00:28:02 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"Бор" аз келини Қозидавлат Қоимдодов буд?

Масъулони додситонии нақлиётӣ мегӯянд, баррасии парвандаи Муштарӣ Муборакшоева ба Вазорати корҳои дохилӣ супурда шудааст ва тафтиши парванда дар ин ниҳод идома дорад.

qoimdodov-4521855Саъдулло Қаюмов, як масъули додситонии нақлиётии Тоҷикистон рӯзи 18-уми октябр ба мо гуфт, ки баъд аз дарёфти ҳероин дар фурудгоҳи Душанбе дар таърихи 16 сентябр, танҳо нисбати як нафар - Муштарӣ Муборакшоева, ки гуфта мешавад ҳамсари Қоимдод Қоимдодов - писари Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Белорус аст, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин масъули додситонии нақлиётӣ гуфт, ки онҳо танҳо риояи қонуниятро дар ин самт назорат мекунанд ва боқӣ баррасии парванда дар ихтиёри вазорати корҳои дохилӣ аст.

Қазияи дар фурудгоҳи Душанбе барои кӯтоҳмуддат боздошт шудани писари дипломати баландпояи тоҷик Қоимдод Қоимдодов дафъатан ба матубот роҳ ёфт, вале бо ин вуҷуд, то ҳол ҳеҷ нафаре аз мақомоти дахлдор омода набуданд, ки ин мавзӯъро ошкоро шарҳ диҳанд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов рӯзи 18-уми октябр дар сӯҳбат ба мо дар мавриди боздошти келини Қозидавлат Қоимдодод гуфт, ки "вай ҳоло дар маҳбас аст ва тафтишот гунаҳгор будани ӯро дар содир шудани ҷиноят мушаххас хоҳад кард."

Рӯзи 16 сентябр дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе писари Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Беларусро бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт кардаанд. Бино ба ин  манбаъ, Қоимдод Қоимдодов бо иттифоқи ҳамсараш Муштарӣ Муборакшоева субҳи 16 сентябр тавассути хатсайри 631 аз Душанбе ба Маскав ва аз онҷо бояд ба Минск парвоз мекарданд, вале ҳангоми гузаштан аз расмиёти гумрукии фурудгоҳи Душанбе аз сӯи кормандони гумрук боздошт шуданд.

Ин манбаъ афзуд, онҳо вақте мавриди шакк қарор гирифтанд, ки дар бағочи онҳо мошини тафтишоти коло маводи шубҳаангезеро нишон дод ва вақте бағочро боз карданд, аз «махфигоҳ» - и махсуси ҷомадони онҳо 2,5 кило маводи мухаддир кашф шуд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин иттилоъро таъйид ва ё такзиб накард.

Аммо субҳи рӯзи 17 сентябр маркази матбуотии Хадамоти гумруки Тоҷикистон эълон дошт, ки дар ин қазия нофаҳмиҳо ба вуҷуд омадаанд. Нурулло Шарипов, сарвари шӯъбаи матбуоти ин ниҳоде, ки боздоштро анҷом додааст, ба мо гуфт, ҳоло ба таҳқиқи ҳодиса додситонии нақлиёт машғул аст:

«Ҳоло таҳқиқ мешавад, ки бор аз кӣ аст, зеро дирӯз як нафари дигар ҳам дар ин робита дастгир шудааст. Ин сухан расмист. Дар фурудгоҳ ҳоло чунин низом аст, ки бағоч аз як роҳ, мусофир аз роҳи дигар меравад. Ҳоло мақомоти тафтишотӣ бояд муайян кунанд, ки бағоч ба кӣ тааллуқ дорад?»

​Бино ба иттилои матбуоти мустақил, баъди ин ҳодиса худи Қозидавлат Қоимдодов пайваста дар Душанбе ба сар мебарад ва дирӯз хабарнигори "Озодагон" акси падару писарро ба ҳангоми роҳ рафтан дар яке аз хиёбонҳои марказии Душанбе аксбардорӣ кард.

Айни замон, корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук мавзӯи дар боздоштгоҳи муваққат бо гумони интиқоли маводи мухаддир нигоҳдорӣ шудани хонум Муборакшоева - арӯси хонадони Қоимдодовҳоро зери тозиёнаи танқид гирифта, ҳадс мезананд, ки бо ин роҳ мардони хонадон  мехоҳанд аз ин қазия камосебтар берун шаванд.

Бархе бар ин назаранд, ки шояд муомилае дар дохили хонадон сурат гирифта ва хонум Муборакшоева розӣ шудааст, ки бори гуноҳро ба гардани худ гирад. Тавре таҷрибаи низоми додгоҳии Тоҷикистон нишон медиҳад, маъмулан барои ҷиноятҳои сангини назири интиқоли маводи мухаддир додгоҳ нисбати хонумҳои соҳиби фарзанд раҳму шафқатро раво дида, барояшон ҷазои сабуктар таъйин ва назар ба мардони гунаҳгор, дар мӯҳлати кӯтоҳ қонуни афвро низ тадбиқ мекунад.

Қоимдод Қоимдодов дар шаҳри Минск дар вазифаи референти Додгоҳи  иқтисодии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (СНГ) кор мекунад. Ҳеҷ нафаре аз Қоимдодовҳо то ҳол омода нашуд, ки дар ин бора бо матбуот сӯҳбат кунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi