02:32:21 03-уми Июни 2025 сол

ДАСТАИ МУНТАХАБИ ИСПАНИЯ ДАР ФИНАЛ

Шоми дишаб дар сабқати Ҷоми Аврупо 2012 миёни ду дастаи пуркудрат, дастаи мунтахаби Испания ва дастаи мунтахаби Португол бозӣ доир гардид. Бозӣ дар қисми аввал ва дар қисми дуюм мусовӣ ба анҷом расид.

/images/stories/2012/06/28_portugal-spain-euro2012.jpgБоз дар ду қисми 15 дақиқаи ҳам дастаҳо натавонистанд ба дарвозаи якдигар туб ворид намоянд. Тибқи муқаррарот агар бозӣ дар ду қисми иловагардида ғолиби худро пайдо накунад, онгоҳ ба дарвозаи ҳаряке панҷ тубӣ аз ҷаримагоҳи 11 метра зада мешавад. Нахуст аз дастаи мунтахаби Испания ХавиАлонсо ба дарвозаи дастаи мунтахаби Португол зарба зад, ки онро дарвозабон Рую Патрисиу бо як маҳорат боз гардонд.

Дарвозабони дастаи мунтахаби Испания Икеру Касилясу бошад, зарбаи бозингари дастаи мунтахаби Португол Жозе Моутиню баргардонд. Ҳамин тавр ду нафари аввалӣ ба дарвозаи якдигарӣ гол равона карда натавонистанд. Хулоса нокомии бозингарони дастаи Португол Бруну Алвеш сабаби он шуд, ки дастаи мунтахаби Испония бо ҳисоби 4:2 ғолиб гардад.

Ҳамин тавр дар финал, ки рӯзи 1 – уми июл баргузор мегардад, дастаи мунтахаби Испония бо яке аз дастаи ғолиби имшаба дастаи мунтахаби Олмон ва ё дастаи мунтахаби Италия қуввааозмоӣ хоҳад намуд.

Сӯҳроби Бохтарӣ, барои «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854