар ҷараёни ин дидор оқои Аҳмадинажод дар маросими оғози кори огреготи аввали нерӯгоҳи “Сангтӯда-2”, дар ҷанубу шарқи Тоҷикистон ширкат хоҳад кард.
ҶОН БОХТАНИ ЯК ХОНАВОДА ДАР ТАСОДУМ
Хабар
29.06.2011 11:04
1685
Бар асари тасодум дар ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ, дар шимоли Тоҷикистон 4 нафар кушта ва як нафари дигар захмӣ шудаанд. Тибқи иттилоъи Кумитаи вазъияти фавқулъоддаи Тоҷикистон, баъд аз зӯҳри шанбеи 25 июн, дар роҳи иртиботии масири Палдорак-Оббурдони ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ, дар шимоли Тоҷикистон як худрав тасодум карда ва ба рудхонаи Зарафшон ....