20:03:07 07-уми Июни 2025 сол

Арафоти ишқбозон сари кӯйи ёр бошад,

arafa 21122123Арафоти ишқбозон сари кӯйи ёр бошад,

Ба тавофи Каъба з-ин дар наравам, ки ор бошад.

Чу саре бар остонаш зи сари сафо ниҳодӣ,

Ба Сафову Марва, эй дил, дигарат чи кор бошад?

Қадаме зи худ бурун неҳ ба риёзи ишқ, к-инҷо,

На садои нафҳаи гул, на ҷафои хор бошад.

Ба маъориҷи аналҳаққ нарасӣ зи пойи минбар,

Ки саре шиносад ин сирр, ки сазои дор бошад.

Зи майи шабона, соқӣ, қадаҳе биёр пешам,

На аз он майе, ки ӯро ба саҳар хумор бошад. 

Накунад Камол дигар талаби ҳузури ботин,

Ки қароргоҳи зулфаш дили беқарор бошад.

Шайх Камолиддин Масъуди ХУҶАНДӢ

 

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854