16:59:18 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Паёми тунди Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ ва "дуохонӣ" рафтани Расул

Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон дар як изҳорот аз навиштаҳои матбуот дар бораи писараш изҳори нороҳатӣ кардааст.

hukumov-65655665Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ дар ин изҳорот, ки дафтари матбуоти ширкати роҳи оҳан рӯзи 23 октябр, танҳо ду ҳафта баъд аз садамаи ҳалокатбори шаби 9 октябр нашр кард, гуфтааст, агар писараш Расули Амонуллоҳ гунаҳкор бошад, бигузор тибқи қонун ҷазояш диҳанд, вале ба ақидаи ӯ, матбуот мунтазири анҷоми тафтишот наистода, дар бораи писари ӯ Расули Амонуллоҳ маълумоти бардурӯғ паҳн мекунад.

Ин изҳорот дар нашрияи "Нақлиёт"-и вазорати нақлиёти Тоҷикистон нашр шудааст. Раиси ширкати роҳи оҳан аммо баъди садамаи шаби 9 октябр, ки 3 кушта ба ҷо гузошт, ба Олмон рафтани писарашро тасдиқ карда, вале гуфтааст, ки ӯ ҳанӯз як ҳафта пеш аз ин ҳодиса билет харида буд.

Амонуллоҳи Ҳукматуллоҳ гуфтааст, барои таҳияи асноди чунин сафар беш аз як моҳ лозим аст, вале аз соати дуи шаби 9 октябр то соати ҳашти субҳ, ки ӯ ба Олмон парвоз кард, "чаро касе аз мақомоти марбута ӯро суроғ накард?" Оқои Ҳукуматуллоҳ афзудааст, "садамаи мазкур пурасрор боқӣ мемонад. Мумкин нест, ки дар замони садама Расул пушти фармон нишаста бошад."

Раиси ширкати роҳи оҳан дар поёни изҳороташ ба "таҳқиқи одилона"-и ин қазия даъфат карда, вале ҳарфе барои ҳамдардӣ ба наздикони қурбониёни ин садама нагуфтааст. Ӯ мегӯяд, ки хостори кадом мансаби баланд нест, ки "маро дар чашми раҳбарони давлат сиёҳ кунанд." Ӯ гуфтааст, намедонад, ки чаро дар атрофи ин садама ин қадар ғавғо бардоштанд? Ба назари ӯ, ин ҳама шояд кори дасти нафарони манфиатҷӯе бошад, ки мехоҳанд ӯро дар назди раҳбарони кишвар беобрӯ кунанд.

Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 11 октябр ба мо гуфта буд, ки тафтишот муайян кардааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақами қайди давлатиаш 20-20 РТ 01 Расули Амонуллоҳ, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе мебошад. 

Мошини БМВ-и ӯ, бино ба гузориши расмии вазорати умури дохилӣ, соати дувуними шаби 9 октябр дар хиёбони Рӯдакӣ аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба самти кӯчаи Ф.Ниёзӣ бо суръати баланд ҳаракат карда, ба мошини «ВАЗ-21014» рақами қайди давлатиаш 80-36 ВВ 01, таҳти идораи ронанда Саидов Аловуддин Аҳлиддинович, сокини кӯчаи Хӯҷамбиёи болои шаҳри Душанбе, бархӯрд.

Дар натиҷаи ин садама Саидов Аловуддин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ду мусофири дохили автомашинаи мазкур Исмоилова Сурайё, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Турсунзода, ва Уктам Мансуров, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе ва писари раиси чойхонаи "Роҳат", дар бемористон ба ҳалокат расиданд. Се нафари дигар дар натиҷаи ин садама захмҳои сангин бардошта, дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ шудаанд.

"Расулро дуохонӣ бурдаанд"

Қаблан гузориш шуда буд, ки Расули Амонуллоҳ ҳамагӣ чанд соат баъд аз садама ба Олмон парвоз кардааст. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи 22 октябр хабар дод, ки ӯ баргаштааст ва феълан дар бемористон аст. Дар сомонаи вазорат ду акси ӯ низ нашр шуд, ки писари раиси ширкати роҳи оҳанро бо дасти докапеч рӯи кати беморӣ дар бемористони ин ширкат намоиш медод. Аммо ба дунбол "Озодагон" хабар дод, ки Расули Амонуллоҳ баъди докабанд кардани дасташ ва акс гирифтан бо модараш бемористонро тарк кардааст.

Салоҳиддин Рустамов, сардухтури бемористони ширкати роҳи оҳан рӯзи 23 октябр  ба хабарнигори нашрияи "Фараж" гуфтааст, ки Расул феълан дар ин бемористон нест, чунки "ӯро пеши мулло дуохонӣ бурдаанд."

Мақомоти расмӣ Расули Амонуллоҳро 16-сола, вале бархе манобеъи дигар 18-сола ном мебаранд. Ӯ писари раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ аст, ки дар пайи ин садама таҳти оташи интиқодот қарор гирифтааст. Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ аз хешовандони наздики раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буда, дар аҳди раёсати ӯ ба мақомҳои баланди давлатӣ даст ёфтааст.

Бино ба тарҷумаи ҳоли Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, ки хабаргузории Tojnews.tj нашр кардааст, ӯ 1 майи соли 1951 дар ноҳияи Коммунистӣ ( ҳоло - Бохтар)-и вилояти вақти Қӯрғонтеппа (ҳоло -Хатлон) ба дунё омада, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ дар замони Шӯравӣ ба ҳайси фурӯшандаву мудири мағоза, раиси коргоҳи корхонаи консерви Қӯрғонтеппа, раиси хоҷагии ангурпарварӣ ва мудири дӯкони фурӯши маводи сӯхт(АЗС) кор кардааст.

Парвози ӯ ба мансабҳои баланд баъди рӯи кор омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта, Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ соли 1995 аз шаҳри Қӯрғонтеппа вакили парлумон интихоб шуда буд. То соли 2002 депутати Маҷлиси Олӣ ва баъд аъзои Кумита оид ба илм, маориф ва сиёсати ҷавонон интихоб шуд. То соли 2002 роҳбари ширкати давлатии «Нафтрасон» буд ва моҳи январи соли 2002 раҳбари ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон таъйин шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi