08:04:27 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Рамазон Раҳимов: "Ҳамкорӣ бо ИМА дар мубориза бо тероризм тақвият меёбад"

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз кумаки ИМА дар мубориза бо тероризм қадрдонӣ ва бар тақвияти ҳамкориҳо дар ин замина таъкид кард. Ин матлабро генарал Рамазон Раҳимов дар дидор бо Сюзан Эллиоот, сафири ИМА дар Душанбе баён дошт.

vazir-va-safir-54549898Масъулони дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 12 сентябр дар суҳбат бо мо гуфтанд, ки дидори генерал Раҳимов бо сафири ИМА ба муносибати гиромидошт аз ёди қурбониён дар пайи ҳамлаи терористии 11 сентябр дар Амрико сурат гирифта ва вазири корҳои дохилӣ бо ёдоварӣ аз ин ҳасла гуфтааст, «ин амали террористӣ фоҷиаи тамоми ҷаҳон буд. Бинобар ин мо бояд дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ ба муқобили терроризм мубориза барем."

Вазири корҳои дохилӣ аз ҳамкории густарда бо сафорати ИМА тақдир кард ва гуфтааст, ки "мо ҳамеша аз кумакҳои ИМА бархурдорем."

Ба навбаи худ Сюзан Эллиотт, сафири ИМА дар Душанбе низ бар густариш ва тақвияти равобиту ҳамкориҳои созанда бо вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъкид кардааст.

Вай афзудааст, ки «сафорати Амрико якчанд барномаҳоро дар самти ҳамкории милитсия бо ҷомеа, инкишофи нақши занон дар ҷамъият, баргузории давраҳои омӯзишӣ ва ҳамоишҳо барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ маврид иҷро гузошта ва дар оянда низ ин ҳамкориҳоро идома хоҳад дод».

Яке аз мавзӯи мавриди баҳси ин дидор "хатарҳои эҳтимолӣ бо таваҷҷӯҳ ба хуруҷи нерӯҳои НАТО ё Эътилофи  байналмилалӣ аз қаламрави Афғонистон дар соли 2014" будааст, ки ҷонибҳо таҳкими мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва қоҷоқи маводи мухаддирро як амри зарурӣ хонданд.

Масъулони вазорати корҳои дохилӣ, иҷрои лоиҳаи таъсиси «марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа» аз намунаҳои беҳтарини ҳамкорӣ бо сафорати ИМА дар Душанбе арзёбӣ мекуунанд.

Ин лоиҳа аз соли 2010 маврид иҷро қарор гирифтааст, ки то кунун дар Тоҷикистон даҳҳо "маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа" фаъол гардидиааст.

Сафорати Амрико дар Душанбе бар иловаи таъмиру бозсии биноҳоли ин марказҳо ва муҷаҳҳаз гардонирдани онҳо бо маводҳои лозимӣ, ҳамчунин иддае аз кормандони пулисро дар давраҳои омузишӣ фаро гирфтаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi