11:47:33 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

20 соли зиндон барои қатли ҳамсар аз ғояти рашк

Додгоҳи вилояти Суғд мардеро, ки ҳамсарашро аз рӯи рашк дар пеши назари мардум дар бозори Панҷшанбе бо зарби корд кушта буд, ба 20 соли ҳабс дар зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

arest-bozdosht-4125899Анварҷон Темуров, додраси додгоҳи вилояти Суғд, ки масъулияти муҳокимаи ин парвандаро бар ӯҳда дошт, гуфт, додгоҳ Салим Тоҷибоев, сокини 51-солаи шаҳри Хуҷандро бар асоси банди 104-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар “куштор бо бераҳмии махсус” гунаҳкор донист. Ба гуфтаи вай, Тоҷибоев, ки дар ҳеҷ куҷо кор намекард, ҳамсараш – Замира Ботуроваи 40-соларо, ки дар бозор ба фурӯши мева машғул буд, дар хиёнат гумонбар шуда, борҳо таҳдид мекард, ки бо мардони бегона гап назанад ва беҳудагардӣ накунад.

Субҳи 28-уми август дар ин замина байни зану шавҳар боз як муноқиша бархост ва шавҳар аз ҷайбаш корд кашида, 12 бор ба синаву дигар қисмҳои бадани ҳамсараш зарба задааст. Замира Ботурова аз он захмҳои мудҳиш ҷон дод ва Салим Тоҷибоев ба дунбол аз ҷониби кормандони интизомӣ боздошт шуд. Ӯ дар мурофиаи додгоҳӣ гуноҳашро қисман иқрор кардааст.

Салим Тоҷибоев ва Замира Ботурова соли 1995 издивоҷ карда буданд. Аз онҳо 5 фарзанд боқӣ мондааст, ки саробонии онҳо бо ҳукми додгоҳ ба хоҳари Замира Ботурова вогузор шудааст.

Дар соли равон кушторҳои монанд ба ин дар заминаи рашки байни ҳамсарон дар вилояти Суғд ҳадди ақал се маротиба рух додаанд. Қаблан дар ноҳияи Ашт як зан ҳангоми муноқишаи хонаводагӣ шавҳарашро кушт. Дар ноҳияи Ғафуров, ҳамин тавр, як мард занашро аз рашк ба ҳалокат расонд.

Вале ҷинояти пуровозаи ахир - дар рӯзи равшан ва дар байни мардум ҳамсарашро қатл кардани Салим Тоҷибоев - миёни сокинон баҳсҳои гармеро дар бораи паст рафтани қадри инсон ва ба ҷиноёт рафтани одамон таҳти таъсири омилҳое равоние, чун рашку ҳасад, доман задааст.

Равоншиносон мегӯянд, чунин маворид ба иллати мушкилоти фаровони иҷтимоиву иқтисодӣ дар як ҳолати равонии хеле осебпазир қарор доштани ҷомиаи Тоҷикистонро бармало мекунад. Ҳолате ки ҳатто як шӯъла метавонад оғози як сӯхтори бузург шавад. Мисли шӯълаи рашке, ки дар дили Салим Тоҷибоев батадриҷ аланга гирифт ва ин марди баркамоли 51-соларо дар ниҳоят ба қатли ҳамсараш тела дод.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi