23:29:48 16-уми Феврали 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Феврал 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ТВ ва химия ё кефири русафед ва кимиёи русиёҳ

Сафаралӣ Раҷаб, барои "Рӯзгор"

Бешубҳа мо дар замоне зиндагӣ ва кор мекунем ки онро замони иқтисоди бозорӣ ном мебаранд.Он соҳиле, ки мо аз он дур шудему номи давлати шӯравиро дошт, акнун аз баландии имрӯз ба чашм намоён нест ва ба назар чунин мерасад, ки мо ба соҳиле, ки раҳ гирифтаем, то он соҳил роҳ дур асту мо алҳол дар нимароҳем. Замоне фахр мекардем, ки ба қатори мамлакатҳои дар китобхонӣ фаъол дохил қарор доштем. Арзишҳо тағйир пазируфтанду китоб имруз гӯё танҳо барои оро додани шкафу ҷевонҳои хонаи мост. Ман ин нуқтаро ба он хотир оварда истодаам, ки имрӯз ҳар сари қадам чи дар маводҳои чопӣ ва  чи дар барномаҳои  радиову телевизион хатогиҳои мантиқӣ роҳ меёбанд.

tv-khimiya-4445445Ин бошад нишонаи коҳиш ёфтани маданияти тафаккур буда аз беэътиноии мо нисбати китобу китобхонӣ ва сайқал додани маҳорати касбӣ дарак медиҳад. Хуб аст, ки дар ин бора, аниқтараш хатогиҳои воситаҳои ахбори умум (ВАУ) мақолаҳои зиёде ба чоп мерасанд." Дар он ҷое, ки нуқсонҳоро намегӯянд ва тадбири ислоҳашонро намеҷуянд, дар он ҷо пешрафт нест,муваффақият нест" (Урун Куҳзод) .

Беҳтар мебуд, агар мо ба сифати реклама ва мантиқи матни он аҳамияти лозимӣ медодем. Охир моро тамошо мекунанд ва на танҳо дар худи ҷумҳуриву мамолики пасошуравӣ, инчунин дар дигар давлатҳои дунё. "Химия! Фоида накард". Қулай ва осон! Бе химия".Ин реклама ва ин ибораҳоро (на дар шакли саволӣ албатта) тамошобинони телевизиони тоҷик на як бору ду бор дидаанду шунидаанд. Чи тавр бо дастони худ бераҳмона аз болои миз партофтани доруҳоро аз ҷониби Ташриф Халилов ва шикояти Бахтиёр Раҳимовро аз "бефоида будани доруҳо" мушоҳида кардаанд.

Хайр ин чӣ бадӣ дорад?Дар назари аввал ҳеҷ бадие нест, вале маро ҳамчун мутахассиси фанни кимиё ҳар бор аз шунидани ин суханҳо, инчунин аз тангназарии кормандони масъули рекламаи телевизион шарм меояд. Чаро? Солҳои бозсозӣ ва баъди он (охири солҳои 80-90-ум) ба замоне рост омад, ки таваҷҷуҳи одамон нисбати фаннҳои дақиқ, алалхусус нисбати илми кимиё дар тамоми мамолики пасошуравӣ камтар шуда дар ин замина раванди хемофобия -аниқтараш химиябадбинӣ пайдо шуд.

Ин раванд нишонаи ба пастӣ рафтани донишҳои кимиёвии аҳолӣ ва коҳиш ёфтани маданияти химиявии онҳо буд ва раванди мазкур то ҳол давом ёфта истодааст. Химия дар назари мо фаннест, ки ба одамон танҳо "бадбахтӣ" меорад, ҳавою муҳитро вайрон мекунад, саломатии инсонро барҳам мезанад, ғизоҳои моро заҳролуд менамояд. Акнун биёед сари инсоф оему андеша кунем, ки оё мо-маҷмӯи моддаҳои химиявии зинда (обу ангиштоб, чарбу сафедаҳо) нестем?

Оё мо он дегеро ба хотир намеорем, ки дар он ҳар лаҳзаю ҳар дақиқа садҳо, ҳазорҳо таомулҳои химиявӣ сурат мегиранд? Кимиё кордеро мемонад, ки тарзи истифодаи он аз ақлу фаросати инсон вобаста аст: хоҳад тавассути он кори безарар (масалан реза кардани бодиринг ё гӯшт)-ро анҷом медиҳад, хоҳад онро бо мақсадҳои нопок низ истифода мебарад. Масалан ба хотири даромади муфти пулӣ спирти техникиро ҳамчун шароби истеъмолӣ ба фуруш мебарораду саломатии садҳо, ҳазорҳо истеъкунандагонро зери хатар мегузорад.

Мо аз беэҳтиётию камтаҷрибагӣ ва ноогоҳӣ аз кимиё тавре истифода кардем, ки акнун табиатро вайрон кардем ва акнун табиат моро намебахшад. Вай аз бесаводии химиявӣ ё математикии мо парвое надорадба ба зиёдаравии мо нисбати он реаксияи ҷавоби худро медиҳад. (Натиҷаҳои онро мо баръало дида истодаем). Як мисоли дигар меорам. Фирма ё муассисаи истеҳсолӣ хокаи либосшӯӣ истеҳсол намуда онро ба фуруш бароварданӣ шуда барои реклама ба воситаҳои ахбори умум дар ивази маблағи муаяйн муроҷиат намуд.

Журналистон барои ба даст овардани маблағ тавассути телевизиону радио ба рекламаи ин хокаи пӯшокшӯӣ камари ҳиммат бастанд. Бактерияҳоро табиист, ки "сиёҳ" карда хокаи либосшӯиро ҳамчун манбаи тозагию зебогӣ нишон доданд. Корро ба дараҷае расониданд, ки дар тасаввури бинандаи ноогоҳ бактерия ба як мавҷуди танҳо зарараовар табдил ёфт. Дар амал чӣ? Ҳамаи ҳамон рекламадиҳандагону журналистон ва истеҳсолкунандагони хокаи либосшуӣ аз тамошои реклама лаззат мебурданду барои барори корашон шароб менӯшиданд ва аз ҷурғот ҳамчун газак истифода мекарданд.

Вале ақли касе намегирифт ки агар ҳамин бактерияҳои "зараровар" намешуданд дар дастархони онҳо на шароб  пайдо мешуду  на ҷурғот.Агар ҳамин бактерияҳои "зараровар" намешуданд замини моро бӯи бади мурдаҳо фаро мегирифтанд. Маҳсулотҳои ширӣ дар натиҷаи туршшавӣ бо иштироки бактерияҳо ҳосил мешаванд ( ширро мисли қанди ангур табиист, ки бактерияҳо турш мекунанд.) Магар намеарзад, ки мо барои маҳсулотҳои ширӣ ё арақу шампон аз бактерияҳо миннатдор бошем?

Бо кимиё низ ана ҳамин аҳвол руй додааст, зеро химияро чун фанни танҳо зараровар нишон доданӣ шуда, онро мо манбаи бадбахтиҳо ва хатар медонем. Дар асл албатта ин тавр нест… Сари Бахтиёрро дард гирифт мисли мо аспирин ё аналгин мехурад, Ташриф ташна, ки монд мисли мо об ё об ё кефири "Саодат" менӯшад ки ҳамаи ин химия аст. Ҳар як қаламбадасти огоҳ медонад ки коғаз, ранг ва интернете, ки ӯ бо он сарукор дорад, бе кимиё ҳеҷ аст ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад.

Кормандони воситаҳои ахбори умум,ба хусус журналистони телевизион вазифадор нестанд, ки масъалаҳои химиявиро ҳал карда тавонанд, вале агар надонанд ки ҳароратсанҷи ногаҳон шикастаи писарашонро чи гуна бояд ғундоранд (симоби ҳароратсанҷ заҳрнок аст) ё агар ба ҷои спирти навшодир ба модари маризашон спирти нушиданӣ ё сирко пешниҳод кунанд, ин айби калон аст. Ё надонанд, ки химия барои ҳар як фард, барои ҳар як мамлакат фанни тақдирсоз асту илми тиб бе он қадаме ҳам пеш гузошта наметавонад, айби калон аст.

Дар барномаи интелектуалӣ-зеҳнӣ журналисти ҷавон ба иштирокчиёни барнома бо чунин суол муроҷиат мекунад: "Дар ҷадвали даврӣ чанд модда ҷойгир шудааст?" Дар ҷадвали даврии имруза 118 унсур (элемент) ҷойгир аст, миқдори моддаҳои химиявӣ бошад аз 20 миллион зиёдтар аст.Чи тавр ин журналисти ҷавон (ки ба ӯ барномаи интеллект-шоу бовар карда шудааст, 10 сол дар мактаб, 5 сол дар мактаби олӣ хондааст) 20 млн моддаро дар ҷадвали даврии Меделеев ҷой кунондааст?

Бо чунин дурӯғ журналисти ҷавон ҳатто Мюнҳавзенро бо як нул мезанад. Аз ҳама аламовараш ин аст ки маҳз аз телевизиони тоҷик чунин садоҳо баланд мешавад: "Ҷобир ибни Каён падари илми химия ба ҳисоб меравад". Фарзандони сонии ин олими барҷаста имруз магар тавассути телевизион бо чунин маданияти "баланд"-и тафаккур ба оламиён аз кадом авлод будани худро намоиш доданианд? На танҳо Бахтиёру Ташриф, балки ҳамаи мо бо шарофати таомулҳои химиявӣ ба дунё меоему ҳангоми қатъ гаштани онҳо ин дунёро тарк мекунем.

Одам ба реактори химиявие монанд аст, ки дар он садҳо, ҳазорҳо реаксияҳои химиявӣ мегузаранд. Ҳангоми вайрон шудани реаксияҳои химиявӣ одам ба касалӣ дучор меояд ва он доруҳои химиявие, ки духтур ба мо менависад, танҳо ба хотири барқарор кардани реаксияҳои вайроншуда мебошад. Аз ин рӯ аз экрани ТВ нишон додани он, ки доруҳои кимиёвӣҷои кефирро гирифта наметавонанд, хатои маҳз аст. Кефирро бо он хусусиятҳои табобатие, ки дорад чунин пешниҳод ва реклама кардан нашояд. Ин на реклама балки намоиши тангназарист.

Ин вазъият гуфтаҳои яке аз қаҳрамонони "Ревизор-Муфаттиш"-и Гоголро ба хотир меорад ки мегуяд: "Искандари Макдунӣ қаҳрамон буд, вале курсиҳо барои чӣ шикаста шаванд?" Кефири саодат албатта хуб аст, вале химия ба ин чӣ дахл дорад?. Мутассадиёни рекламаи ТВ-и тоҷик дар лаҳзаҳои зарурӣ ба мадади мутахассисони соҳаи дахлдошта бояд муроҷиат мекарданд. Агар онҳо гумон кунанд, ки аз уҳдаи реклама танҳо худи онҳо мебароянд (зеро фантазияи эҷодӣ танҳо хоси онҳост) пас ин нишонаи худхоҳию худпарастист. Ба эфир баромадани чунин рекламаҳои хому хатала ва зараровар нишонаи ба мутахассис муроҷиат накардани худи рекламадиҳандаҳо мебошад.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №02, 15 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi