20:13:41 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Эълони ҳукми "муллои ҷодугар" ба фардо гузошта шуд

Исмоил Давлатов, додраси парвандаи "мулло" гуфтааст, ки ҳукми судшаванда соати 10-и фардо 24-уми октябр эълон мешавад. Мавлудҷон Салихов, вакили дифоъи Асадулло Иброҳимов, маъруф бо "муллои ҷодугар" рӯзи 23-юми октябр гуфтааст, ки таъхир барои эълони ҳукм бо сабаби баланд шудани фишори додрас ба фардо гузошта шудааст.

mulloi-jodugar-4852123Ин дар ҳолест, ки рӯзи 23-юми октябр айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи Асадулло Иброҳимов аз додгоҳ барои фарди муттаҳам 8 солу шаш моҳи зиндонро тақозо кард. Амрулло Фозилов, айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи чоршанбеи 23 октябр зимни музокираи парвандаи Асадулло Иброҳимов, маъруф ба "муллои ҷодугар" ӯро дар даст доштани ҷиноятҳои ворида ба ӯ, муттаҳам дониста ва талаб кард, то нисбат ба ӯ ҳукми 8 солу шаш моҳ зиндонро раво бинад.

Муҳокимаи парвандаи пурсарусадои Асадуллоҳ Иброҳимов бо иттиҳоми қаллобӣ ва ҳаракатҳои зӯроваронаи шаҳвонӣ дар додгоҳи Сино аз 18 октябр ба ин сӯ идома дорад.

Исмоил Давлатов, муовини раиси додгоҳи ноҳияи Сино ва қозии ин парванда пурсарусадо рӯзи 21 октябр дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки "Асадулло Иброҳимов тибқи ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - моддаи 139, қисми 2, банди "а", яъне "ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонидошта" ва моддаи 247, қисми 2, банди "а", яъне қаллобӣ, мутаҳҳам дониста мешавад."

Қозии мурофиа аз рӯзи аввали муҳокима хабарнигоронро бо хоҳиши ҷониби ҷабрдида ба толори додгоҳ роҳ надод, вале ба гуфтаи ӯ, Асадулло Иброҳимов дар ҷаласаи ахири додгоҳӣ, ки рӯзи 21 октябр доир шуд, эътироф кардааст, ки худро қисман гунаҳкор мешуморад. Асадулло Иброҳимов дар ҷараёни мурофиа дар мавриди навори видеоии нашршуда гуфтааст, ки гӯё он зан ӯро ба ин кор водор карда бошад. Аммо Исмоил Давлатов аз ироаи ҷузъиёти дигари ин парванда худдорӣ кард.

Қозии парванда Исмоил Давлатов рӯзи 1;8 октябр қабл аз шурӯъи муҳокима гуфта буд, ҳарчанд парванда мӯҳри "махфӣ" надорад, вале муҳокимааш бо хоҳиши ҷониби ҷабрдида пушти дарҳои баста сурат мегирад. Аммо наздикони Асадулло Иброҳимов, ки он рӯз дар беруни дари додгоҳ ҳамроҳи хабарнигорон мунтазири анҷоми мурофиа буданд, гуноҳро бар сари зани ҷабрдида бор мекарданд. Яке аз онҳо бидуни бурдани ном гуфт: «Айб аз худи ҳамон зан аст. Шумо надидед, ки дар навор ҳам ҳамон зан худашро дар гардани мулло овезон мекунад?».

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi