22:07:57 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
27 28 29 30    

АВВАЛИН ҒАЛАБАИ ДАСТАИ ФАРОНСА ДАР ҶОМИ АВРУПО 2012

Ҳарчанд бозии даври дуюми Ҷоми Аврупо 2012 байни дастаҳои мунтахаби Укроин ва дастаи мунтахаби Фаронса аз гурӯҳи «D» баъди боронҳои шадид, як соат ба таъхир ҳам афтода бошад, вале билохира ғолибро муайн намуд. Нимаи аввал бо ҳисоби мусовӣ ба анҷом расид. Голҳоро дар дақиқаҳои 53-ум ва 56-ум Жереми Менезу ва Йоану Кабайе аз дастаи мунтахаби Фаронса ба самар расониданд.

/images/stories/2012/06/16_france-ukraine-euro2012.jpgДар бозии дигари ҳамин гурӯҳ, дастаи мунтахаби Англия бо дастаи мунтахаби Шведсия қувваозмоӣ намуд. Бозӣ хеле ҷолиб ва тезутунд баргузор гардид. Ҳарду даста имкониятҳои бисёри голзанӣ доштанд. Вале маҳорату бо таҷриба будани дастаи Англия дар қисмати дуюми бозӣ баръало ҳис карда мешуд. Ҳамин буд, ки дар дақиқаи 23-уми қисми аввал ҳамлагари дастаи мунтахаби Англия Энди Кэрролл ҳисобро кушод. Дар қисмати дуюми бозӣ, бозингарони дастаи мунтахаби Шведсия дар дақиқаҳои 49-ум ва 59-ум Джонсон  (автогол) ва Меллберг тавонистанд, аввал бозиро мусовӣ ва баъдан ду бар як ба фоидаи худ намоянд.

Сармурабии дастаи мунтахаби Англия ба бозии дастааш тағйирот ворид карда, ба майдон Тео Уолкотта ворид намуд. Тео Уолкет сараввал дар дақиқаи 64-ум ҳисобро баробар намуд. Ва бо паси додагии ӯ дар дақиқаи 78 –ум ҳамдастааш Дэнни Уэлбек тубро ба дарвозаи дастаи мунтахаби Шведсия равона сохт. Ҳамин тариқ ҳисоб 3:2 ба фоидаи дастаи мунтахаби Англия анҷом ёфт.

Имрӯз бошад, даври сеюми рақобати Ҷоми Аврупо 2012 оғоз меёбад, дар гурӯҳи А ду бозии дигар баргузор мегардад. Дастаи мунтахаби Русия бо дастаи мунтахаби Греция ва дастаи мунтахаби Полша бо дастаи мунтахаби Чех қувваозмоӣ хоҳанд намуд. Ва дар ин бозиҳо ғолибони чорякфинал муайян мешавад.

Сӯҳроби Бохтарӣ, махсус барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi