17:49:24 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон"

Чунин ном дошт семинаре, ки бо ибтикори ҳукумати ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ҳафтаи гузашта дар ин ноҳия баргузор гардид. Дар он беш аз 200 нафар раҳбарон ва фаъолони идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ ширкат варзиданд.

1-jalasa-firdavsi-544545

Саиднуриддин Алиев, раиси ноҳияи Фирдавсӣ дар суханронии худ аҳамияти мавзӯи мазкурро таъкид намуда хотирнишон кард, ки сабабҳои асосии қонунвайронкуниҳо аз сӯи шаҳрвандонро пеш аз ҳама дар паст будани маърифати ҳуқуқии онҳо бояд ҷустуҷӯ кард. Ба гуфтаи ӯ барои  баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, эҳтироми қонунҳои амалкунандаи ҶТ, дарк намудани озодиҳо ва вазифаҳои шаҳрванд ҳанӯз ҳам аз тамоми имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода бурда намешавад.

2-jalasa-firdavsi-544545.jpgМасалан дар ин самт аз имкониятҳои васоити ахбори омма, корпуси омӯзгорони мактабҳои оливу миёна ҳанӯз ҳам ба таври бояду шояд истифода бурда нашудааст. Ҳамин аст, ки сатҳи қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ дар ноҳия на танҳо паст намешавад, балки мутаассифона рӯ ба афзоиш аст. Сарқонун ва қонунҳои қабулшуда дар ҷумҳурӣҷавобгӯи меъёрҳои ҳуқуқҳои байналмилалианд. Вале онҳоро бояд ба мардум ошно кард ва иҷроиши бечунучарои онро аз шаҳрвандон бояд тақозо кард. Раиси ноҳия ба сохторҳои марбутаи ҳукумати ноҳия ба хотири ислоҳи камбудиҳои мавҷуда маслиҳату дастурҳои хешро иброз дошт.

Фаъолони ноҳия баъдан суханронии подполковник Сафаралӣ Одинаев, муовини комиссари ҳарбии ноҳияро шуниданд, ки дар он сухан бештар сари мавзӯи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ барои хизмати Ватан -Модар мерафт. Ба гуфтаи ин масъули комиссариати ҳарбии ноҳия ҳамасола ба сабаби паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон онҳо бо мушкили даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ рӯ ба рӯянд. На ҳама ҷавонон майли бо хоҳиши худ дар сафи Артиши миллӣ хизмат карданро доранд.

jalasai-n.firdavsi 2014Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имсол дастур додааст, ки таҷрибаи тавассути ба ном "облава" ба хизмат ҷалб кардани ҷавононро аз миён бардоранд. Барои ҳамин ҳам ӯ аз фаъолони ноҳия хоҳиш кард, ки дар масъалаи ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба онҳо кумаки беғаразона расонад. Ба гуфтаи ӯ баъди содир шудани фармони Президенти ҷумҳурӣ дар бораи ҷалби ҷавонон ба хизмати аскарӣ дар моҳи март онҳо ба қариб 8 ҳазор даъватшаванда даъватнома фиристоданд. Аммо мутаассифона шумораи ночизи онҳо довталабона ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуданд.

Дар иртибот бо ин дар байни фаъолони ноҳия баҳсу мунозира ба вуқӯъ пайваст. Бархе  аз ҳозирин шуъбаи маорифи ноҳияро ба зери тозиёнаи танқид гирифтанд, ки вақтҳои охир ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстиии ҷавонон чандон аҳамияти ҷиддӣ намедиҳад. Дар мактабҳо таълими ҳарбӣ-ватандӯстӣ суст ба роҳ монда шудааст. Як иддаи дигар бар он назар буданд, ки хизмати аскарӣ дар ҷумҳурии мо бояд аз ин ба баъд мисли дар кишвари ҳамсояи мо имтиёзҳое баъди адои хизмат барои ҷавонон дар пай дошта бошад. Масалан, пешниҳод шуд, ки ҷавонон то хизмати аскариро ба ҷо наоранд, дар идораҳои бонуфузи давлатӣ ба кор қабул нашаванд.

3-jalasa-firdavsi-544545Ҳатто пешниҳоде ҳам шуд, ки тибқи он ба ҷавононе, ки хизмати аскариро ҳанӯз ба ҷо наовардаанд, расман иҷозати издивоҷ  намудану оила барпо кардан дода нашавад. Дар баробари ин бархе аз фаъолон иброз доштанд, ки сабабҳои ба хизмати аскарӣ довталабона нарафтани ҷавононро инчунин бояд дар шароити  на чандон хуби хизмати низомӣҷустуҷӯ кард. Дар ин иртибот мисолҳои мушаххас оварда шуданд, ки чи гуна бархе аз ҷавонон дар Артиши миллӣ мавриди зӯроварӣ қарор мегиранд.

Садиров Нусратулло, раиси суди ноҳияи Фирдавсӣ дар суханронии худ иброз дошт, ки маъмулан шаст дар сади ҷиноятҳое, ки ба қайд гирифта мешаванд, бинобар надонистани қонунҳо содир мегарданд. Бинобар ин ӯ бештар сари мавзӯи ҳуқуқу вазифаҳои шаҳрвандон ҳарф зад.

4-jalasa-firdavsi-544545.jpgСардори шуъбаи тафтишоти прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ Саидзода Баҳодур дар мавзӯи "Пешгирӣ ва сабабҳои афзоиши худкушии шаҳрвандон ва суиқасд ба он дар давоми соли 2013 ва се моҳи аввали соли 2014" суханронӣ кард. Ҷолиб он буд, ки намояндаи прокуратура суханронии худро дар боби худкушии шаҳрвандон аз ҳадиси расули Акрам (с) шурӯъ кард:

"Ҳар шахсе, ки худро аз баландии куҳ партофта мекушад, дар оташи дӯзах то ахират мемонад. Ҳар касе, ки бо заҳр худро заҳролуд менамояд, асрҳо дар оташи дӯзах мемонад. Ва ҳар касе, ки бо оҳан худро мекушад, дар оташи дӯзах то абад месӯзад". Ба гуфтаи ин намояндаи прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ, ки бо далел сухан мегуфт, дар ҳар як чил сония дар дунё нафаре худкушӣ мекунад. Соле 960 ҳазор инсон бо чунин роҳ ҷон ба ҷонофарин месупорад, ки ин баробари хисорти як ҷанг аст. Тибқи маълумоти ташкилоти байналмилалии тандурустӣ худкушӣ дар ҷаҳон дар 45 соли охир 60 дар сад афзудааст.

5-jalasa-firdavsi-544545Яке аз сабабҳои асосии даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ин муносибати хасмонаи байни аъзоёни хонавода аст. Бино ба иттилои Саидзода дар соли 2013 ва се моҳи аввали соли 2014 дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ 27 нафар даст ба худкушӣ задаанд, ки танҳо дар нуҳ ҳолат муаяссар гардидааст, ки шаҳрвандон зинда монанд. Дар соли 2013 нисбат ба соли 2012 дар ноҳия ҳашт ҳолати худкушӣ зиёдтар ба қайд гирифта шудааст.

Худкушиҳо асосан миёни калонсолон ва занон бавуқӯъ мепайванданд. Дар иртибот бо ин гуфтаҳо дар семинар пешниҳод шуд, ки корҳои оммавӣ-фаҳмондадиҳиро миёни шаҳрвандон дар ин самт вусъат дода шавад. Ба ин кор дар баробари ҳуқуқдонҳову устодони макотиб инчуни табибону пизишкон сафарбар  карда шаванд.

Семинарро бо сухани ҷамъбастӣ раиси ноҳия Саиднуриддин Алиев ҳусни мақтаъ бахшид. Дар семинар Назаров Б. муовини раиси шаҳри Душанбе ширкат ва суханронӣ намуд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №14, 09 апрели соли 2014

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi