08:10:14 08-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Май 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Мушкили хона ва иҷора дар Тоҷикистон кай ҳалли худро меёбад?

Темур Раҷабализода, барои "Рӯзгор"

Мушкили норасоии манзили истиқоматӣ ва таъмини талаботи мардум ба хона дар Тоҷикистон давоми беш аз 20 соли соҳибистиқлолии кишвар ҳануз ҳалли худро наёфтааст ва ба назар чунин менамояд, ки ин масъала ҳоло ба мушкили № 1-и шаҳрвандон табдил ёфтааст.

problema-doma-5456545Таҷрибаи бархе аз кишварҳо нишон медиҳад, ки барои таъмин аҳолӣ ба манзили зист давлат шароит муҳаё намуда, бонкҳо барои харидориии хона ба мардум қарзҳои дарозмуддат ва ё қарзҳои ипотекӣ медиҳанд, аммо дар Тоҷикистон давлат шаҳрвандонашро бо хона таъмин накарда истодааст ва ҳатто шароите ҳам нест, ки шаҳрвандон ҳадди ақал аз бонкҳо қарзҳои ипотекӣ гиранд ва ҳамчунин бонкҳои Тоҷикистон қарзҳои дарозмуддат бо фоизи дастрасро пешниҳод намекунанд.

Дар робита ба ин, Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳам, зимни як нишаст дар Душанбе тасдиқ намуд, ки дар кишвар бозори қарзҳои ипотекӣ ривоҷ надорад ва сабабашро фаҳмонд: "Сабабаш ин аст, ки қарзҳои ипотекӣ талаб мекунанд то  мӯҳлати қарз дуру дароз бошад. Ҳадди ақал 30 сол бошад, раво аст. Имрӯз низоми бонкии Тоҷикистон маблағ барои додани қарзҳои дарозмуддат надорад. Қарзҳое, ки айни ҳол ба мардуми Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, кӯтоҳмуддатанд, чунки худи маблағҳое, ки ба бонкҳо ҷалб мешаванд кӯтоҳмуддатанд".

Абдуҷаббор Ширинов мегӯяд ҳаҷми сармояи худи бонкҳо хеле кам аст ва барои эҳтиёҷоти иқтисодиёти Тоҷикистон намерасад. Ширинов мегӯяд барои додани қарзҳои дарозмуддат ба бонкҳо бояд пасандозҳои дарозмуддат ҷалб гарданд: "Инчунин маблағ барои додани қарзҳои дарозмуддат аз ҳисоби ҳар гуна фондҳо, аз ҷумла фондҳои трастию нафақа, суғурта ва дигару дигар пайдо мешаванд. Чунин фондҳо имконият доранд маблағҳояшонро барои истифодаи дарозмуддат диҳанд. Дар мо муттаассифона маблағҳое, ки дар ин фондҳо ҳастанд, хеле каманд ва ҳанӯз дастраси бонкҳо нестанд. Барои мо як муддате зарур аст, ба истилло "чарбу" пайдо шаваду имкони додани қарзҳои дарозмуддат фароҳам шавад".

Раиси Бонки миллӣ ба суол, ки кай шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба қарзҳои дарозмуддату ипотекӣ дастрасӣ пайдо кунанд, афзуд: "Барои он, ки ба истилоҳ "чарбу" пайдо гардаду дар Тоҷикистон имконият барои додани қарзҳои дарозмуддат фароҳам шавад, зарур аст маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ якчанд ҳазор доллар сари як нафар аҳолӣ баробар шавад."

Ин дар ҳолест, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ҳудуди 900 доллари амрикоӣ сари як нафар тоҷикистонӣ рост меояд ва аз ин бармеояд, ки бисёре аз тоҷикистониён бояд боз солҳо интизор шаванд, то иқтисодиёти давлат ба истилоҳ ҷоннок гардаду онҳо имкони тариқи ипотека харидории манзили зистро пайдо кунанд. Айни ҳол давлат дар Тоҷикистон танҳо замин барои манзил ҷудо мекунад, ки ин ҳам кифоя нест. Он, ки далолону мансабдорон дар маҳалҳо аз мардум барои ҷудо намудани як ҳиссаи замин то 2 ҳазор доллар талаб мекунанду мардум ин миқдорро пардохт карда истодаанд, аз он шаҳодат медиҳад, ки заминҳои тариқи қонунӣҷудонамудаи давлат кифоя нестанд.

Талаботи зиёд ба манзили зист, имрӯз ба мансабдорон дар навоҳии кишвар имкон додааст, ки аз мавқеашон сӯиистифода кунанду, аз мардум барои ҷудо намудани замин маблағ гиранд. Заминфурӯширо дар Тоҷикистон имрӯз, касе рад намекунад. Ҳатто худи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, қаблан дар мулоқот бо масъулини замин аз зуҳури созмонҳои махсуси ҷиноӣ, ки ба фурӯши замин машғуланд, хабар дода, таъкид бар он кард, ки алайҳи ин раванд, мубориза бурда шавад. Аммо то ҳол натиҷаи дилхоҳ ба мушоҳида намерасад.

Дар ҳамин ҳол аз бехонагии мардуми Тоҷикистон ва ниёз ба манзили зист, на танҳо мансабдорони маҳаллӣ тариқи ғайриқонунӣ истифода мекунанд, балки дар сатҳи ниҳодҳои ҷумҳуриявӣ низ иқдоме, рӯи кор омада истодаанд, ки бехонагии мардумро барои буҷаи давлат фоидаовар карда истодаанд. Масалан, бехонагӣ дар шаҳрҳо, махсусан Душанбе теъдоди иҷоранишинҳоро зиёд кардааст. Дар ҳамин шароит давлат барои иҷораи хонаи зист андоз ҷорӣ намудааст ва аз ин чунин бармеояд, чӣ қадаре иҷоранишинҳо дар кишвар зиёдтар бошанд, ҳамон қадар ба манфиати буҷа хоҳад буд.

Зеро давлат аз соҳибони аслии хонаҳо тамоми андозҳоро меситонад, бе ироаи бисёре аз хизматрасониҳои коммуналӣ маблағи онро меситонад ва ниҳоят боз навоварӣ ворид намуда, аз иҷоранишинҳо низ андози иловагӣ меситонад. Мақомоти андоз мегӯянд, андоз аз даромад аз маблағи иҷора барои соҳибони аслии хона ҷорӣ шудааст, вале иҷоранишинҳо муътақиданд, ин андоз низ ба дӯши онҳо хоҳад ғалтид.

Як зан, ки худро Шаҳло муаррифӣ кард ва ҳоло дар Душанбе иҷоранишин аст мегуяд,  барои хонаи якҳуҷрагӣ 150 доллари амрикоӣ пардохт карда истодааст: "Агар боз аз соҳиби хона 13 фоиз андоз аз даромад талаб кунанд, ӯ ҳаққи иҷораро боз боло хоҳад бурд ва аз ин боз ман зарар мебинам. Бори асосӣ боз ба гардани бехонаҳо бор хоҳад шуд."

Ин дар ҳолест, ки айни ҳол ҳаққи иҷораи манзили зист дар пойтахт, аз 130 то 700-800 доллар дар як моҳро ташкил медиҳад ва бисёре аз иҷоранишинҳо рӯзашонро ба мушкилоти зиёд гузаронда истодаанд.

Бархе аз ҳамсуҳбатонамон мегуянд, бо маоше, ки имрӯз дар Тоҷикистон мегиранд, хона харидан имконнопазир буда, маошашон танҳо барои таъмини рӯзгор мерасонаду халос. Дар чунин ҳол саволи матраҳ ин аст, ки мушкили манзили истиқоматӣ ва иҷора дар Тоҷикистон то кай идома хоҳад кар?

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №02, 15 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi