18:48:29 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Баҳси маводи мухаддири Афғонистон дар Душанбе

Нишасти раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Эрон, Покистон, Чин, ИМА, Туркия ва Русия моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

jalasai-mavodi-mukhaddir-45Масъулони дафтари матбуоти Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 8-уми октябр зимни тасдиқи ин хабар  гуфтанд, ки "Рустам Назаров, раиси оҷонсӣ дар мулоқот бо Владимир Каландой, муовини раиси Хадамоти назорат бар гардиши маводи мухаддири Русия таъкид кард, ки дар нишасти қарибулвуқӯи раҳбарони ниҳодҳои алайҳи маводи мухаддири кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Эрон, Покистон, Чин, ИМА, Туркия ва Русия дар шаҳри Душанбе, масоили муқобила бо қоҷоқи маводи мухаддир аз Афғонистон баҳс хоҳад шуд."

Зеро Рустам Назаров гуфтааст, ки "мо мехоҳем то аз тариқи ин нишаст, ба  ҳамтоёни афғони худ имкон бидиҳем, вазъи марбут ба маводи мухаддир, талошҳо дар мубориза бо ин зуҳуротро бозгӯ кунанд ва пешбиниҳо барои соли 2014 ва 2015 -ро баён намоянд".

Аммо раиси Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ин кишвар тамоми тадобирро ба манзури ҷилавгирии каналҳои интиқол ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба қаламраваш рӯи даст гирифтааст.

Рустам Назаров бо муовини раиси Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Русия ҳамчунин раванди иҷрои созишномаи ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар заминаи кӯмак ба Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Ин санади ҳамкорӣ соле қабл дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.

Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон дар беш аз 10 соли қабл ба манзури назорат ва мубориза бар маводи мухаддир таъсис шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон, мавориди интиқоли маводи мухаддир тавассути гуруҳҳои қочоқбар аз кишвари ҳамсоя, ки манбаи аслии тавлиди маводи мухаддир аст, ба мушоҳида расидааст.

Зимнан, ба иттилои мақомоти Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон, аз соли 1994 то кунун дар қаламрави кишвар 99 тонаву 208 килограм маводи мухаддир мусодира шудааст. Мақомоти ин ниҳод мегӯянд, ин миқдор маводе, ки мусодира шудааст, ба таври қочоқӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шудааст". Аз ин ҷумла 32, 5 тонаи он ҳероин, 36,1 тона тарёк ва 29,1 тонаи дигар ҳашиш будааст.

Аммо мақомоти Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯянд, дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ аз гардиши ғайриқонунӣ 3 тонаву 743 килограм маводи мухаддир кашфу мусодира шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 11 дарсад бештар аст.

Дар ин муддат дар қаламрави кишвар 537 ҷинояти вобаста ба интиқол ва қочоқи маводи мухаддир сабт шудааст, ки дар муқоиса ба шаш моҳи соли гузашта беш аз 4 дарсад зиёд аст. Ҳамчунин ба иттилои масъулони Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир, дар нимаи нахусти соли ҷорӣ 33 тан аз шаҳрвандони хориҷӣ ба иттиҳоми интиқол ва қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд, ки 27 нафари онҳо шаҳрвандони Афғонистон, 1 нафарӣ аз Русия, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳастанд.

Аз шаҳрвандаони хориҷӣ дар ин давра 447 килограм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки дар муқоиса ба соли пеш 356 килограм зиёд аст. Аз сӯи дигар дар ин муддат ба гузориши Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир, 49 шаҳрванди Тоҷикистон барои интиқол ва қочоқи маводи мухаддир дар хориҷи кишвар, ба хусус Русия ва Қирғизистон боздошт шудаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi