08:12:52 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мулоқоти Марҳабо Ҷабборӣ бо роҳбари «Россотрудничество»

Имрўз муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ бо роҳбари созмони «Россотрудничество»-и Федератсияи Русия Любов Глебова мулоқот кард.

Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии федеролии Федератсияи Русия оид ба корҳои ИДМ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ «Россотрудничество» мавриди баррасӣқарор дода шуд. Тавре таъкид гардид, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории гуманитарии дуҷониба бо Федератсияи Русия таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, дар ин самт тадбирҳои зиёди амалӣ андешида мешаванд.

Ҷонибҳо, аз ҷумла доир ба омўзиш ва азхудкунии забони русӣ дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, баланд бардоштани савияи тахассусии омўзгорони забони русӣ, интишори дастуру адабиётҳои таълимӣ бо ин забон ва беҳдошти сифати чопи онҳо, мусоидат ба фаъолсозии кори шўроҳои дисертатсионӣ, ҷудо намудани квотаҳо дар муассисаҳои олии таълимии Федератсияи Русия барои таҳсил дар зинаҳои магистратураю аспирантураи фанҳои дақиқ ва бунёди муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони рўсӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ табодули афкор намуданд. Ҳарду ҷониб ҳавасмандии амиқи худро ба густариши ҳамкории бисёрҷанба таъкид доштанд.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi