22:32:58 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Даргузашти Музаффар Махсумов

Хабари даргузашти нобаҳангоми донишманди нодиру маъруфти тоҷик, инсони дардошною некзамир, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, собиқ директори Институти астрофизика (1977-1992), роҳбари Гурӯҳи Сохтор ва динамикаи системаи ситораҳо, Музаффар Нусратуллоевич Махсумов тамоми ҳамкорон, дӯстон, онҳоеро, ки ӯро аз наздик мешинохтанду бо ӯ риштаи дӯсти доштанд, сахт андӯҳгин намуд.

muzaffar-makhsumov-45566Махсумов М. Н. 18 маи соли 1937 дар оилаи яке аз шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон - Нусратулло Махсум (замоне, ки аллакай бузургворро ба ҷурми туҳмату нотавонбини душманон ба маҳкама кашида буданд), чашм ба олами ҳастӣ кушод. Давраи кӯдакии номбурда мувофиқи далелҳо басо вазнину душвор буд. Аммо мушкилоту туҳмати ноҳақ нисбати падари бузургвораш, рӯҳияи Музаффари хурдсолро шикаста натавонист.

Баръакс ӯ пайваста кӯшиш ба харҷ дод то ин, ки ба хотири болида доштани рӯҳи қиблагоҳи бузургаш, ки ҳатто рӯи гармашро надида буд, пайваста заҳмат ба харҷ диҳад. Ин буд, ки мактаби миёнаро бо баҳои аълою, рафтори намунавӣ хатм намуда, баъди хатми мактаби миёна солҳои 1954-57 донишандӯзиро дар факультети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оғоз ва баъдан идомаи таҳсилро солҳои 1957-1961 дар Донишгоҳи давлатии Москва давом дода, сазовори дипломи сурх гардид.

Фаъолияти меҳнатии М.Н. Махсумов аз коргузорӣ дар Шӯъбаи физикаю математикаи Институти физикаю - техникии Академияи илмҳои Тоҷикистон (аз соли 1964) оғоз гардид. Аммо дере нагузашта ӯ ба қарори қатъие омад, ки ҳайёти минбаъдаи худро ба таҳқиқӣ кайҳон дар Институти астрофизикаи АИ ҶТ (аз соли 1966) раҳандозӣ намояд. Ва ба ин қарори худ ӯ то лаҳзаҳои охири хаёташ содиқ монд. Солҳои 1977-1992 номбурда вазифаи директори Институти астрофизакаро ба ӯҳда дошта, дар давраи роҳбариаш расадхонаи Байналмилалии астраномии Санглохро бунёд намуд, ки он бомуваффақиятона ба кор шурӯъ намуд.

М.Н. Махсумов яке аз назариячиҳои маъруфи мамлакату ба ҳисоб рафта, доираи тадқиқотҳои илмиаш (зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ ва 2 рисола) асосан ба омӯзиши сохтор ва динамикаи системаҳои ситораҳо бахшида шудаанд. Ӯ усулҳои назарияи кинетикии плазма ва усулҳои асимптотикии назарияи лаппишҳои ғайрихаттиро барои омӯхтани сохтор ва динамикаи галактикаҳо тадбиқ намуда, ноустувориҳои ҷозибавиро аввалин маротиба дар динамикаи галактикаҳо ошкор намуда аст. Махсумов М.Н. барои меҳнати шуҷоатмандона борҳо бо медалу мукофотҳои дигари замони Шӯравӣ қадршиносӣ карда шудааст.

Музаффар Нусратуллоевич марди бовиҷдону, ростқавлу, поктинату ниҳояд хоксор буд. Вуҷуди ӯ аз кибру ғуруру, ҳагомаҷӯиву каҷниҳодӣ ораста буда, тамаллуқкорон, маддоҳон ва нафарони аз мансаб сӯистифодакунандаро намепазируфт. Ӯ тамоми ҳастии худро ба илм бахшида, худ тавре одиёнаю хоксорона зиндагӣ намуд, ки аксарият ба хонадони маъруфи кишвар мансуб буданашро ҳис намекарданд. Ба дӯстон содиқу нисбати ҳамкорон муносибати бисёр ҳам пурлутфу самимона дошт. Аз ин рӯ ном ва хотираи неки устоз Махсумов Музаффар Нусратуллоевич ҳамеша дар ёди ҳамкорону дӯстон бо некӣ боқи хоҳад монд. Зеро бузурге фармуда:

Зиндаву ҷовид монд, ҳарки накӯном зист,

К-аз оқибаш зикри хайр, зинда кунад номро.

Номзади фанҳои физикаю математика, Ходими калони илмии Институти астрофизика Мирҳусен Нарзиев



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi