Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки сармутахассиси ҳукумати шаҳри Ваҳдат Раҳмиддин Ҳалимов ва корманди дастгоҳи раиси шаҳр Рамазон Беков ба гумони даст доштан дар ришваситонӣ ба маблағ 5 ҳазор доллари ИМА боздошт кардааст. Ин кормандон ба ивази 5 ҳазор доллари ИМА ба сокини маҳаллӣ Ф.Х. ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзилро ваъда кардаанд.
ххх
Давлати яҳудӣ чандин нуқта аз навори Ғазза дар Фаластинро мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор додааст. Бино ба гузориши хабаргузориҳо чанд мушак аз Биршебо -шаҳре дар ҷануби Исроил партоб шудааст. Ин ҳамлаҳои ҳавоӣ баъд аз даргириҳои рӯзи шанбе миёни пулис ва эътирозгарони фаластинӣ ба вуқуъ пайвастааст. Аз ҳафтаи гузашта ба ин сӯ вазъ ташдид ёфтааст. Муҳаммад Абухудайр-навраси фаластинӣ ҳафтаи гузашта аз хонааш дар шарқи Байтулмуқаддас рабуда шуд ва баъдтар ҷасадашро дар ҷангал пайдо карданд. Пулис мегӯяд, ки онҳо то ҳол ин кушторро таҳқиқ мекунанд, вале фаластиниҳо мегӯянд, ки тундравҳои исроилӣ дар ҷавоб ба куштори се навраси исроилӣ бо қатли ин наврас қасос гирифтаанд
ххх
Узбакистон хабар дод, ки аз қатораи Хуҷанд-Челябинск бештар аз 90 кило маводи мухаддир мусодира кардааст. Бино ба иттилои "Интерфакс" аз пинҳонгоҳе дар ин қатор 91 бастаи пластикӣ кашф шудааст, ки дар 41 бастаи он 41 кило героин ҷо дода шудааст.Дар бастаҳои дигар афюн мусодира шудааст, ки мақомот вазни умумии онро 50,5 кило эълон крадаанд. Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст ва тафтишот идома дорад. Дар бораи боздошти афрод ба ҷурми ширкат дар муомилоти ғайриқонунии мухаддирот тибқи ин парванда хабар дода нашудааст.
ххх
Дар Покистон ҳавопаймоҳои ҷангии ин кишвар мавзеъи Толибонро дар Вазиристони Шимолӣ бомбборон кардаанд. Низомиёни гуфтанд, ки дар ҳамлаҳои 5 июл шуморе аз тундравҳои узбак ва маҳаллӣ низ кушта шудаанд. Хабари расмӣ бо тайиди теъдоди куштаву захмишудагон ироа нашудааст. Маврид ба ёдоварист, ки баъди вуруди Амрико ва муттаҳидонаш ба қаламрави Афғонистон толибони фирорӣ Вазиростони Шимолии Покистонро ба макони будубош ва тарҳрезии амалиётҳои ҳарбии худ қарор доданд. Аз он замон то ба ин дам давлати Покистон ҳамвора даст ба амалиёти покксозии минтақа аз ҷангиёни Толиб задааст, вале ҳамеша ин амалиётҳо ба иллати пуштибонии гуруҳҳои манфиатҷӯ аз тундравҳои афғонӣ ва ситезаҷӯёни дохилӣ ноком шудааст.
ххх
Хабаргузориҳо рӯзи шанбеи гузашта истинодан ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки тадбирҳои андешидаи шаҳрдории Душанбе дар ҳамбастагӣ бо аҳли ҷомеаи соҳибкорию тоҷирии шаҳр, баҳри таъмини коҳиши нархҳои 20 намуди маҳсулоти ниёзи аввалия натиҷаҳои судманд додаанд. Ин Агентӣ хабар додааст, ки нархҳои 20 намуд маҳсулоти дар марзи шаҳр танзимшаванда назар ба шаҳру ноҳияҳои истеҳсолкунандаи маҳсулот мутаносибан аз нархи бозорҳои Турсунзода (карам -2, 0, равғани растанӣ-8,0, шакар-5,0 сомонӣ), Ҳисор (бехпиёз-1,8, шакар-5,0, гӯшти гов-38 ва гӯсфанд-40 сомонӣ), Рашт (картошка-3,0, бехпиёз-2,0, сабзӣ-3,0, карам -3,0, помидор -3,0, бодиринг-3,0, шакар-5,0, тухм-0,80, биринҷ-9,0, равғани растанӣ-10 сомонӣ), Ваҳдат (картошка-2,0, сабзӣ-2,3, бодиринг-2,3, шакар-5,0, гӯшти гов-37, харбуза- 15 сомонӣ), Хуҷанд (картошка-2,4, шакар-5,0, харбуза -15 сомонӣ) паст ба фурӯш гузошта мешаванд.
ххх
Бар асари ҳамлаи мушакии Толибон ба фурудгоҳи байналмилалии Кобул чархболи президенти ин кишвар Ҳомид Карзай корношоям шудааст. Дар ин бора Франс Пресс истинодан ба намояндаи вазорати мудофеаи Афғонистон Афзал Амон хабар додааст. Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки дар ҳамлаи рӯзи панҷшанбе ба ин фурудгоҳ сӯхтори азиме рух дод. Толибон худро масъули ин ҳамла эълон намуд. "Дар ин ҳамла се чархбол зарар дид, ки яке аз онҳо мутааллиқ ба президенти кишвар Карзай буд. Ва ин чархболҳо тавре зарар диданд, ки комилан корношоям шудаанд", - хабар додааст генерал Амон ба ин хабаргузорӣ.
ххх
Бино ба гузориши пойгоҳи интернетии 12news.uz пешвои ҷараёни ҷудоихоҳии "Алга Каракалпакстан", ки хостори ҷудоии вилояти мухтори Қароқалпоқистон аз Узбакистон мебошад, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ эълон шудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон Амон Сагидуллоевро, ки худро сарвари ҳаракати ҷудоихоҳии Қароқалпоқистон эълон карда буд, барои зарари моддиву маънавие, ки ба ин кишвар расондааст, дар ҷустуҷӯи дохилӣ ва байналмилалӣ қарор додаанд. Сагидуллоев ба иттиҳоми талафи 2 миллиард суми узбакӣ (баробар ба 1 миллион доллари амрикоӣ), ки гӯё дар замони сарвари "Агроинтехника" буданаш дар ҷараёни додани лизинг аз худ кардааст, кофтуков мешавад. Дар хабар омадааст, ки баъди пахши иттилои оғози парвандаи ҷиноятӣ соҳибмансаби собиқ аз макони зисташ фирор кардааст, вале ҳоло маълум нест, ки аз Узбакистон берун рафтааст ва ё ҳамоно дар кишвар аст.