17:57:51 12-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Роҳҳои бартараф намудани шиканҷа дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон ахиран аз коҳиш ёфтани шикоятҳо аз ҳолати шиканҷа дар кишвар хабар дода, афзуд, ки соли 2013 16 шикоят дар хусуси шиканҷа ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли пешин 6 адад камтар аст.

sherkhon-salimzoda 5444545Шерхон Салимзода, ки дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе баромад мекард, иброз дошт, ки аз 16 шикоят дар хусуси шиканҷа танҳо дар 4 ҳолати мавҷудияти шиканҷа тасдиқи худро ёфтааст, ки аз рӯи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ кушода шудаанд. Номбурда қайд намуд, ки соли 2012 бошад ҳамагӣ 22 шикоят роҷеъ ба шиканҷаро дарёфт намуда буданд, ки аз ин танҳо 9 ҳолаташ тасдиқи худро ёфтаанд. Бо вуҷуди ин, додситони кулли Тоҷикистон гуфт, умуман фавти ҳар як инсон дар муассисаи тафтишотӣ боиси таасcуфи онҳост.

Шерхон Салимзода зимни суҳбаташ дар бораи шиканҷа ба қазияи марги Умедҷон Тоҷиев, ки 30 октябри соли гузашта дар Исфара барои "ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ" боздошт шуда, пас аз ду рӯз худро аз ошёнаи севуми бинои милисаи Исфара ба поён партофт ва 19 январи соли ҷорӣ дар бемористони муассисаи ислоҳии Хуҷанд ҷон дод, дахл намуда, гуфт: "Ҳодисае, ки ба Умедҷон Тоҷиев шудааст, мо кормандони ҳифзи ҳуқуқро водор месозад, ки дар ин маврид хело масъулят ҳис кунем".

Мавриди зикр аст, дар чанд соли ахир вазъу шароити маҳбасхонаҳои кишвар, муносибати маъмурони маҳбасхонаҳо ба маҳбусон ва иттилои бештар пайдо кардан аз вазъи саломатии маҳкумшудагон ба яке аз мавзуҳои муҳим табдил ёфтааст.

Дар робита ба ин, Зариф Ализода, Омбудсмени тоҷик мегуяд, ҳоло барои ошноӣ бо вазъи маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон гурӯҳе иборат аз масъулони ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил ёфтааст.

Номбурда иброз медорад, ки бо ташкли ин гурӯҳ мехоҳанд як мониторинг гузаронананд ва барои инъикоси вазъ дар маҳбасхонаҳо кушиш мекунанд ба ин гурӯҳ журналистонро низ ҷалб намоянд.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси шинохта ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, яке аз роҳҳои бартараф намудани шиканҷаро дар кишвар дар ташаккул додани сатҳи дониши мутахассисон дар мақомотҳои қудратӣ дониста, мегӯяд, барои бартараф кардани шиканҷа дар маҳбасхонаҳо бояд пеш аз ҳама донишгоҳҳое, ки мутахассисони соҳаро омода менамоянд, ба донишчуён бо дарназардошти сифати таълим дониши заруриро бидиҳанд:

"Афсус, ки нисбати гумонбарон ва айбдоршавандаҳо аз лаҳзаи аввал бар хилофи тартиби муқаррарнамудаи кодекси мурофиавӣ азобу шиканҷаро ҳамчун роҳи осони водор кардан барои иқрори шояд амалу кирдори содирнагардида истифода мебаранд. Вақтҳои охир дар Тоҷикистон одати бад пайдо шудааст, ки то моҳияти масъалаҳои мубрамро президент дарку эхсос накунад, мушкил ҳал намешавад".

muhiddin-kabiri 5665564Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносону намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар барои бартараф сохтани шиканҷа дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон ҳамкории бештари ҷомеаи шаҳрвандиро бо ниҳодҳои давлатии марбут ба ин масъала, муҳим арзёбӣ мекунанд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз қабили нафароне аст, ки мегӯяд, феълан ҷиҳати аз байн бурдани шиканҷа ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмии мақомоту ҷомеаи шаҳрвандӣ лозим аст.

Ба қавли Муҳиддин Кабирӣ, масъалаи шиканҷаро дар кишвар дар ҳоле метавон бартараф намуд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои қудратӣ аз ҳамдигар нагурезанду даст ба туҳмати ҳамдигар назананд.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва роҳбари созмони "Перспектива+" бошад пешниҳод менамояд, ки ба қонунгузории кишвар дар бораи шиканҷа тағийру иловаҳо ворид карда шавад.

Номбурда бо таваҷҷӯҳ ба ин пешниҳодаш таъкид мекунад, ки нафароне, ки даст ба шиканҷа мезананд, бояд мавриди авф қарор нагиранд: "Ҳоло дар Тоҷикистон маҳбусоне мавриди авф қарор гирифта ба озодӣ мебароянд, ки ба иттиҳоми зӯроварӣ ва шиканҷа маҳкум шудаанд. Ҳоло мебинем, ки баъзе аз онҳое, ки бо иттиҳоми шиканҷа зиндонӣ шудаанд, озод мешаванд".

Бояд зикр намуд Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон дар ҳоле аз кам шудани шикоятҳо аз шиканҷа ҳарф мезанад, ки вақтҳои ахир шикояти волидайн аз шиканҷаи фарзандонашон аз ҷониби мақомот дар маҳбасхонаҳои кишвар назар ба солҳои қаблӣ тавассути расонаҳо бештар садо медиҳанд.

Луъбатхон Бурҳонова, аввалин наттоқи Шабакаи якуми телевизони Тоҷикистон мегӯяд, писараш Дилшодбек Муродов моҳи августи соли 2009 дар маҳбасхонаи №1- Душанбе дар натиҷаи шиканҷа фавтидааст, лекин то ҳол нафаре, ки дар куштори фарзандаш даст доранд, дар озодист.

Номбурда бо изҳори нигаронӣ қайд намуд, ки борҳо барои ҷазо гирифтани қотили фарзандаш талош намудааст, аммо бе натиҷа мондаанд.

Ба гуфтаи Луъбатхон Бурҳонова, мақомот писарашро 9-уми феврали соли 2009 бо героин боздошт намуда буданд: "Лекин писари ман дар бараш героин надошт, бовар кунед ӯро туҳмат карданда бурда маҳкам карданд ва ахиран дар пайи шиканҷа ҷони худро аз даст дод".

Файзалӣ Икромов, падари Ҳамза Икромзода, маҳбусе, ки моҳи сентябри соли 2012 дар зиндони рақами аввали шаҳри Душанбе ба таври мармуз ба ҳалокат расид, изҳори ташвиш менамояд, ки ҳоло шоҳидони марги писараш дар як ҳолати хеле бад дар маҳбасхонаи №1-Душанбе қарор доранд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки Изатулло Шарипов, роҳбари Сарраёсати маҳбасхонаҳои Вазорати адлия кишвар мавриди шиканҷаи маҳкумшудагонро аз ҷониби кормандонаш рад намуда, ҳамчунин шароити маҳбасхонаҳоро хуб арзёбӣ мекунад.

Темур Раҷабализода, "Рӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi