13:45:17 02-уми Июни 2025 сол

ПАНҶ ХУСУСИЯТИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Абуҳурайра (р) нақл мекунад, ки ҳазрати Муҳаммад (с) чунин иршод фармудаанд: «Ба уммати ман вобаста ба моҳи Рамазон панҷ хусусият ато шуда, ки ба умматҳои собиқ дода нашуда буд. Якум ин ки бӯи даҳони рӯзадорон назди Парвардигор аз бӯи мушк ҳам зиёдатар писандида аст. Дуюм, барои рӯзадорон моҳиҳои дарё то вақти ифтор истиғфор мекунанд. Сеюм, Ҳақ Таъоло ҳар рӯз ҷаннатро барои рӯзадорон ороставу музайян месозад ва мефармояд:

 

«Қариб аст, ки бандагони неки ман машаққатҳои дунёро тарк намуда, ба сӯи ту меоянд». Чаҳорум, дар ин моҳ шайтонҳои саркаш қайд (занҷирбанд) карда мешаванд. Панҷум, барояшон дар шаби охири Рамазон мағфират карда хоҳад шуд». Саҳобагони киром (р) пурсиданд, ки «Оё ин шаби мағфират Шаби Қадр аст?» Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Не, валекин қоидаву қонун чунин аст, ки барои муздур дар вақти такмил (поёнёбӣ)-и амалаш ҳаққи муздурӣ дода мешавад».

 

Ҳазрати Муҳаммад (с) дар ин ҳадис 5 хусусиятро иршод фармуданд, ки аз ҷониби Худованд ба рӯзадорони уммати ислом анҷом шудааст. Рӯзи қиёмат вақте халқи аввалу охири дунё аз қабрҳо бармехезанд, аз даҳони рӯзадорони уммати Муҳаммад (с) бӯи хуш мебарояд, ки ин аломати фарқкунанда аст ва он аз мушк ҳама хушбӯтар аст. Зеро дар дунё ба хотири муҳаббати илоҳӣ бандагон азоби гуруснагию ташнагиро таҳаммул намуданд. Ҳамон бӯе, ки дар натиҷаи холигии меъда мешавад, назди Худованд аз бӯи мушк дида писандидатар аст:

 

Эй Ҳофизи мискин чӣ кунӣ мушки Хутанро?

Аз гесӯи Аҳмад биситон атри Аданро.

 

Рӯза аз маҳбубтарин ибодатҳост. Аз ин рӯ, Худованд мефармояд, ки «аҷри ҳар амали некро малоика медиҳанд, вале аҷру подоши рӯзаро ман худ мебинам, зеро ӯ хос барои ман аст». Хусусияти дуюми рӯза истиғфор хостани моҳиҳо барои рӯзадорон аст. Мақсуд аз баёни ин ҳадис зиёд будани теъдоди дуохонҳо аст. Дар ривояти сершумор ин мазмун таъкид шудааст. Чунончи, «малоика барои рӯзадорон истиғфор (талаби омурзиш) мекунанд».

 

Ин маънӣ дар сураи «Марям» низ таъкид шудааст: «Ба таҳқиқ он касоне ки имон овардаанд ва амалҳои солеҳ кардаанд, Худованди Раҳмон (Бахшанда) барояшон дар дили махлуқ маҳбубият пайдо мекунад». Дар ҳадис омадааст: «Вақте Худованд бандаеро дӯст дорад, ба ҳазрати Ҷибриил (а) мефармояд, ки «фалон банда ба назди ман маҳбуб аст, ту ҳам бо ӯ муҳаббат намо». Ҷибриил (а) ҳам бо ӯ муҳаббат мекунад ва дар осмон эълон менамояд, ки «фалон банда ба назди Аллоҳ маҳбуб аст. Шумо ҳам ӯро дӯст доред».

 

Пас, бошандагони осмон ба он банда муҳаббат мекунанд. Боз дар замин ҳам қабулияти ӯ ниҳода мешавад. Барои рӯзадорон бошад, ғайри бошандагони осмону замин моҳиёни дарёҳо низ талаби мағфират мекунанд. Хусусияти сеюм, Рамазон ороставу зиннат додани ҷаннат аст. Дар дунё низ вақте аз омодани меҳмони гиромие огаҳ шаванд, пешакӣ барои истиқболи ӯ омадагӣ мебинанд. Ҳамин тавр аз оғози сол барои Рамазон зиннат додани ҷаннат шурӯъ мешавад.

 

Хусусияти чаҳорум банд шудани шайтонҳои саркаш дар моҳи Рамазони аст. Аз баракати бандшавии шаётин содир кардани гуноҳ дар Рамазон муборак кам мешавад. Чунончи, шаробхорони зиёде аз майнӯшӣ дар ин моҳ худдорӣ мекунанд. Хусусияти панҷум, бахшидани рӯзадорон дар охири моҳи Рамазон аст. Вақте рӯзадорон аз гуноҳҳо худдорӣ намуда, моҳи шарифи Рамазонро ба поён мерасонанд, Худованд мукофоти неки онҳоро ба наҳви олӣ ато мекунад. Ин инъом махсус барои хатми моҳи Рамазон аст.

 

«ЧГ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/2931-2010-08-20-07-02-06.html

 

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854