15:08:04 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Савлатшоҳи Мерган: Шикоят аз нақлиёт дорам

Ба таваҷҷуҳи шаҳрдорӣ

Дар масъалаи фаъолияти нақлиёти шаҳри Душанбе мехоҳам фикри худро гӯям. Маро масъалаи истгоҳҳо ба ташвиш овардааст. Истгоҳҳо барои чӣ ҳастанд? Барои он ҳастанд, ки мусофирон дар он ҷо ҷамъ шаванд ва нақлиёти шаҳр автобусҳо ва тролейбусҳо омада онҳоро ба макони даркорияшон бубаранд. Вале мебинем, ки автобусҳо ва тролейбусҳо дар сари ҳар қадам ҳаракатро манъ карда дар роҳ одам мегиранд.

s.mergan 54561212Аҷоиботаш он аст, ки агар мӯсафеди онҳоро манъ кунад, намеистанд. Зеро медонанд, ки мӯйсафед имтиёз дорад, метавонад бепул равад, манъ намекунанд, вале ҷавон агар манъ кунад, албатта меистанд ва одам мегиранд. Агар истгоҳ зарур набошад пас чаро онҳоро пули зиёд сарф карда месозанд? Насозанд! Эълон кунанд, ки одамон дар ҳар куҷое, ки меистед, истодан гиред, нақлиёти шаҳрӣ вазифадор аст, ки манъ карда шуморо гирад! Дар замони шӯравӣ чунин бетартибӣ дар нақлиёт набуд. Ҳама аз истгоҳ савор шуда ба ҷои даркорӣ мерафтанд.

Имрӯз ронандаҳо ба тамоми ҷавонон бенизомиро нишон дода истодаанд. Дар кори маршруткаҳо танзим нест. Маршруткаҳо дар замони шӯравӣ хати сайри муайяне доштанд. Аз нуқтаи А то нуқтаи Б ҳаракат мекарданд. Тамом. Аз ин хатти сайр касе аз ронандаҳо ҳақ надошт, ки берун барояд. Ҳоло чӣ? Ҳар ронандае, ки хоҳад хатти сайрашро дарҳол иваз мекунад. Ин вобаста аст ба он ки бозрасонҳои автомобилии шаҳр дар куҷои шаҳр "камин" мегиранд.

Фарз кардем агар  бозрасонҳо дар  хатти сайри "Қаряи Боло-Саховат" навбатдорӣ кунанд, дар рафтан ба ин самт ҳатман ба мушкили дучор мешавед. Зеро аксари ронандагони ин самт худсарона хатти сайри худро тағйир дода ба дигар самт ҳаракат мекунанд. Худсарии дигари ронандаҳои маршруткаро шумо маҳз дар ҳамон истгоҳҳо, ки гуфтем аз онҳо дуруст истифода бурда намешавад, дида метавонед.

Қариб дар ҳар як истгоҳ истода мусофир гирифтанӣ мешаванд. Ин боиси бебанду борӣ дар кори автобусу тролейбусҳо мешавад. Автобусҳо ва тролейбусҳо наметавонанд ба истгоҳҳо наздик шаванд. Дар замони шӯравӣ автомошинаҳои дигар, ба ҷуз аз нақлиёти шаҳрӣ, ҳақ надоштанд, ки дар наздики истгоҳҳо биистанд. Кӣ бояд ин камбудиҳоро дар фаъолияти нақлиёт ислоҳ кунад?

Савлатшоҳи Мерган, бознишаста

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №03, 22 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi