02:39:33 03-уми Июни 2025 сол

ПОРТУГОЛ – ДАР НИМФИНАЛИ ҶОМИ АВРУПО-2012

Дастаи мунтахаби Португол аввалин шуда ба нимфинали Ҷоми Аврупо 2012 роҳхат пайдо намуд. Шоми дишаб 21-уми июн як бозӣ байни дастаи мунтахаби Португол ва дастаи мунтахаби Чех баргузор гардид.

/images/stories/2012/06/22_ronaldo-220612.jpgБозингарони дастаи Чех аз худ маҳорати хуб нишон дода, ба дарвозаи ҳариф ҳуҷумҳои пайдарпай намуданд. Вале мутаассифона, ин шом бахт ба рӯи онҳо нахандид. Дар дақиқаи 78 –ум бозингари бомаҳорат, беҳтарин футболбози дастаи мунтахаби Португол Криштиан Роналдо ба дарвозаи ҳариф як гол ба самар расонид. Акунун ҳарифи дастаи мунтахаби Португол, яке аз ду дастаи пурқувват ё дастаи мунтахаби Фаронса ва ё дастаи мунтахаби Испания хоҳад гардид. Ин бозӣ шоми 27 – уми июн баргузор мегардад.

Имрӯз бошад, як бозии дигар доир мегардад. Дастаи мунтахаби Олмон бо дастаи мунтахаби Юнон, ки яке аз дастаҳои фаворит, дастаи мунтахаби Русияро шикаст дода буд, қувваозмоӣ менамоянд. Ва ин шом дуюмин нимфиналист муайян мегардад.

Сӯҳроби Бохтарӣ, барои «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854