18:24:18 07-уми Апрели 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Нурмуҳаммад Табаров: "Ҳафт бор чен кун, вале боз ҳам набур…"

Дар ҷаласаи навбатии маҳфили профессор Иброҳим Усмонов "Гуфтугӯи тамаддунҳо", ки рӯзи 21-уми феврал дар яке аз толорҳои Маркази тиҷоратии "Пойтахт" баргузор гардид, Нурмуҳаммад Табаров, сардабири маҷаллаи адабии "Помир", журналист, драматург ва нависандаи маъруфи кишвар андешаҳои худро пиромуни ҳодисаҳои баҳманмоҳи соли 1990 ва рисолати зиёиёни тоҷик дар марҳилаи кунунии таърихи Ватанамон иброз дошт.

Саҳлангории раҳбарон сабаби оғози ҳодисаҳои баҳманмоҳи 1990

nurmuhammad-tabarov 454545Нурмуҳаммад Табаров, ки соли 1990 дар вазифаи вазири фарҳанги Тоҷикистон фаъолият мекард, аз ҷумлаи шахсиятҳои ба қавле ҷабрдидаи ҳодисаҳои февралӣ аст.

Ба гуфтаи Нурмуҳаммад Табаров, ки оиди ҳодисаҳои февралии соли 1990 дар тӯли беш аз 24 сол  бори нахуст суҳбати ошкоро менамуд, ӯ тасодуфан шоҳиди тазоҳуроти рӯзи нахустин (11-уми феврал) дар майдони назди қасри котиби якуми Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон мешавад. Тазоҳургарон талаб мекарданд, ки ҳукуматдорон дуруст будан ва ё набудани овозаҳо дар бораи ба гурезаҳои арманӣ додани манзилҳои истиқоматиро такзиб ва ё тасдиқ намоянд.

Ба назди тазоҳургарон котиби дуввуми КМ ҳизб Веселков баромада ваъда медиҳад, ки ба дархостҳои онҳо фардо дар соати муайян дар ҳамин майдон посух хоҳанд дод. Вале рӯзи дигар дар соати таъиншуда аз ҷумлаи роҳбарон касе ба назди намоишчиён ҳозир намешавад. Ин саҳлангорӣ ба оғози бетартибиҳои оммавӣ сабаб мешавад. Ба сӯи тазоҳургарон оташ кушода мешавад. Чандин нафар ба ҳалокат мерасад. Тазоҳуротчиёни вориди қаср мешаванд, аснодсӯзиву дуздиву ғорат шуруъ мешавад.

Хулоса баъдан бо ризогии ҳукумат аз ҳисоби митингчиён Кумитаи 17 таъсис меёбад, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳо бо роҳбарони ҳукумат ҷонибҳо ба созишномае имзо мегузоранд.Тибқи ин созиш бояд се раҳбари вақти Тоҷикистон: Қаҳҳор Маҳкамов, котиби якуми КМ ҲКТ, Ғоибназар Паллаев, Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ва Иззатуллоҳ Ҳаёев, Раиси Совети Вазирони Тоҷикистон ба истеъфо мерафтанд. Онҳо ҳамон бегоҳ ҳатто аз тариқи телевизион истеъфои худро эълон карданд, вале баъдан ин амали худро ғайриконститутсионӣ дониста истеъфои худро бозпас гирифтанд.

Аз сӯи дигар бархе аз нафарони Кумитаи 17 дар чунин бесарусомонӣ дар фикри ишғол кардани вазифаҳои  баланди давлатӣ шуданд, ҳол он ки онҳо ҳатто узви ҳизби коммунист набуданд, яъне ҳизби ҳоким. Муҳимтарин шарте, ки дар замони шӯравӣ барои гирифтани вазифаи давлатӣ пеш гузошта мешуд.

 ibrohim-usmonov 556568744Ба андешаи Нурмуҳаммад Табаров яке аз хатогиҳои бисёр ҳам нобахшидании ҳамон давра ин буд, ки роҳбарони давлат ба мардум ваъда доданду сари  вақт дар бораи иҷро шудан ё нашудани ваъдаи дирӯзаи худ хабар надоданд. Ин боиси он гардид, ки 26 нафар ҷавонмард қурбон шавад.

"Боре ман дар як рӯзнома хондам, ки роҳбари собиқи Тоҷикистон гуфтааст, ки дар воқеаҳои баҳманмоҳ ман фақат аз марги ду нафар огаҳӣ дорам. Росташро гӯям ман  сахт дар ҳайрат афтодам. Он 26 нафар бачаҳаке, ки рӯйхаташон дар санги ёдгории бари Кумитаи Марказӣ буд, чӣ  магар инсон набуданд? Ин суханонро хонда ман гапи сахт гуфтам: "Ба Худо, фақат қассобони касбӣ сайдҳои худашонро намешуморанд!"-, изҳор кард Нурмуҳаммад Табаров.

Нақши Бурӣ Каримов ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар ҳодисаҳои баҳманҳо

Нурмуҳамад Табаров дар посух ба суолҳои ширкаткунадагони маҳфил дар бораи нақши Бурӣ Карим, муовини сарвазири вақти ҷумҳурӣ ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, қозии мусалмонони кишвар дар ҳодисаҳои баҳманмоҳ дар умум нақши онҳоро мусбат арзёбӣ кард. Ба гуфтаи Н. Табаров ин ҳарду кӯшиш ба харҷ доданд, ки аз хунрезиҳои ноҳақ ҷилавгирӣ ба амал ояд. Мардум ба сухани онҳо гӯш мекард.

Дар ҳамин ҳол Нурмуҳаммад Табаров афзуд, ки "Бурӣ Каримов борҳо шикоят кардааст, ки гӯё ӯро дар ҳодисаҳои баҳманмоҳ ман муқассир дониста бошам. Ман дар ҳеҷ куҷо чунин сухане нагуфтаам. Вале имрӯз бори аввал мегӯям, ки ӯ ба иллати дурандешӣ накардан қурбонии бозиҳои дохилиҳизбӣ гардид. Бурӣ Каримов ба ҳеҷ ваҷҳ дар сар фикри бо роҳи ғайриконститутсионӣ ба сари қудрат омаданро надошт. Аз ӯ пурсиданд, ки дар ҳоле, ки Раиси Совети Вазирон ба истеъфо рафтааст, ҷояшро ҳамчун муовин иваз карда метавонед ё не?

Дар аввал гуфт, ки не, вале баъди каме фикр кардан боз гуфт, ки агар бовар кунанд, метавонам. Ғоибназар Паллаев, ки он ҷо буд, гуфт пас указро бароред. Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев, сармуҳаррири газетаи "Тоҷикистони Советӣ", ки низ он ҷо буд, сиёҳнависи лоиҳаеро дар хусуси ин тағйироти кадрӣ таҳия намуд. Ман гуфтам ин кори хато аст. Ӯ сипас он лоиҳаро дарронда ба қутии ахлот партофт. Ана ҳамин сиёҳнавис баъдан аз сӯи мақомоти амниятӣ пайдо шуда барои ҳамаи мо дарди сар гардид.

jurnalist54545445

"Ҳафт бор чен кун, вале боз ҳам набур…"

Дар идома Нурмуҳаммад Табаров дар бораи ду масъалаи хеле муҳим, ки имрӯздар назди зиёиёни кишвар меистад, ибрози назар кард. Яке масъалаи як будан ва ё ҷудо будани забонҳои форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ ва дигаре масъалаи баҳси  бархе аз зиёини тоҷик бо журналисти Азия Плюс Олга Тутубалина дар мавриди муҳтавои як мақолаи ӯ.

Дар масъалаи аввал Нурмуҳаммад Табаров бар ин назар аст, ки агарчи решаҳои ин се забон аз як сарчашма об мехӯранд, вале дар ин даврони соҳибистиқлолӣ ҳар се кишвар бояд забони худро дошта бошад. Агар чунин намебуд дар Афғонистон чанд сол муқаддам истилоҳи забони форсиро ба истилоҳи забони дарӣ табдил намедоданд. Ба ин чиз афғонҳоро худшиносии миллӣ водор карда буд. Мо низ бояд забони модарии худ, забони тоҷикиро, пос дорем ва дар ҳифзи тозагии он бошем, гуфт Нурмуҳаммад Табаров.

Дар масъалаи баҳси бархе аз зиёиён бо журналисти Азия Плюс Н.Табаров иброз дошт, ки ба андешаи ӯ навиштани чунин мақолае бо лаҳни тунд дар бораи зиёиёни тоҷик  барои журналисте, ки худ дар Тоҷикистон таваллуд шудаасту урфу одати мардумро хуб медонад, кори дурусте набуд. Махсусан вақте, ки худи ӯ намояндаи дигар миллат аст. Дар ин кишвар мардум ба ҳунармандонаш, ба адибонаш ба нависандагонаш, ба тамоми равшанфикронаш ҳурмату эҳтироми зиёд дорад.

Ҳунарманд барои мардуми тоҷик баробари бузургони миллати қадр дорад. Ва бо овардани иқтибос аз шахсияте, ки воқеан ҳам дар таърихи инсоният нақши хеле барҷаста дорад, ба зиёиҳои як миллат баҳо додан нашояд. Ҳеҷ кас чунин  ҳуқуқи маънавиро надорад. Хусусан, вақте намояндаи миллати дигар астӣ. Дар чунин мавридҳо мегӯянд «ҳафт бор чен кун, вале боз ҳам набур» мегӯянд. Ва аммо зиёиёни тоҷик низ на бояд ин қазияро то маҳкама мекашонданд.

Аҳмадшоҳи Султон, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №08, 26 феврали соли 2014

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi