21:21:25 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Умре дар маҳбас. 23 сол ҳукми нави як узви зиндонии ҳизби Таҳрир

Маҳбусе, ки ба 14 соли зиндон маҳкум шуда буд, баъди ҳамагӣ 3 соли адои он ҳукм ба 23 соли дигар маҳкум шуд. Ин бор ҳам барои тарғиби ақидаҳои созмони дар Тоҷикистон мамнӯъи Ҳизб-ут-Таҳрир. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ як узви созмони тундгарои Ҳизб-ут-Таҳрирро барои тарғиби афкори ин ҳизб дар дохили зиндон ба 23 соли дигар маҳкум ва ӯро аз ҳаққи ҳаргуна фаъолияти ҳизбӣ барои 5 сол маҳрум кардааст.

mahbuson-4852144Азамат Ваҳҳобов, як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки бо гуноҳи барангехтани адовати милливу мазҳабӣ соли 2010 ба 14 соли зиндон маҳкум шудааст, ба гуфтаи додгоҳ, дар дохили зиндони рақами як дар маркази Душанбе ҳам ба ин кори худ идома додааст. Барои такрори ҷиноят додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки зиндони рақами як дар ҳудуди ҳамин ноҳия воқеъ аст, Азамат Ваҳҳобовро дар аввали моҳи ноябр ба 23 соли зиндон бо адои ҷазо дар маҳбаси низомаш махсус маҳкум кард.

Дар парвандаи тӯлонии Азамат Ваҳҳобов, ки нусхааш дар ихтиёри мо ҳам ҳаст, омадааст, ки ин сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар байни зиндониён идеяҳои ғасби ҳокимияти давлатӣ ва зӯран тағйир додани ҳукумати қонуниро тарғиб карда ва дар миёни онҳо нисбат ба мардуми ғайримусулмон адовату хусумат ва кина бармеангехт.

Азамат Ваҳҳобовро, ки ба гуфтаи додгоҳ, ҳанӯз дар соли 2001 ба узвияти Ҳизб-ут-Таҳрир пайвастааст, бори аввал соли 2002 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар асоси моддаи 189-уми Кодекси ҷиноӣ, яъне барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ ва даъват ба сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ ба 5 соли зиндон маҳкум кардаанд, вале ӯ баъди адои ҳукм аз роҳаш барнагашта ва дигарбора идеяҳои Ҳизб-ут-Таҳрирро дар миёни сокинони вилояти Суғд тарғиб кардааст. Ба ин далел Азамат Ваҳҳобовро баъди ҳамагӣ 3 соли раҳоӣ дигарбора дастгир кардаанд ва додгоҳи шаҳри Душанбе соли 2010 ӯро бо айни гуноҳҳои пешин - барангехтани адовати мазҳабиву миллӣ ва даъват ба сарнагунии ҳукумати қонунӣ - ба 14 соли зиндон маҳкум кард.

Илова бар ин, ӯро барои 5 сол аз ҳаққи ҳаргуна фаъолияти ҳизбӣ маҳрум кардаанд, вале дар парванда омадааст, ки Азамат Ваҳҳобов сарсахтона дар маҳбаси низомаш сахт ҳамчунон дигаронро ба сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ ва таъсиси хилофати исломӣ даъват мекардааст. Таъсиси чунин хилофати воҳид як ҳадафи аслии Ҳизб-ут-Таҳрир аст.

Дар ҳукми додгоҳ омадааст, “аз рӯзе, ки ӯ ба муассисаи ислоҳӣ омад, мувақаттан фаъолияташро дар Ҳизб-ут-Таҳрир қатъ кард, лекин то ҳол аз ақидаи худ нагаштааст ва дар ин ҳизб аъзо ва содиқ мебошад ва барои фаъолият бурдан дар он пушаймон нест ва баъди озод шудан ҳам корашро дар “Ҳизб-ут-Таҳрир” давом медиҳад, то замоне ки давлати исломии хилофат барпо накунанд. Аъзои Ҳизб-ут-Таҳрир Конститутсия ва қонунҳои Тоҷикистонро эътироф намекунанд ва мехоҳанд, ба ҷойи Конститутсияи ҳозира Қуръон ва ҳадис бошад ва давлат танҳо дар асоси қонунҳои Ислом, Қуръон ва ҳадис фаъолият кунад.”

Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар гузашта борҳо гуфтаанд, ки баъзе аз аъзои Ҳизб-ут-Таҳрир баъди зиндонӣ шудан ҳам маҳбасҳоро ба як майдони даъват ва ташвиқоти худ табдил дода, бо ташвиқу тарғиби идеяҳои тундгаронаи худ ба дигарон “сироят” мекунанд. Дар Тоҷикистон, ба гуфтаи мақомоташ, то кунун беш аз 500 нафар аз аъзои Ҳизб–ут-Таҳрир ба зиндон маҳкум шудаанд.

Фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон аз соли 2001 мамнӯъ буда, ҳизби Таҳрир ба рӯйхати созмонҳои ифротгарову террористӣ шомид шудааст. Аммо намояндагони ин гурӯҳ даст доштани аъзо ва пайравонаш дар аъмоли зӯроваронаро рад карда, мегӯянд, ҳизби Таҳрир барои ҳадафҳояш бидуни хушунат мубориза мебарад. Гуфта мешавад, Ҳизб-ут-Таҳрир соли 1952 дар Фаластин таъсис ёфтааст ва ҳадафи ниҳоии он, сарнагун кардани ҳукуматҳои дунявӣ ва таъсиси хилофати воҳиди исломист. Аммо дар Тоҷикистон аксари пайравони ин ҷунбиши мазҳабӣ узбакзабонҳоянд.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi