02:33:32 03-уми Июни 2025 сол

РОҲ БА СӮИ ЧОРЯКФИНАЛ

Дирӯз дар гурӯҳи «B» мусобиқоти Ҷоми Аврупо 2012 ду бозии охирон доир гардид. Дастаи мунтахаби Олмон бар дастаи мунтахаби Дания бо ҳисоби 2:1 ғолиб баромад. Дастаи мунтахаби Ҳоланд бошад, аз дастаи мантахаби Португол бо ҳисоби 2:1 шикаст хӯрд. Ҳамин тавр дар се бозӣ дастаи мунтахаби Ҳоланд аз ҳарифонаш шикаст хӯрд.

/images/stories/2012/06/18_euro2012-chempionat2012.jpgЁдовар мешавем, ки рӯзи 16 – ум дар гурӯҳи «А» ду бозӣ доир шуда буд. Дастаи мунтахаби Русия бо дастаи мунтахаби Юнон қувваозмоӣ намуда, ғайричашмдошт бозиро бо ҳисоби 1:0 бохт. Ва аз идомаи додани мусобиқоти Ҷоми Аврупо 2012 маҳрум гардид. Дар бозии дигари ҳамин гурӯҳ, дастаи мунтахаби Чех мизбони мусобиқот дастаи мунтахаби Полшаро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Акунун чор дастаи аввале, ки дар чорякфинал қувваозмои менамоянд, маълум гардид. Рӯзҳои 21-ум ва 22-ум дастаи мунтахаби Чех бо дастаи мунтахаби Португол ва дастаи мунтахаби Олмон бо дастаи мунтахаби Юнон бозӣ хоҳанд намуд. Чор дастаи дигар дар рӯзҳои наздик маълум хоҳанд гашт.

Имшаб бошад, дар гурӯҳи «С» ду бозӣ доир мегардад. Дастаи мунтахаби Хорватия бо дастаи мунтахаби Испания ва дастаи мунтахаби Италия бо дастаи мунтахаби Ирландия бозӣ мекунанд. Аз натиҷаи ин бозиҳо ду дастае, ки ба чорякфинал роҳат мегиранд, маълум мегардад.

Сӯҳроби Бохтарӣ, махсус барои «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854