19:11:09 24-уми Октябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Декабр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Дарди мову дарди башар

Бобоҷони Шафеъ, «Рӯзгор»

Ба назар мерсад дар сиёсати зидди мухаддиротии олам тадриҷан як консепсияи санҷидашудаи мубориза бо маводи мухаддир дар минтақаи Осиёи Марказӣ шакл мегирад. Дар замоне, ки иддае аз таҳлилгарон аз шикасти нерӯҳои ҷаҳонӣ дар мубориза бо маводи мухаддир ҳарф мезананд, СММ ба ин бовар аст, ки барномаҳои талош барои коҳиши зарар ва талабот ба мухаддирот ҳамоно комёбтар аз қабланд. Мушкилоти ин кор на ба он маъност, ки барномаҳо ноком шудаанд, балки аз онанд, ки шеваҳои мубориза бо мухаддирот такмил мехоҳанд.

dardi-bashar-458798Александр Сичёв, намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ эълон кард, ки СММ то соли 2016 низ Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро маблағгузорӣ мекунад. Мавсуф зимни як сафари корӣ ба Душанбе бо Директори Агентӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии нашъамандӣ ва ҳамчунин рафти татбиқи лоиҳаи Раёсати мазкури СММ "Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ- марҳилаи III", ки қарор аст охири соли 2013 ба итмом  расад, мавриди сӯҳбат қарор дод. Тасмими идомаи маблағгузорӣ ба маънои қаноатмандии ин ниҳоди байналмилалӣ аз ҷараёни мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон аст.

Дар ин миён Агентӣ пули иртиботии ин мубориза на танҳо дар ҳавзаи кишварҳои ИДМ, балки мамолики маблағгузори лоиҳаҳои татбиқшавандаи зиддимухаддиротии байналмилалӣ маҳсуб мешуд. Зеро зарфи ин бештар аз 14 соли фаъолият нақши ҳамоҳангсози мубориза бо мухаддирот дар саргаҳи интиқоли маводи мухаддири тавлиди Афғонистонро бозид.

Ҷомеаи байналмилалӣ низ бо ҳамин ҳадаф ба бунёди ин ниҳоди вижаи зиддимухаддиротӣ дар Тоҷикистон даст зада буд. Тӯли ин бештар аз 14 сол борҳо фаъолияти он мавриди тафтишу таҳқиқи коршиносони байналмилалӣ қарор гирифтаву натиҷаҳои ба дастоварда ва шеваи роҳандозии мубориза бо мухаддирот мавриди қабул қарор гирифтааст ва ҳамзамон тасмим бар ин шуда, ки боз ҳам барои мӯҳлати дигар ин ниҳод маблағгузорӣ ва кӯмак карда шавад.

Пирӯзу мағлуб дар муборизаи мухаддиротӣ

Юрий Федотов, Ҷонишини Дабири кулли СММ ва Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ соли гузашта дар ҷараёни боздидаш аз Агентии назорати маводи нашъаовар гуфта буд, ки мо дар мубориза бо мухаддирот пирӯз наомадем, аммо мағлуб ҳам нашудем.

Генерал Рустам Назаров, ки аз оғоз то ба имрӯз бори масъулияти ин роҳбариро мекашад, дар посух ба саволи нигоранда, ки оё метавон мутмаъин буд, ки мубориза бо маводи мухаддир низ рӯзе ба поён мерасад, посух дода буд:

"Албатта, ин орзуи ҳар кадоми мост, ки Тоҷикистони азизро бе маводи нашъаовар бинем. Мухаддирот аллакай садҳо хонадонро доғдор кард, ҳазорҳо танро ба доми худ кашид,  ҳазорҳо тифлро аз падару аз модар маҳрум намуд. Мехоҳем ин Ватану ин миллатро аз хатари нобудӣ наҷот диҳем. Вале касе итминон дода наметавонад, ки мубориза бо маводи нашъаовар рӯзе ба поён мерасад. Хадамоти махсуси олам қудрати онро доранд, ки бо нерӯи муташаккил ба муқобили гурӯҳҳои ҷиноӣ муқовимат кунанд, даҳҳо ҳазор тан аз онҳоро боздошт ва ба маҳбас андозанд. Аммо кор бо ин ба анҷом намерасад. Бо садҳо ҳазор истеъмолкунанда ва мубтало ба нашъамандӣ чӣ бояд кард? Кӣ кафолат дода метавонад, ки теъдоди онҳо намеафзояд? Аз ин рӯ кори мубориза бо нашъамандӣ  кори даҳсолаҳост ва дар он бояд ҳамаи нерӯҳои солими ҷомеа ширкат намоянд. Барномаҳои давлатии пешгирӣ аз нашъамандӣ, ки роҳандозӣ шудаанд, дар меҳвари муборизаи ҳамоҳанг ва дастаҷамъӣ давр мехӯранд".  

Юрий Федотов ва Рустам Назаров бар ҳамин як назаранд. Яъне, мубориза бо мухаддирот оғоз доштаву анҷоми номуайян. Зеро тавлид дар сатҳи ҷаҳонӣ рӯ ба рушд аст ва то замоне, ки он истеҳсол мешавад, бояд интиқол дода шавад, бояд тиҷорат кунанд, бояд истеъмол намоянд. Ва ин танҳо дарди Афғонистону Тоҷикистон нест, ин мушкили байналмилалист, ки иттиҳоду ҳамбастагии кулли давлатҳои оламро тақозо мекунад. Дар сатҳи ҷаҳонӣ ин ягона масъалаест, ки кишварҳо иттифоқи назар доранд ва ягон давлати дунё то кунун изҳор надошта, ки шарики мубориза бо мухаддирот нахоҳад шуд. Пас ин дард тавре боястӣ дарк шудааст.

Ин аст, ки Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон бори расолати башарӣ ба ӯҳда дорад. Зеро тарроҳони таъсиси он аз оғоз қасд доштанд аз вуруди мухаддироти тавлиди Афғонистон ба Русия ва аз он тариқ ба дигар мамолик ҷилавгирӣ кунанд. Зеро нек дарёфта буданд, ки ташкили мубориза дар саргаҳи интиқоли он ба маротиб осонтар ва каммасрафтар аз роҳандозии мубориза дар кишварҳои Аврупост.   

Дар мавриде Юрий Федотов зимни сӯҳбат бо маҷаллаи "Индекс Безопасности" гуфта буд: "Осиёи Марказӣ наздик ба минтақае ҷойгир шудааст, ки тақрибан ҳамаи афюни истеъмолии ҷаҳон дар он тавлид мегардад. Аз ин рӯ ин минтақа чун сипари аввалин дар роҳи густариши мухаддироти истеҳсоли Афғонистон дониста мешавад. Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар доираи фаъолиятҳои худ ба таъсиси Агентии миллии назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон кӯмак намуд, ки ҳоло пешгоми мубориза бо мухаддирот дар ин минтақа шудааст. Таъсиси Агентии Тоҷикистон имкон дод, ки бо созмонҳои дигар равобити ҳасана ва созанда ба роҳ монда шавад ва бо кӯмаки Раёсати СММ ва маблағгузорони дигар ҳоло ниҳоди ҳамсон дар Қирғизистон ташкил карда мешавад".

Ин тозатарин баҳо ва арзёбии фаъолияти Агентӣ аз ҷониби шахсияте, ки сарпарастии Раёсати басо муҳимеро дар СММ ба ӯҳда дорад.

Мо ва Афғонистон: кишту тавлиди онҳо ва муборизаи мо

Тоҷикистон бо Афғонистон зиёда аз 1344 километр марзи муштарак дорад. Пайроҳаҳои морпечи кӯҳӣ, дарёи паҳновар, шароити кӯҳистон ва ҷангалҳову бешазорони хурду бузург кори мубориза бо мухаддиротро ба мушкил рӯ ба рӯ месозад. Наметавон гуфт, ки дар имтидоди ин беш аз 1344 км ҳама гузаргоҳҳои аёну ноаёни марзӣ пӯшиш дода мешаванд. Ҳарчанд Ҳукумати кишвар талош дорад бо мақсади таъмини тамомияти арзии худ маблағҳои бештарро сарфи ҳифозати марзҳо кунад. 

То замоне, ки Афғонистон чун бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир боқӣ мемонад, мухаддирот минтақаро таҳдид мекунад. Ҷанги бештар аз сисола иқтисоди ин кишварро комилан аз байн бурдааст. Бекорӣ дар ҳадди олист, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳам ваъдаи худро дар мавриди кӯмак ба кишти алтернативӣ иҷро накардааст. Ҳарчанд коҳиши майдони кишти кӯкнор дар вилоятҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад, вале ин маънои онро надорад, ки дар маҷмӯъ интиқоли мухаддирот коҳиш меёбад.

Рустам Назаров аз ҷараёни мубориза бо кишту тавлиди мухаддирот дар Афғонистон изҳори хушбинӣ мекунад ва мегӯяд чун мо бо ниҳодҳои зирабти он ҳамкориҳои наздик дорем, талошҳои онҳоро дар ин самт мебинем ва ба он аҷр мегузорем. Далели ин мусодираи даҳҳо тонна маводи нашъаовар ва афзудани теъдоди вилоятҳое мебошад, ки дар онҳо зироатҳои нашъадор кишт карда намешаванд. Вале мушкил он аст, ки субот дар кишвар вуҷуд надорад ва ин кори мубориза бо мухаддиротро ҳам душвор мекунад.  

Агентӣ дар кишвар ва хориҷ аз он ягона ниҳодест, ки дар се вилояти ҳаммарзаш бо Афғонистон дафтарҳои намояндагии расмӣ дорад, ки афсарони иртиботиаш дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдори Афғонистон саргарми ҳам омӯзиши вазъи мухаддиротиянд ва ҳам ба ҷамъоварии маълумот дар бораи шахсон ва гурӯҳҳои алоқаманд ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаодор дар ду тарафи руди Ому мебошанд. Сари чанд вақт, бо истифода аз фурсати муносиб ва ошкор шудани қасди интиқолу фурӯши мухаддирот даст ба амалиётҳои муштарак мезананд.

Бино ба иттилои Шӯъбаи равобит бо ҷомеаи Ситоди Агентӣ тӯли муддате, ки афсарони алоқаи Агентӣ дар Афғонистон ҳузур доранд, бо роҳандозии 225 амалиёт бо ниҳодҳои гуногуни қудратии ин кишвар аз муомилоти ғайриқонунӣ бештар аз 15 тонна маводи мухаддир мусодира намудаанд. 49 корхонаи хурди тавлиди мухаддиротро ошкор ва нобуд сохтаанд ва 293 нафар ба ҷурми даст доштан ба қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд.      

Зарфи ним соли сипаришуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 537 чинояти алоқаманд бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар сабт шудааст ва мусодираи мухаддирот ба 3743 килову 563 грам расидаву дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 10,7% афзоиш доштааст.  

Агентӣ бошад дар ин ним сол аз ифшои 53 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар 461 килову 786 грамм маводи мухаддир мусодира кардааст, ки аз нимсолаи аввали соли гузашта 52,2% зиёд будааст. 

Ҳамчуноне дида мешавад, ҳатто овозаҳо ва сару садоҳои баъзе расонаҳо дар хориҷ аз кишвар дар мавриди заъфи мақомоти зидахли кишвар дар мубориза бо маводи мухаддир дар сояи арқоми расмии овардашуда дур аз мантиқ аст.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi