00:07:37 29-уми Июни 2025 сол

Эрдуғон мегӯяд, ки бо Путин дар тамос аст

Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ки бо раҳбари Русия Владимир Путин дар тамос аст.

1 erdughon putin 122155"Ман бо ҷаноби мӯҳтарам Путин тамоси доимӣ дорам, агар лозим шавад, занг мезанад. Агар ҷаноби Байден низ чунин эҳтиёҷ дошта бошад, вай низ занг мезанад" гуфт Эрдуғон дар брифинг қабл аз парвоз ба Риёз ва дар посух ба ин суол, ки оё тамосҳояш бо президенти Штатхои Муттаҳидаи Амрико доимӣ аст.

Раисиҷумҳури Туркия ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки сафар ба Риёз саҳифаи тозае дар ҳамкорӣ бо Арабистони Саудӣ боз мекунад ва “нишондиҳандаи эътимоди ду кишвари дӯст” мешавад.

Хабаргузории РИА Новости

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ