05:21:28 03-уми Июни 2025 сол

"Нарх"-и билети ҳарбӣ то 800 доллар расидааст

Масъулони Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон мегӯяд, ки бо шурӯъи даъвати тирамоҳии хизмати аскарӣ, аллакай чанд «фиреб»-и кормандони Вазорати дифоъ ва "ставка" барои озод кардан аз хизмати ҳарбиро ошкор кардаанд. Тибқи хабари Оҷонсии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, бо шурӯъи даъвати тирамоҳии хизмати аскарӣ, маъракаи «ставка»-и ҳаққи озодӣ аз хизмати ҳарбӣ то ба 800 доллар баробар шудааст.

khizmat-58563Дафтари матбуоти Оҷонсии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 21-уми октябр ба мо гуфт, ки гурӯҳи зудамали Оҷонсӣ нозири мизи ҳарбии ҷамоати деҳоти Пахтаободи шаҳри Трусунзода Суҳроб Юсуповро барои аз хизмати аскарӣ озод намудан ва фурӯхтани билети ҳарбӣ боздошт карданд.

Суҳроб Юсупов дар авохири ҳафтаи гузашта аз Иброҳим Холмуродов, сокини ноҳияи Турсунзода барои раҳоӣ аз даъвати аскарӣ 800 доллар тақозо кардааст. Дафтари матбуоти Оҷонсии мубориза бо коррупсия меафзояд, ки гурӯҳи зудамали кормандони оҷонсӣ дар ҳоле Суҳроб Юсуповро боздошт карданд, ки вай аз Иброҳим Холмуродов бахши дуввуми маблағ, яъне 300 доллари боқимондаро мегирифт.

Ҳамчунин кормандони Оҷонсӣ барои фурӯхтани билети ҳарбӣ сардухтури маркази мубориза бо бемориҳои сили шаҳри Ваҳдат Алишер Исмоиловро низ боздошт кардаанд. Тибқи иттилои ин манбаъ, Исмоилов барои фурӯхтани билети ҳарбӣ аз Моҳсафар Касирова, сокини шаҳри Ваҳдат 500 доллари амрикоӣ талаб кардааст. Манбаъ гуфт, аллакай Алишер Исмоилов аз вазифаи садухтури Маркази мубориза бо бемориҳои сили ноҳияи Ваҳдат маҳрум карда шуд ва феълан алайҳи вай тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Ҳамин манбаъ афзуд, гурӯҳи зудамали Оҷонсӣ сардори мизи ҳарбии шаҳри Сарбанд Ҳикматулло Набиевро барои аз даъватшаванда Шӯҳратҷон Солиев талаб кардани 800 долар дар ивази хизмати аскарӣ боздошт кардаанд.

Дар авохири ҳафтаи гузашта кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусия Набиев Ҳикматуллоро ҳангоми ситонидани 800 доллари амрикоӣ боздошт карданд. Ба гуфти манбаъ алайҳи Ҳикматулло Набиев парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда тафтишоти пешакӣ идома дорад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854