БОЗДОШТИ ЯК ЗАН БА ЗАННИ ИРТИБОТ БО ҲИЗБИ ТАҲРИР
Бино ба иттилоъи пайвандони Ҷаҳонгир Акобирова, ин сокини 50-солаи Тоҷикистон рӯзи 19-уми июл “аз сӯйи маъмурони амниятӣ ба иттиҳоми иртибот бо Ҳизби Таҳрир боздошт шудааст”.
Ин афрод, ки ба гуфтаи шоҳидон "амниятиҳо будаанд" соъати чаҳори пас аз зӯҳр ба хонаи Ҷаҳонгир Акобирова воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе омада, хонаи ӯро таку рӯ карданд ва худи хонум Акобироваро бо худ бурданд.
Ин дар ҳолест, ки Анвар Одинаев, писари Ҷаҳонгир Акобирова дар иртибот бо Ҳизби Таҳир муқасир дониста шуда ва аз соли 2007 то 2010 дар зиндон ба сар бурдааст. Пас аз озод шуданаш ӯ то ҳоло дар Русия ба сар мебарад.