20:51:37 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Додгоҳи "муллои ҷодугар" оғоз мешавад

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 18 октябр ба баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи Асадулло Иброҳимов, маъруф ба "муллои ҷодугар", шурӯъ мекунад.

mulloi-jodugar-48745Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фардо ҷумъаи 18 октябр ба баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи Асадулло Иброҳимов, маъруф бо "муллои ҷодугар" шурӯъ мекунад. Масъулони додгоҳи ноҳияи Сино, рӯзи панҷшанбеи 17 октябр зимни тасдиқи ин хабар ба мо гуфтанд, ки "мурофиаи додгоҳӣ пас аз зӯҳри 18 октябр таҳти раисии Исмоил Давлатов, муовини раиси додгоҳи ноҳии Сино баргузор мешавад."

Масъулон гуфтаанд, ҳарчанд ба ин парванда мӯҳри “махфӣ” зада нашудааст, аммо тибқи қонун, мурофиаи додгоҳ пушти дарҳои баста сурат мегирад, зеро ба ҳаёти маҳрамонаи  шаҳрвандон рабт мегирад. Бо зикри ин, масъулони додгоҳ аз ироаи ҷузъиёти бештар дар мавриди парвандаи "муллои ҷодугар" худдорӣ карданд.

Тафтиши парвандаи Асадулло Иброҳимов тавассути додситонии ноҳияи Сино дар аввалҳои моҳи ҷорӣ анҷом ёфта ба додгоҳ фиристода шуд. Тафтиши парвандаро Баҳриддин Эмомов, муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино бар дӯш дошт ва ба гуфтаи вай, алайҳи Асадулло Иброҳимов аз рӯи банди 139-уми Кондекси ҷиноии Тоҷикистон - “ҳаракатҳои зӯроварии хусусияти шаҳвонӣ дошта” иттиҳом  эълон шудааст. Дар сурати собит шудани гуноҳи Асадулло Иброҳимов, ба ӯ аз 5 то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ба ҷуз иттиҳоми “ҳаракатҳои зӯроварии хусусияти шаҳвонӣ дошта” нисбати "муллои ҷодугар" айбҳои дигаре низ эълон шудааст, аммо мақомот то замони баррасии парванда дар додгоҳ аз изҳори он худдорӣ мекунанд.

Ҳудуди ду моҳи пеш наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш гардид, ки баҳси пуршӯреро ба бор овард. Дар навор як зану як мард ҳузур доранд, ки яке зоҳиран "табиб" ва дигаре бемор аст. "Табиб" бо қироати сураҳо ба бадани зан даст мезанад ва тавре рафтор мекунад, ки гӯё ҳаракатҳои шаҳвонӣ бахше аз табобат бошад. Ин навори видеоӣ маҳкумияти зиёди тамошобинонро ба бор овард. Мақомоти тоҷик низ ин наворро маҳкум ва дар пай "муллои ҷодугар"-ро, ки Асадулло Иброҳимов ном дошта, гуфта мешавад аз фарзандони як руҳонии бонуфузи кишвар будааст, боздошт карданд.

Пахши навори шаҳвонӣ дар Youtube баҳсҳои доғеро дар шабакаҳои иҷтимоии кишварҳои ҳамсоя низ ба бор овард. Баҳскунандаҳо аз он норозианд, ки ин мард бо суиистифода аз каломи муқаддас ба ҳадафҳои шаҳвониаш расидааст.

Аммо хабари боздошти "муллои ҷодугар" - ро вазорати корҳои дохилӣ тариқи торнамои худ чунин баён карда буд: “Шаҳрванд Иброҳимов Асадулло Халилович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Лучоб, рӯзи 12-уми августи соли равон аз ҳолати оҷизонаи Р.З, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакиро  истифода намуда, дар манзили истиқоматиаш бо ў ҳаракатҳои дорои хусусиятҳои шаҳвонӣ кардааст.” Сухангӯи вазорат шарҳ додааст, ки боздоштшуда ба баҳонаи аз тариқи дуохонӣ аз маризӣ раҳо кардани духтарон бо онҳо муносибати маҳрамона доштааст.

Аз шӯъбаи милисаи ноҳияи Синои пойтахт ба мо хабар дода буданд, ки Асадулло Иброҳимовро кормандони ин шӯъба дастгир кардаанд. Нарзулло Нидоев, ки қаблан ба сифати нозири минтақаии ин ноҳия дар кӯчаи Лучоб фаъолият кардааст, мегӯяд, Асадулло Иброҳимов аз хонаводаи бонуфузи рӯҳонӣ ва бародараш Убайдулло пешнамози масҷиди ҷомеъ аст. Аммо ӯ дар мавриди таҳсили динӣ доштан ё надоштани Асадулло Иброҳимов изҳори бехабарӣ кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi