02:51:44 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҷузъиёти боздошти Ашӯрмамад Миралиев дар Флоридаи Амрико

Як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон дар Амрико дар чаҳорчӯби парвандаи зодаи Чеченистон Иброҳим Тодашев боздошт шудааст.

ashumamad-miraliev-4578Ашӯрмамад Миралиев дар ҳоли ҳозир бо иттиҳоми таҳдид ба қурбонии ҷиноят ё хабаррасони мақомот ба зиндон андохта шудааст. Ҳанӯз маълум нест, ки оё боздошти ӯ ба парвандаи дӯсти чеченаш Иброҳим Тодашев рабт дорад ё на? Иброҳим Тодашеви 27-сола аз ҳамдастони бародарон Ҷавҳар ва Темурлан Тсарнаевҳо, омилони бомбгузории моҳи апрел дар шаҳри Бостон шинохта мешуд. Гуфта мешавад, шаҳрванди Тоҷикистон Ашӯрмамад Миралиев бо Иброҳим Тодашев дар як манзил ба сар мебурд.

Иброҳим Тодашев моҳи май дар ҷараёни тафтиши қазияи Бостон кушта шуд. FBI ва ё Хадамоти Бюрои федероли тафтишоти Амрико гуфт, кормандонаш як ҷавони чеченро, ки зимни бозпурсӣ дар бораи бомбгузории Бостон зӯриву муқовимат кардааст, куштаанд. Баъдан маълум шуд, ки ин ҷавон Иброҳим Тодашев будааст. Ҳодиса рӯзи чаҳоршанбеи 22-уми май дар шаҳри Орландои аёлати Флорида ба вуқӯъ пайваста, дар ҷараёни он амалиёт як маъмури FBI  низ ҷароҳати сабук бардоштааст.

Вале баъдан вакилон ва пайвандони Тодашев иддао карданд, ки ӯ ҳангоми бозпурсӣ бо худ силоҳи оташфишон ва корд надоштааст. Як гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башар талаб карда буд, ки марги паноҳандаи чечен Иброҳим Тодашев аз нигоҳи мурооти ҳуқуқи инсон мавриди пажӯҳиши ҳамаҷониба қарор гирад.

Сомонаи bostonmagazine.com  дар матлабе таҳти унвони “Ҷузъиёти нави ҳалокати як ёри Тамерлан Тсарнаев дар тирандозии FBI" менависад, Ашӯрмамад Миралиев соати шаши субҳи чоршанбе, 18 сентябр бо иттиҳоми “таҳдид ба қурбонии ҷиноят” боздошт шуд. Ба навиштаи ин сомона, ҳанӯз маълум нест, ки ин қазия ба кушта шудани Иброҳим Тодашев, бомбгузориҳои Бостон ё куштор чӣ рабте дорад?

Муаллиф  бо истинод ба ҳукми ҳабси Миралиев, ки дафтари шериф содир кардааст,  менависад, Ашӯрмамад Миралиев қабл аз инки ба зиндон андохта шавад, аз сӯи FBI бозпурсӣ шудааст ва барои ӯ 50 000 доллар пули васиқа ё гарав таъйин кардаанд. Аммо  Аллен Мур, сухангӯи  маҳбас гуфтааст, ки Миралиев бар асоси ду ҳукм, ки яке аз сӯи дафтари шериф ва дувумӣ аз тарафи як Ожонсии федеролӣ содир шудааст, ба ҳабс гирифта шуд. Оқои Мур аз ифшои номи ин идораи федеролӣ худдорӣ кард, вале гуфт, ки он FBI нест.

Дар замони боздошташ Ашӯрмамад Миралиев бо духтари 19-солае бо номи Татяна Груздева будааст. Груздева дӯстдухтари Иброҳим Тодашев буд. Ӯву Миралиев, ба навиштаи bostonmagazine.com, дар манзиле ба сар мебурданд, ки Иброҳим Тодашев онҷо кушта шуд.

РИА Новости ва онҳое ки Ашӯрмамад Миралиевро аз наздик мешиносанд,  ӯро 20-сола мегӯянд. Як нафар тавассути сомонаи Озодӣ хабар дод, ки Миралиев дар асл “ҷавони мӯътадил мебошад. Ин ҳама ба хотирест, ки ӯ аз беақлиаш дар ҳама ҷо гуфта мегашт, ки Иброҳим(Тодашев)-ро бегуноҳ куштанд.”

РИА Новости менависад, ки дар асл Ашӯрмамад Миралиев на дар манзили собиқи Иброҳим Тодашев, балки дар ҳамсоягии ӯ зиндагӣ мекард.  Ин хабаргузорӣ ҳамчунин аз сухангӯи пулиси маҳаллӣ Твис Лизасуэн иқтибос кардааст, ки мегӯяд, ҳабси Миралиев ба ҳеҷ сурат рабте ба тафтиши бомбгузориҳои Бостон надорад.

Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс из аз қавли ҳамин манбаъ рабт доштани боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо таркишҳои Бостонро радд карда, ӯро дӯсти Иброҳим Тодашев ном бурдааст. Ин хабаргузорӣ мегӯяд, Ашӯрмамад Миралиев рӯзи ҷумъа ба зиндони Оскеола, воқеъ дар тақрибан  70-километрии Орландо, андохта шуд. Ассошиэйтед Пресс менависад, шаҳрванди Тоҷикистон ба таъсиргузорӣ ба баёноти кадом шоҳид ё хабаррасон айбдор мешавад.

Матбуоти амрикоӣ Иброҳим Тадашевро аз дӯстони Темурлан Тсарнаев, як ҷавони чеченитабори муттаҳам ба бомбгузории маргбори моҳи апрел дар шаҳри Бостон муаррифӣ мекунад. Темурлан Тсарнаев баъди 4 рӯзи бомбгузории рӯзи 15 апрел дар хатти марафони Бостон, ки 3 кушта ва беш аз 260 захмӣ ба ҷо гузошт, дар ҷараёни таъқиби нирӯҳои пулису амният кушта шуд. Бародари хурдии Ҷавҳар Тсарнаев, ки низ дар таркишҳои Бостон айбдор мешавад, баъд аз захмӣ шуданаш дастгир шуд.

Дар иртикоби бомбгузории Бостон чандин нафар, аз ҷумла ду ҷавон аз Қазоқистон, ки бо Тсарнаевҳо дӯстӣ доштаанд, низ дастгир шуданд.Вале ин барои бори аввал аст, ки дар иртикоби ин қазия як шаҳрванди Тоҷикистон дастгир мешавад.

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико ҳанӯз қазияи боздошти шаҳрванди Тоҷикистон Ашӯрмамад Миралиев дар аёлати Флоридаро шарҳ надодааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi