00:47:07 30-уми Октябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ташкили ҳавзаҳои интихоботӣ дуртар аз биноҳои ҳукуматҳо

Масъулони Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегуянд, ки дар қаламрави кишвар 68 ҳавзаи интихоботӣ ташкил шудааст. Абдуманон Додоев , раиси дастгоҳи КМИРТ рӯзи панҷшанбеи 12 сентябр дар тасдиқи ин хабар ба мо гуфт, "ҳавзаҳои интихоботӣ дар 68 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон ташкил шуда ва ҳамакнун омодагиҳо барои таъсиси кумиссиюнҳои ҳавзавӣ ва қитъавӣҷараён дорад."

intikhobot-4565245Ба гуфтаи ҷаноби Додоев, "ин ҳавзаҳо дур аз биноҳои ҳукумат ва муасисаҳои давлатӣ ташкил шудаанд ва ҳадафи аслӣ дахолат накардани ҳукуматҳои маҳалӣ ба равандаи баргузории интихобот ва таъмини шафофияти ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар кишвар аст".

Аммо ба таъкиди раиси дастгоҳи КМИРТ ҳайати кумиссиюнҳои ҳавзавӣ дар ояндаи наздик, яъне 50 рӯз ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз ҳисоби кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, собиқадорони кор ва раисони маҳаллаҳо ташкил хоҳад шуд. Абдуманон Додоев мегӯяд, ҳайати ин кумиссиюнҳо на камтар аз 7 нафар буда, аъзоёни аҳзоби сиёсӣ шомили он нахоҳанд шуд.

Ҳамакнун тибқи иттилои Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, имсол тақрибан 4 миллион нафар сокини ин кишвар ҳаққи раъйдиҳӣ дар интихоботро ба даст меоранд. Аз ин шумор, ҳудуди 900 ҳазор нафарашон дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд.

Ба ин манзур масъулони КМИРТ мегуяд, ки дар хориҷф аз кишвар 54 маркази раъй ташкил мешавад. ки ин рақам дар муқоича ба интихоботи порлумонии 2010 се маротиба бештар аст.

Абдуманон Додоев, раиси дастгоҳи КМИРТ гуфт, "фақат дар қаламрави Русия дар 22 шаҳри он марказҳои раъй ташкил мешавад, ки умдатан дар шаҳрҳои Маскав, Санкт - Петербург, Твер, Тула, Саратов, Волгоград, Уфа, Қазон, Екатеренбург, ки маҳали буду боши аксари муҳоҷирони кории тоҷик мебошанд".

Ҳамчунин ба гуфтаи ҷаноби Додоев, марказҳои раъй дар сафоратхонаҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 24 кишвари хориҷи дур  ташкил хоҳад шуд. Ба иттилои масъулони КМИРТ дар дохили Тоҷикистон ҳудуди 3 700 марказ ё учаскаи раъй созмон хоҳад ёфт. Бар асоси қонуни интихоботи Тоҷикистон то як ҳафтаи дигар ин учаскаҳо дар куллияи шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил мешаванд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi