04:13:35 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Маросими видоъ ва бахоксупории Иззатулло Ҳаёев дар Душанбе

Иззатулло Ҳаёев - собиқ раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон, ки дар 79-солагӣ аз олам даргузашт, дар қабристони Лучоб ба хок супурда шуд. Маросими видоъ бо ӯ дар масҷиди марказӣ баргузор гардид.

izzatullo-hayoev_544554.jpgҶасади Иззатулло Ҳаёев, собиқ раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон, ки дар синни 79-солагӣ даргузашт, рӯзи 26 апрел дар қабристони "Лучоб"-и Душанбе ба хок супурда шуд. Маросими видоъ бо Ҳаёев нимрӯзи якшанбе дар масҷиди марказии пойтахт баргузор шуд, ки дар он Маҳмадсаид Убайдуллоев - раиси Маҷлиси миллӣ, Шукурҷон Зуҳуров - раиси Маҷлиси Намояндагон ва Қоҳир Расулзода – нахуствазири Тоҷикистон низ иштирок доштанд.

Аммо нафарони аввали Тоҷикистон дар маросими ҷидоъ бо Иззатулло Ҳаёев суханронӣ накарда, танҳо Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо пеш аз оғози намози ҷаноза гуфт, "Иззатулло Ҳаёев ҳамеша дар ғами халқ буд, на ғами худ".

Султон Мирзошоев, раиси пешини дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз дӯстони Иззатулло Ҳаёев, дар сӯҳбат бо мо даргузашти ӯро талафоти бузург донист. Мирзошоев рӯзи 26 апрел дар сӯҳбат бо мо гуфт, бо Ҳаёев солҳои тӯлонӣҳамкор буда, аҳди бародарӣ доштанд ва ҳоло дар мотам нишастааст.

"Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар қатори дигарон номзадии Ҳаёев барои раҳбари кишвар пешниҳод шуда буд. Аммо ӯ мардонавор аз ҷояш хеста гуфт, вазъи саломаташ хуб нест ва дар ин вазъияти душвор интихоб шуда наметавонад. Баъд аз ин ҳам дар корҳои давлатӣ фаъол буд, аз ҷумла ба аҳйси роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент кор кардааст,"-гуфт Султон Мирзошоев.

Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, вай то лаҳзаҳои охир бо Иззатулло Ҳаёев рафтуомад доштааст: "Орзу дошт, пешрафти кишвар суръати нав бигирад. Даргузашти ӯ шахсан барои ман талафоти бузург аст."

... ва президент

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷмуҳури Тоҷикистон, шоми 25 апрел дар робита ба даргузашти Иззатулло Ҳаёев ба наздикону пайвандони ӯ изҳори ҳамдардӣ кард. Дар номаи тасаллияти ҷаноби Раҳмон, ки дар торнамои расмияш нашр шуд, гуфта мешавад, "марги абармард, чеҳраи шинохтаи арсаи сиёсат ва ходими намоёни давлатию ҷамъиятиро бо андӯҳи зиёд дарёфтам. Шодравон Иззатулло Ҳаёев давоми ҳаёту фаъолияти ибратбахшаш дар тарбияи кадрҳои болаёқат ва пешрафти кишвар саҳми босазо гузоштааст. Аз даргоҳи Худованди муттаол дуо мекунем, ки хонаи охираташ обод ва рӯҳаш шод бошад."

Қурбоналӣ Имомов, яке аз хешовандони Иззатулло Ҳаёев, мегӯяд, раиси собиқ Шӯрои вазирони Тоҷикистон солҳои охир бемор буд ва ҳамеша дар хонааш қарор дошт. Аммо ба қавли ӯ, “бемориашро мо аниқ намедонистем”.

Иззатулло Ҳаёев соли 1936 дар рустои Хоҷаисҳоқи Кӯлоб ба дунё омада, аз соли 1986 то соли 1990, яъне то ҳаводиси баҳманмоҳи хунин, раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон буд. Ӯ дар пайи кушта шудани 25 нафар дар 12 феврали соли 1990, ки дар таърихи навини Тоҷикистон бо номи "баҳманмоҳи хунин" ёд мешавад, ҳамроҳ бо котиби аввали Кумитаи марказӣ - Қаҳҳор Маҳкамов ва раиси раёсати Шӯрои олӣ, парлумони вақти Тоҷикистон -- Ғоибназар Паллаев ба истеъфо рафтанд. Хабари истеъфои онҳо дар матбуоти расмӣ нашр шуд ва аз телевизиони давлатӣҳам садо дод.

"Инсони принсипиалӣ"

Давлати Усмон, собиқ вазири иқтисоди Тоҷикистон, низ мегӯяд, Ҳаёев дар қатори Ғоибназар Паллаев ва Қаҳҳор Маҳкамов аз шахсиятҳои калидии сиёсии аввали солҳои 90-уми қарни гузашта ба шумор мерафт, ки истеъфои ӯ низ аз сӯи тазоҳургарон талаб мешуд. "Ин аз муҳим будани вай дар идораи умури давлат дарак медод,"-афзуд мусоҳиби мо.

Давлати Усмон Иззатулло Ҳаёевро "коммунисти содиқ" ва "фарди бисёр принсипиалӣ" низ унвон кард. Ӯ гуфт, "ёд дорам, замоне ки масъалаи боз шудани бахши Ҳизби умумишӯравии наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон матраҳ шуд, назари он кас дар ин марвид манфӣ буд. Билохира, маҷлис ҳам иҷоза надод, ин кор амалӣ шавад."

Иззатулло Ҳаёев корро аз вазифаи корманди Кумитаи иҷроияи вилояти Ғарм ва нозири Вазорати молия (1956-1961) шурӯъ карда, баъдан вазири кишоварзии ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон буд.

Вай ба ҳайси муовини сардори шӯъбаи Кумитаи назорати халқии ҶШС Тоҷикистон, вазири саноат ва гӯшти Тоҷикистон (1978-1983), котиби аввали кумитаи ҳизби минтақавии Кӯлоб (1983-1986), раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон (1986-1990), ноиби раисҷумҳури Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1990-1991) ва нахуствазири Тоҷикистон (1991-1992) кор кардааст.

Баъд аз истиқлоли Тоҷикистон ӯ чанд муддат - аз соли 1994 то 4 феврали соли 1996 - раҳбари дастгоҳи иҷроияи президент ва ҳамзамон муовини нахуствазири Тоҷикистон буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi