18:43:33 09-уми Майи 2025 сол

Хазина аз

Изҳороти Кумитаи дини Тоҷикистон зидди ТВ "Висоли ҳақ" Иҷтимоъ 26.04.2015 23:08 2071
​Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ эътироз дорад, ки шабакаи "Висоли ҳақ" якҷониба мақомоти тоҷикро "пуштибон"-и фоҳишахонаҳо ва "мухолиф"-и масҷиду мадраса гуфтааст.
Зеботарин, баландтарин ва... бузургтаринҳои Тоҷикистон Иҷтимоъ 26.04.2015 23:07 1204
Ҳафтаи гузашта баъзе аз расонаҳои ҷаҳон сохтмони театри 100 миллиондолларии Тоҷикистонро ба баҳс гирифта, аз харҷи ин миқдор пули буҷа дар вазъи бӯҳронӣ изҳори тааҷҷуб кардаанд.
Ситора Назарова: "Хубиро аз хубрӯён бештар интизор бошед..." Иҷтимоъ 26.04.2015 23:05 1228
Ситора Назарова, аввалин маликаи ҳусни Тоҷикистон, мегӯяд, шояд замони эҳё кардани озмуни зебоӣ дар сатҳи миллӣ фаро расидааст.
Аввал ташхиси тиббӣ, баъд – ЗАГС Иҷтимоъ 26.04.2015 23:02 1407
Идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муваззаф шудаанд, бе санади ташхиси тиббӣҷавононро никоҳ накунанд. Дар ташхис вазъи саломат, пайванди хешутаборӣ ва бакорати арӯс зикр мешавад.
Дари Русия ба рӯи меваҳои хушки тоҷикон баста хоҳад шуд? Иқтисод 26.04.2015 23:00 1217
Соҳибкорон мегӯянд, дар пайи ба иҷро даромадани қонуни нав дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии таҳти раҳбарии Русия интиқоли меваи хушк аз Тоҷикистон ба ин кишвар ғайриимкон хоҳад шуд.
Маросими видоъ ва бахоксупории Иззатулло Ҳаёев дар Душанбе Иҷтимоъ 26.04.2015 22:58 1045
Иззатулло Ҳаёев - собиқ раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон, ки дар 79-солагӣ аз олам даргузашт, дар қабристони Лучоб ба хок супурда шуд. Маросими видоъ бо ӯ дар масҷиди марказӣ баргузор гардид.
"Фотеҳа" дар айни мактабхонӣ. "Ғамхорӣ" ё "хизмати хирсона"? Иҷтимоъ 26.04.2015 22:57 931
​Дар Тоҷикистон ҳанӯз қонунҳои нонавиштаи бархе аз хонавода ва минтақаҳо бетағйир боқӣ мондааст, ки бар асоси он духтарон дар синне, ки бояд пушти мизи дарсӣ бошанд, ба хонаи бахт гусел мешаванд.
Додгоҳи Н.Ғ. ва Ш.А. барои танфурӯшии 4 зани тоҷик дар Дубай Иҷтимоъ 26.04.2015 22:55 1121
Масъулони додгоҳи Хуҷанд мегӯянд, ду сокини ҳамин шаҳр дар соли 2008 чор ҷавонзанро аз роҳи, ба гуфтаи онҳо, фиреб ба Дубай бурда, тавассути дӯстонашон ба танфурӯшӣ маҷбур кардаанд.
Тоҷикистон хост, мӯҳлати патенти муҳоҷирон то 90 рӯз дароз шавад Муҳоҷират 26.04.2015 22:54 2409
Мақомоти Тоҷикистон масъалаи нафақаи муҳоҷирон ва суғуртаи иҷтимоии онҳоро бо ҳамтоёни русашон дар миён гузошта, хостаанд, мӯҳлати гирифтани патент аз 30 то 90 рӯз дароз карда шавад.
Рӯҳонӣ: "Вазифаи пулис на иҷрои ислом, балки иҷрои қонун аст" Хабар 26.04.2015 22:52 906
Ҳасани Рӯҳонӣ - раисиҷумҳури Эрон дар сӯҳбаташ бо фармондеҳони нерӯҳои интизомии ин кишвар гуфтааст, вазифаи пулис иҷрои дини ислом набуда, балки итоат аз қонун ва иҷрои қонун аст.