01:06:11 15-уми Майи 2025 сол

Хазина аз

ТАВОФУҚИ ИА БАРОИ КӮМАК БА ЮНОН Равзана ба ҷахон 22.07.2011 11:03 1118
Cарони 17 кишвари узви минтақаи евро дирӯз дар Брюссел дар мавриди ироаи бастаи нави кӯмакҳои молӣ ба Юнон тавофуқ карданд. Ҳаҷми ин бастаи нави кӯмак ба Юнон дар ҳудуди 159 миллиард евро ё тақрибан 215 миллиард доллар, рақам зада мешавад.
ШӮРООБОД: БОЗДОШТИ ЯК ЗАН БА ГУМОНИ "ДАЛЛОЛӢ" Иҷтимоъ 22.07.2011 10:46 1236
Маъмурони амниятии Тоҷикистон дар ноҳияи Шӯрообод як занро ба гумони даллолӣ боздошт кардаанд. Ин зан, ки номаш гуфта намешавад, чанд зани дигарро ба танфурӯшӣ ба қочоқчиёни афғон, ки ғайриқонунӣ дар ҳудуди ин ноҳия ба сар мебурдаанд, ҷалб кардааст.
ФАРЗАНДОНИ ҒАЙРИҚОНУНИИ РАҲБАРОНИ ҚАЗОҚИСТОН Равзана ба ҷахон 22.07.2011 10:43 1019
Гога Ашкеназӣ замоне Гавҳар Беркалиева ном дошту духтари хурдии муҳандиси соҳаи обёрии шаҳри Тараз буд. Имрӯз ин хонуми 31-сола бо дипломи Донишгоҳи Оксфорд фахр дораду аз як иморати бузурги шаҳри Лондон ширкатҳояш дар кишварҳои мухталифи ...
ҚАЗЗОФӣ МУЗОКИРОТРО БА РӮЗИ ҚИЁМАТ МОНД Хабар 22.07.2011 10:42 956
Ҳокими Либия Муаммар Қаззофӣ музокирот бо чирикиҳоеро, ки алайҳи 42 соли ҳукумати ӯ меҷанганд, радд кард. Қаззофӣ гуфт,бо чирикиҳо ҳатто “то рӯзи қиёмат” музокира нахоҳад кард.
БОЗДОШТИ ЯК ЗАН БА ЗАННИ ИРТИБОТ БО ҲИЗБИ ТАҲРИР Хабар 22.07.2011 10:41 1204
Бино ба иттилоъи пайвандони Ҷаҳонгир Акобирова, ин сокини 50-солаи Тоҷикистон рӯзи 19-уми июл “аз сӯйи маъмурони амниятӣ ба иттиҳоми иртибот бо Ҳизби Таҳрир боздошт шудааст”.
ДАЪВАТИ НАВБАТИИ ОБАМА АЗ АЪЗОИ КОНГРЕСС Хабар 22.07.2011 10:40 957
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама аз вакилони Конгресс хост, то ҷиҳати коҳиш додани касри будҷа ягон иқдоми “бузург” кунанд.
ДАЪВАТИ ШӮРОИ АВРУПО АЗ БЕЛАРУС БА МАНЪИ ЭЪДОМ Хабар 22.07.2011 10:39 1124
Шӯрои Аврупо дар пайи иҷрои ҳукми эъдоми ду марди муҷрим дар куштори сегона аз Беларус хост, то ин навъи ҷазои олиро билофосила барҳам диҳад.
ДАР ДАНҒАРА ЧӢ АМАЛИЁТЕ ҶАРАЁН ДОРАД? Хабар 21.07.2011 17:11 1555
Масъулони ниҳодҳои интизомӣ дар минтақаи Кӯлоб аз баргузории як амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Данғара хабар додаанд. Масъулони бархе аз шӯъбаҳои умури дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб гуфтаанд, ки кормандони онҳо ба манзури ширкат дар як амалиёти вижа ...
МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ҚОНУНИ МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДОНРО ТАСВИБ КАРД Иҷтимоъ 21.07.2011 17:08 1562
Аъзои Маҷлиси Миллии Тоҷикистон бидуни баҳс қонун дар бораи масъулияти волидонро тасвиб кардаанд. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе, аз тасвиби ин қонун истиқбол карда ва онро ба нафъи насли наврас хондааст.
"ТОҶИКМАТЛУБОТ": “ДАР РАМАЗОН НАРХИ МАҲСУЛОТ АРЗОН МЕШАВАД” Хабар 21.07.2011 17:05 1444
Мақомоти “Тоҷикматлубот” гуфтаанд, дар моҳи Рамазон нархи маҳсулотро то 10 дарсад поин хоҳанд бурд. "Барои танзими нархи маҳсулот дар моҳи шарифи Рамазон бо тамоми раисони бозорҳои пойтахт гуфтушунид кардем.