Иди саиди Фитр муборак
Иди саиди Фитр муборак, ҳамватанони азиз!
Ҳамватанони гиромӣ ва тамоми алоқамандони сомонаи «Рӯзгор»!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр иди ишқу дилбастагӣ ба Худованди бузург, Иди раҳоӣ аз гуноҳҳо ва дур андохтани кинаву адоват ва буғзу бадбинӣ табрику таҳният гуфта дуо мекунем, ки Парвардигори муттаъол дар ин моҳи раҳмат, мағфират ва раҳоӣ аз оташи дўзах ибодатҳои мову Шуморо ба даргоҳи хеш қабул фармояд.
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт,
Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт!
Бо эҳтиром ҳайати эҷодии сомонаи «Рӯзгор.tj»