17:23:19 18-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Кодекси ҷиноии Тоҷикистон: Хориҷиҳо ҳақи ришвахорӣ надоранд

Бино ба тағйироти ахир дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ин ба баъд мансабдорони хориҷӣ ва ходимони созмонҳои байнулмилалӣ, ки масуният надоранд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳанд шуд. Ин тағйиротро Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба парлумон пешниҳод кард. Ҳарду палатаи Маҷлиси олии Тоҷикистон онро ба тасвиб расонданд ва ҳоло ин санад рӯи мизи раисҷумҳури Тоҷикистон қарор доранд.

majlisi-namoyandagon 4545Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон дар шарҳи ин тағйирот ба мо гуфт, тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 319-порагирӣ, 320-порадиҳӣ ва 321-иғвои порадиҳӣ ворид шудааст, ки то ин замон танҳо ба афроди мансабдори Тоҷикистон рабт дошт ва ҳоло ин мафҳум васеъ шуда, мансабдорони хориҷӣ ва созмонҳои байнулмилалиро низ дарбар мегирад:

«Аммо тағйирот танҳо дар ҳамин се модда, ки ба пора рабт доранд, ворид шудаанд. Дигар ҷиноятҳо ин ҷо дохил намешаванд. Қаблан дар қонунгузории мо онҳо ҳамчун як субъект вуҷуд надоштанд. Ин ҳам талаботи худи созмонҳои байнулмилалӣ аст, ки шахсони хориҷии масъул дар мақомоти судиву қудратии ва ғайраро дар ҳоли пора додану гирифтан ва иғвои пора ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд»

Ба субъекти қонунгузории ҷиноӣ ворид шудани мансабдорони хориҷиву байнулмилалӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки бино ба Конвенсияи Вена аз соли 1961 дар бораи муносибатҳои дипломатӣ, аксари кормандони сафорату созмонҳои матраҳ, назири СММ ва САҲА, дахлнопазирӣ доранд.

Суҳроб Қоҳирӣ, муовини шӯъбаи равобити байнулмилалии Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, алайҳи афроде, ки тибқи ин конвенсия дахлнопазирӣ доранд, аз рӯи ин санад тадбир ҷуста мешавад ва алайҳи хориҷиёне, ки дахлнопазирӣ надоранд, мақомоти Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз мекунанд:

«Аммо ҳоло барои мо аз ҳама муҳим ин аст, ки шахсони мансабдори хориҷӣ ҳамчун субъект пешбинӣ мешаванд. Ин ҷо баҳсҳо зиёд буданд. Мо дар семинарҳои байнулмилалӣ аз коршиносони СММ ва дигар созмонҳо мепурсидем, ки оё метавонем алайҳи мансабдори хориҷие, ки ҷиноят содир кардааст, парванда боз кунем, мегуфтанд, ки бале. Аммо ин ҷо боз равобити дипломатӣ ҳаст ва ин ҳолатҳо дар ҳамон чаҳорчӯб тавре дар гузашта буд, баррасӣ мешаванд.»

Ворид кардани мансабдорони хориҷиву байнулмилалӣ ба қонунгузории ҷиноӣ дар Тоҷикистон яке аз се тавсияҳоест, ки ҳанӯз моҳи декабри соли 2010 дар Порис Гурӯҳи экспертии Шабакаи зиддикоррупсионии Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (ECO) ба Тоҷикистон дода буд. Тавсияи аввал – ташкили Маркази миллии мубориза бо коррупсияро Тоҷикистон соли 2012 иҷро кард.

Аммо моҳи сентябри соли равон вақте Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гузориши худро ба Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд пешниҳод кард, интиқод шуд, ки тавсияи дар қонунгузории миллӣ васеъ кардани мафҳуми «шахси мансабдор» - ро иҷро накард. Тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ, дар қонунгузории ҷиноии худ мебоист мансабдори хориҷӣ ва байналмилалиро низ ба субъекти қонунгузории ҷиноии худ ворид менамуд.

Дар ҳамин ҳол, Ойниҳол Бобоназарова, дар гузашта раҳбари намояндагии Бунёди Сорос дар Тоҷикистон мегӯяд, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ба ҷавобгарӣ кашидани мансабдорони хориҷӣ вуҷуд дорад. Вай афзуд, то имрӯз ба хотири ҷилавгирӣ аз вокунишҳои байнулмилалӣ Тоҷикистон худ ба чунин иқдом даст намезад, аммо ҳоло чун аз сӯи худи ҷомиаи байнулмилалӣ иқдом шуд, бо ҷону дил пазируфтанд:

«Ин тағйироти бад нест. Аммо дар кишварҳое, ки режимҳои худкома ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои хориҷиву байнулмилалӣ назари нек надоранд, муваффақ будани ин гуна иқдомҳо ба гумон аст. Метарсам, ки аз ин тағйирот сӯистифода нашавад. Ва ҷанбаи дигари масъала ин аст, ки бархе созмонҳои байнулмилалиро умуман ниҳодҳои миллии давлатҳо ҳуқуқи тафтишу пурсиш карданро надоранд.»

Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир тавсияи саввуми Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд, ки низ тағйиротеро дар Кодекси ҷиноӣ дар назар дорад, бо Додгоҳи Олии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор додааст.

Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд, як ниҳоди муассири иқтисодиест, ки 17 дарсади аҳолии ҷаҳонро дарбар мегирад, аммо 60 дарсади маҷмааи маҳсулоти дохилии сайёраро ташкил мекунад. Ин созмон як мониторинги густардаро дар Тоҷикистон пиёда мекунад, ки аз соли 2008 то 2014 идома хоҳад кард ва ҳадафаш коҳиш додани мизони коррупсия дар ин кишвар аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi