23:16:03 02-уми Июни 2025 сол

Интихобот дар Восеъ оғоз ёфт, вале танҳо бо 3 номзад

Имрӯз, 5 май, дар интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Восеъ-39 мардум аз миёни 3 номзад вакили худ дар Маҷлиси намояндагонро интихоб мекунанд.

vose-06052013Дар интихоботи имрӯза 3 номзад – хабарнигори маъруф Раҷаби Мирзо(Раҷаб Мараимов),  номзади ҳизби аграрӣ муовини раиси Ожонсии давлатии амволи махсус Зайниддин Сафаров ва узви ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ раиси ҷамоати Мичурини ноҳияи Восеъ Ибодулло Неъматов барои курсии вакилӣ вориди мубориза шудаанд. Мудири шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии минтақаи Кӯлоб Ҷӯрабек Қурбонов, ки номзадии худро ба тариқи худпешбарӣ гузошта буд, рӯзи 3 май, дуруст дар остонаи интихобот номзадиашро пас кашидааст..

Райъгирӣ субҳи якшанбе оғоз ёфт ва то соати 20 давом хоҳад кард. Ҳавзаи Восеъ-39 ноҳияҳои Восеъ, Темурмалик ва Балҷувонро дар бар мегирад. Курсии вакили маҷлиси поёнии парлумон аз ин ҳавза дар пайи интисоби Рустам Латипов, намояндаи ҳизби аграрӣ ба мақоми раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ холӣ шудааст.

Коршиносон интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Восеъро як имтиҳон ё ҳатто репетитсияи интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистон меноманд ва мегӯянд, ҳамин корзор нишон хоҳад дод, ки оё мақомоти ин кишвар то куҷо барои баргузории як интихоботи озоду демократӣ омодаанд. То кунун ягон интихоботи доиршуда дар Тоҷикистони пасошӯравӣ аз сӯи нозирони ғарбӣҷавобгӯи меъёрҳои интихоботи демократӣ эътироф нашудааст.

Дар маҳофил дар пешорӯи раъйгирии имрӯза ҳадс мезаданд, ки шояд мақомот курсии вакилӣ аз ҳавзаи Восеъро боз ҳам ба намояндаи ҳизби аграрӣ, ки то мансаб гирифтани Рустам Латипов дар Маҷлиси намояндагон ду вакил дошт, бидиҳанд. Раҷаби Мирзо дар посух ба ин овозаҳои бархоста дар бораи “номзади худӣ”-и мақомот дар ҳавзаи Восеъ аз масъулин даъват кард, то ба мардум имконият бидиҳанд, ки худ вакилашро интихоб кунад. Худи Зайниддин Сафаров – номзади ҳизби аграрӣ- ин сарусадоҳоро радд карда, гуфтааст, муносибати мақомоти маҳаллӣ ба ҳамаи 4 номзад яксон ва баробар аст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854