02:31:08 03-уми Июни 2025 сол

АЛАН ДЗАГОЕВ БЕҲТАРИН БОЗИНГАР…

Дирӯз пас аз маросими кушодашавии Ҷоми Аврупо 2012, ки бо як шукӯҳу шаҳомати хоссае дар варзишгоҳи марказии Полша баргузор гардид, ду бозӣ дар гурӯҳи «А» доир шуд.

/images/stories/2012/06/09_dzagoev-euro2012-1.jpgСараввал мизбони мусобиқот Полша бо дастаи Юнон қувваозмоӣ намуд. Дар нимаи аввал ҳисоб як бар нол ба фоида дастаи Полша буд. Дар нимаи дуюм дастаи Юнон тавонист бозиро мусовӣ намоянд. Ҳамингуна ҳарду даста бо як холӣ аз майдон берун шуданд.

Бозии дигар, ки байни дастаи Русия ва Чехия доир гардид, пур аз голборон буд. Ҳарду даста бозии хуб нишон доданд. Дар нимаи аввал ҳамлагари дастаи Русия Дзагоев ҳисобро кушод. Каме дертар бозингари дигари Русия Широков ҳисобро дучанд намуд. Дар нимаи аввали қисми дуюм  бозигарони дастаи Чехия тавонистанд, як туб ба дарвозаи Русия равон карда, ҳисобро ду бар як намоянд.

Аммо дастаи Русия, ки яке аз довталабони унвони қаҳрамонии ин мусобиқот ба шумор меравад боз ду туби беҷавоби дигар ба дарвозаи  Чехия равон карданд. Тубҳоро ҳамлагарон Дзагоев ва Павличенко ба нишон расониданд. Ҳамин тавр дастаи мунтахаби Русия бо ҳисоби калон 4-1 дастаи Чехияро шикаст дода сохиби се хол гардид ва пешсафи мусобиқот дар гурӯҳи «А» мебошад.

Имрӯз боз ду бозии дигар дар гурӯҳи «B» баргузор мегардад. Дастаи Ҳоланд бо дастаи Дания ва дастаи Олмон бо дастаи Португол қувваозмоӣ хоҳанд намуд.

{morfeo 26}

Сӯҳроби Бохтарӣ, барои «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854