21:55:59 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҚАТЛИ ВАҲШИЁНАИ СЕ КӮДАК ДАР ҚУРҒОНТЕППА

Пулиси вилояти Хатлон аз қатли фаҷеъи се кӯдак дар шаҳри Қӯрғонғонтеппа хабар дод. Ба гуфтаи як манбаъи пулиси вилоят, афроди кушташуда Шоҳҷаҳони 9-сола, Лобари 13-сола ва Наргиси 15-сола аз хонаводаи Бекназароваҳо будаанд, ки бо захми корд дар ҷойи ҳодиса фавт кардаанд.

 

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон мегӯяд, ки дар қатли ин се кӯдак ва навҷавони ноболиғ Фирдавс Саидов, як сокини шаҳри Қурғонтеппа, гумонбар дониста шуда аз кормандони пулис ӯро боздошт кардаанд. Маъмурони пулис аз Фирдавс Саидов ду корд, либосҳо ва ангуштаринашро, ки олудаи хун будааст, дарёфт кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, осори хун ва дарёфти кордҳои хунолуд аввалин шавоҳидест, ки ба иртикоби ин ҷурм аз сӯйи оқои Саидов ишора мекунанд.

 

Пас аз бодошти вай, ки аз идораи пулис ба дотситонии маҳаллӣ бурда шуд, кормандони пулис ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки хонаводаи кушташудагон ба Фирдавс Саидов маблағи зиёде бидеҳкор (қарздор ) будаанд. Вай зоҳиран барои напардохтани пул дар муддати муъайян қасди ҷони онҳоро кардааст. Маъмурони пулис дар мавриди шахсияти волидону наздикони кӯдакони кушташуда ва фарди гумонбар ба хабарнигорон чизе нагуфтанд. Ба гуфтаи онҳо, тафсилоти бештар баъди боз шудани парванда ироа хоҳад шуд.

 

Дар ҳамин ҳол, Офоқи Қодириён, сухангӯйи раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон, мегӯяд ки ин танҳо ҳодисаи фаҷеъи қатл дар вилоят дар соли ҷорӣ набудааст. Қаблан як нафар дар ноҳияи Ҷалолидини Румӣ зани худро бо табар куштааст. Ҳамчунин як зану шавҳар кӯдаки бародари ин мардро куштаанд. Ба гуфтаи хонуми Қодириён, аз авоили соли ҷорӣ то кунун 33 мавриди қатл дар вилояти Хатлон сабт шудааст, ки ду маврид бештар аз ҳамин давраи соли гузашта аст.

 

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi