23:09:35 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Бӯҳтони маҳз дар бораи як суруди таърихии дарӣ - II

Додоҷон Обидов, доктори илмҳои филологӣ

Ба ифтихори ҷашни 94-мин солгарди Истиқлолияти Афғонистон

Масалан, дар китоби "Афғонистон дар масири таърих" (Мир Ғуломмуҳаммад Ғубор, Кобул, 1346 ҳ.) аз он суруд мисрае дар шакли "Ропити кал лоти калон ас, биё бачем, ангур бихӯр" низ чоп шудааст.

anguri-mo-49889Тавре ки мебинем дар ин мисраъ ба кал будани сари генерал Робертс ишора рафтааст, ки зимни он ифодаи як назари таҳқиромези мардум нисбат ба ин золими гузаро ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ, шояд Ч.Дарстетер номи генерал Робертсро ба суруд ба маънии манфиаш, яъне ба хотире дода бошад, ки дар нусхаҳои ба ӯ маълум Робертс ҳадафи хандаи таҳқиромез қарор гирифтааст. Ба ҳар ҳол гумон намеравад, ки мардуми авом дар васфи ин генерали сангдил суруде аз қобили "Биё бачем, ангур бихӯр"-ро эҷод карда бошанд.

Чаҳорум масъалае, ки Г.Ф.Гирс ба он низ дахолат кардааст, ба мисраъ ё ибораи "Биё бачем, ангур бихӯр" иртибот мегирад. Мавсуф намедонад, ки ин ибора, ки дар охири ҳар мисраи суруд ба ҳайси нақарот такрор мешавад, аз куҷо ибтидо меёбад ва он бо мӯҳтавои суруд чӣ муносибате дорад. Дар воқеъ, ин масъала дар нусхаи фавқан зикршудаи суруд гунг аст ва кас гумон мекунад, ки ибораи "Биё бачем, ангур бихӯр" бо суруд кадом иртиботи мантиқӣ надорад. Дар ин бора нусхае, ки дар маҷмӯаи "Фолклори даризабонони Афғонистон" (мураттиб С. Норматов, Душанбе, 1974) дарҷ аст, низ чизе намегӯяд.

Аммо нусхае, ки аз тарафи шоир Поиз Ҳанифӣ таҳия ва нашр шудааст, ин масъаларо то андозае равшан месозад. Матни он нусхаро зикр менамоем:

Ҷанги Ангрезу Афғон аст,

биё бачем,ангур биху!

Муҳаммадҷон марди майдон аст,

биё бачем, ангур биху!

Сабзии тока бубӣ,

Дилҳои пока бубӣ,

Кори мо ҷангидан аст.

Улфати хока бубӣ.

Айюбхон шери ғуррон аст,

биё бачем, ангур биху!

Мирбача борутрасон аст,

биё бачем, ангур биху!

Хоби мо бар сари санг,

Ишқи мо ғайрату нанг,

Қуввати мо туту талқон,

Кори мо фатҳ асту ҷанг.

Сарбозӣ кори мардон аст,

биё бачем, ангур биху!

Озодӣ фахри афғон аст,

биё бачем, ангур биху!

Боғи бедевори мо,

Шаршари обшори мо,

Ҷилваҳо дорад ба ток,

Хӯшаи пурбори мо.

Ҳусайнӣ ҳусни хубон аст,

биё бачем, ангур биху!

Кишмишӣ нуқли майдон аст,

биё бачем, ангур биху!

Хӯшаҳо пуршабнам аст,

Нӯши ҷон кун, марҳам аст,

Тӯли ҳар хӯша, бачем,

Чарака кам дар кам аст.

Ғуландом гули биёбон аст,

биё бачем, ангур биху!

Қиматаш хеле арзон аст,

биё бачем, ангур биху!

Он гуна, ки дида мешавад, дар ин нусхаи суруд мавзӯи марбути ибораи "Биё бачем, ангур биху!" ба рангу бӯи дигар ба ҷилва меояд, яъне ибораи мазкур дар ин нусха бо мӯҳтавои суруд амиқан мепайвандад ва ҷиҳати дарки матолиби он ба ҳайси яке аз ҷузъиёти таркибии сохтори асари мардумӣ хизмат мекунад. Чун дар ин нусха ҳамзамон бо тасвири шароит ва ҷараёни ҷанг ва зикри амалиёти раҳбарони аскарбачаҳои разманда навъҳои гуногуни ангури токпарварони маҳаллии минтақаҳои кӯҳистони Афғонистон низ мавриди васфу ситоиш қарор гирифтаанд, ногузир саволе ба миён меояд, ки мурод аз ин гуна васфу ситоиши навъҳои мухталифи ангур чӣ бошад?

Ба андешаи ин ҷониб мурод аз ин тасвиру ситоишҳо хотирнишон, эътироф, таъкид намудани масъалаи дар шароити кӯҳистони Афғонистон яке аз ғизоҳои мавриди ниёзи аввалияи мардум дониста шудани ангур дар зиндагии онҳо, аз ҷумла дар майдонҳои набарди эшон алай-ҳи душманонашон мебошад, ки ин матлаб дар мисраи "Кишмишӣ нуқли майдон аст" таври равшан баён гардида аст.

Ҳақиқатан ҳам, ба шаҳодати маълумоти ба дастомада дар ноҳияҳои самти шимоли Афғонистон дар даврони ҷангҳои озодихоҳонаи мардуми ин кишвар алайҳи истеъморгарони Инглис ба сабаби қаҳти соири анвои маводи хӯрока ангур аз ғизоҳои асоситарини ҷанговарон ба шумор мерафта аст, яъне онҳо баҳри амалиёти ҳарчи беҳтарашон ангур мехӯрданду бо истифода аз ангур ба ҷанг мерафтаанд. Дар ин бора донишманди мумтоз мӯҳтарам Шамсулҳақ-Ориёнфар маълумотеро аз ёдоштҳои хеш таври хаттӣ дастраси мо намудаанд, ки ҳоло онро мехоҳем ҷиҳати равшанӣ андохтан ба масъалаи мавриди баҳс ин ҷо иқтибос намоем:

Суруди "Биё бачем, ангур бихӯр" суруди маҳали кӯҳистони Афғонистон аст, ки аксаран ҷангҳои озодихоҳии бошандагони ин кишвар бештар дар ҳамин минтақа рӯйдода ва аз ҳамин минтақа сарнавишти ҷанг таъин шудааст. Вақте инглисҳо дар соли 1839 ва 1878 ба Афғонистон ҳуҷум оварданд, минтақаи ангурхези шимолӣ асоситарин минтақаи ҷанг буд. Ҷанг аксаран дар фасли тобистон дар мавқеъе, ки ангурҳо пухта мешаванд, рух додаанд.

Нируҳои муҳоҷим ба хотири амалиёти беҳтар ҳамеша ҷангро дар тобистон оғоз мекарданд ва онҳо ҳамеша манотиқи шимолиро муҳосира менамуданд, то афроди ҷангӣ дар натиҷаи камбуди маводи ғизоӣ маҷбур ба таслимӣ шаванд. Афроди бумӣ, ки дар дифоъ аз истиқлол ва озодӣҷанг мекарданд, барои омода будан дар ҷанг аз имконияти бумии худ истифода менамуданд ва дар ин минтақа, ки ҷаву гандум камтар кишт мешавад ва аксар заминҳо ангурбоғ аст, ногузир буданд фақат аз ангур истифода кунанд.

Дар даврони ҷангҳои шӯравиҳо ва баъдҳо ҳангоми ҳуҷуми толибон ба Афғонистон асоситарин минтақаи ҷанг боз ҳам ҳамин минтақаи шимолӣ буд ва мо худ шоҳид будем, ки мардум чандин ҳафта, ки дигар ҳеҷ навъ маводи ғизоӣ надоштанд, фақат ангур мехӯрданд ва ҷангро идома медоданд. Аз ин ҷост, ки метавонем мушаххас созем ва бигӯем: вақте дар суруд гуфта мешавад-"Биё бачем, ангур бихӯр" ва баъд матолиби дигаре дар ситоиши қаҳрамонони ҷанг меояд, нишон медиҳад, ки мардум дар ҷараёни ҷанг фақат аз ангур истифода мекарданд ва ҷанги худро давом медоданд ва ибораи "Биё бачем, ангур бихӯр" даъвате аст аз аскарбачаҳои ҷангӣ барои истеъмол аз ангур".

Дар бораи суруди -"Биё бачем, ангур бихӯр" шоир Поиз Ҳанифӣ низ ибрози ақида намудааст. Ба қавли ӯ мавқеъ ва мавриди иҷрои ин суруд ба давраи бардошти ҳосили ангур дар манотиқи Кӯҳдомани Афғонистон, ки моҳҳои асад, сунбула ва мизонро дарбар мегирад, рост меояд. Андешаҳои Поиз Ҳани-фӣ хусусан дар бораи ҳангоми ҷанг ғизои асосии размандагон маҳсуб будани ангур ва дар суруд бо чӣ мақсад аз тарафи кӣ истифода гардидани нақароти он қобили мулоҳиза буда, воқеъяти суханони Ориёнфарро комилан ба тасдиқ мерасонад.

Вай мегӯяд: "Дар он ҳангоми ҷанг ва пайкори афғонҳо алайҳи Инглис субҳгоҳон дӯшизагон ва занони рустони токистонҳои Кӯҳдоман сабадҳои бӯрёиро ба сар ниҳода, гурӯҳ-гурӯҳ бо ҷавонони сармаст ва пуршӯри фомилҳои худ ба токистонҳо мерафтанд ва хӯшаҳои ангурро мечиданд ва дар ҷараёни чидани ангур оҳанги шӯрангези "Биё бачем, ангур бихӯр" - ро месуруданд ва ба сароидани он на фақат аз аскарбачаҳои ҷангӣ барои хӯрдани ангур даъват ба амал меоварданд,балки ба ин восила армонҳои аср, талошҳои рӯҳӣ ва шӯри озодихоҳии худро бо алфози содда ва омиёна баён медоштанд".

Аз гуфтаҳои боло натиҷае бармеояд, ки вуҷуди ибораи "Биё бачем, ангур бихӯр" дар суруди мавриди баҳс бесабаб намебошад. Вай бо мӯҳтавиёти суруд иртиботи мантиқӣ дорад ва дар сохтори ин асар вазифаи услубиро анҷом медиҳад. Ин ибора моҳиятан даъвате мебошад аз размандагони афғонӣ барои истифода аз ангур, ки он дар замони ҷангҳои мардуми Афғонистон бар зидди истисморгарони Инглис дар минтақаи Кӯҳдоман аз ғизоҳои умдатарини ҷангӣ маҳсуб мегардида аст. Метавон гуфт, ки дар ин ибора ҳусну таваҷҷӯҳ ва эҳтироми мардуми бумии минтақаи кӯҳистони шимолии Афғонистон нисбати аскарбачаҳои ватанашон аз душманони хориҷӣ нуҳуфта аст.

Ин буд чанд мулоҳизаи кӯтоҳ перомуни гуфтаҳои фолклоршинос Г.Ф.Гирс, ки дар робита ба суруди "Биё бачем,ангур бихӯр" иброз дошта аст. Месазад гӯем, ки ин гуфтаҳо бӯҳтони маҳзанд дар бораи суруди ёдшуда, чунин бӯҳтонеанд, ки дар натиҷаи ғалат дарк намудани матолиби сурурд ва ба сабаби набудани маводи кофӣ дар ихтиёри муҳаққиқ сар задааст. Ин гуфтаҳоро, ки унвонии асари мазкур баён шудаанд, ҳамаи нусхаҳои суруд рад мекунанд.

Хусусан баъди мутолиаи нусхае, ки матнаш дар болотар зикр гардид ва он аз тарафи Поиз Ҳанифӣ гирдоварӣ ва нашр шудааст, ба беасос будани даъвоҳои Г.Ф.Гирс шубҳае боқӣ намемонад. Аз рӯи ин нусха пайдост, ки суруди "Биё бачем,ангур бихӯр" дар воқеъ асари асили фолклорӣ аст. Дар ин падидаи завқию зеҳнии мардумӣ агар аз сӯе аз як ҳодисаи муайяни таърихӣ, ки барангезандаи эҳсосоти пуршӯр ва авотифи ҳамагонӣ буда метавонад, ёд шуда бошад, аз сӯи дигар, дар он аз далерию шуҷоат ва қаҳрамониҳои сарварони қӯшунҳои миллии давлати Афғонистон, ки дар роҳи пирӯзии адолат ва дар мавриди пеш будани қиёмҳои мардум саҳме доштаанд, таҳлил ва такаррим ба амал омадааст.

Ин суруд на фақат тарсимкунандаи тасвири манзарҳои ҷангҳои одилонаи мардуми Афғонистон дар зеҳни шунаванда ва хонанда аст, балки вай баёнгари орзую омоли размандагон дар бораи ба даст даровардани ғалаба бар таҷовузгарони Инглис мебошад. Суруд аз ғояҳои ватандӯстию озодихоҳӣ саршору гаронбор аст, ки ин ғояҳо аксаран аз забони худи фидоиёни маҳаллӣ, ки хобашон "бар сари санг"-у ишқашон "ғайрату нанг" аст, бозтоб гардидаанд.

Тавассути ин суруд ҳодисаҳое пеши назар меоянд ва дар зеҳнҳо нақш мебанданд, ки онҳо дар китобҳои оид ба таърихи Афғонистон ба ҳайси муҳимттарин рӯйдодҳои тақдирсози сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ сабт шудаанд. Дар бораи суруди мазкур аз тарафи донишмандон ва фарҳангиён андешаҳои пурарзише иброз шудаанд, ки ин худ баёнгари хусусияти ҳақшиносӣ ва эътирофи пажӯҳишгарон аз асарҳои мардумӣ аст. Суруди "Биё бачем,ангур бихӯр" далели равшани болои зиндагии мардум, ба вижа тӯдаҳои заҳматкаш таъсир гузоштан ва солҳои сол дар дилҳо зинда мондани осори шифоҳӣ мебошад. Нусхаҳои ба дастомадаи ин суруд нишон медиҳанд, ки ҳар як асари мардумӣ зиндагинома - таърихи худро дорост.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi