03:08:50 28-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Мактаб-арӯси таги чодар? ё формулаи зебоӣ

Сӯҳбати дуюми мо бо Асадуллоҳи Шарифзода, устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои математика (давоми мантиқии суҳбати қаблӣ "Математика, мактаб ва рӯзгор" ҳафтаномаи "Рӯзгор" №30 (030) 25-декабри соли 2013)  атрофи масъалаҳои сифати таълим ва дониш, роҳҳои боло бардоштани он дар муассисаҳои таълимӣ,таъсири стандартҳои нав ба сифати таълим ва ғайра сурат мегирад.

222 matematic-ustod444-Устоди гиромӣ! Хуш аст ки барои мо вақт ёфтед. Дар замоне ки соҳаи маорифро ҳукумат самти афзалиятноки ҳаёти иҷтимоӣ эълон намудааст, нисбати сифати таълим (тарбия) чӣ гуфтаниҳо доред?

-Модоме, ки мақсад имрӯз тарбияи насли дорои тафаккури созанда асту донишу маърифат ҳамчун дугоникҳои аз ҳам ҷудонашавандаанд, бешубҳа боло бурдани сифати таълим, дониш ва маърифати толибилм масъалаҳои асосӣ маҳсуб меёбанд. Азбаски суоли Шумо "ҳаҷман калон" аст, онро мебояд ба зерсуолҳо ҷудо намуда, ба ҳар як зерсуол ҷавоби мувофиқ биёрем.

Биёед аввал муайян кунем, ки зери мафҳуми таълим (тарбия)  мо кадом маъниҳоро бояд ҷой диҳем.

1.Омӯзиш (таълим)-раванди ба толибилм додани таҷриба, дониш (ахбори илмӣ), малакаи истифодаи он.

2.Тарбия-унсури асосии раванди аъзои фаъоли ҷамъият гардонидани толибилм. 3. Маърифат-раванди шиносонидани инсон бо маданият. Акнун суол мегузорем, ки кадом муаллим ин се унсурро дар дарсҳои худ дар якҷоягӣ дар амал татбиқ карда метавонаду дарси босифат мегузаронад? Бешубҳа, муаллими дорои салоҳияти баланди касбӣ, ки аз педагогика ва равоншиносӣ огоҳии комил дорад. Муаллиме, ки аз фалсафаи мактаб нуқтаи зерро хуб медонад: асоси касби омӯзгориро интуитсия (фаҳм) ташкил медиҳад. Интуитсия чизест, ки ба муаллим чӣ кор ва чӣ гуна кор карданашро вобаста аз вазъиятҳои ба амаломада ҳушдор медиҳад. Устоди худогоҳу аз касби худ ифтихордошта дар лаҳзаҳои даркорӣ метавонад "не" гӯяду қолабҳои мавҷударо шиканад ва мавқеи худро аз даст надода дурустии рафторашро ба дигарон возеҳу равшан фаҳмонад. Сифати донишу тарбияро маҳз ҳамин гуна соҳибкасбон дар мактаб таъмин мекунанд.

-Оё гуфта метавонед ки сифати дониш имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи лозимӣ қарор дорад?

- Новобаста аз муваффақиятҳои ба дастомада, инро на танҳо ман, балки дигарон низ гуфта наметавонанд. Аз ин рӯ дар ин бора доим гап мезананд, чора меҷӯянд, қарор мебароранд.... Он муваффақиятҳое, ки имрӯз ба даст овардем, бешубҳа хуб аст, вале кифоя нест. Як чиз бебаҳс аст, ки дар ҳама муассисаҳои таълимӣ чи муаллимону чи маъмурият ҳама аз паи иҷрои коранду фаъолнокии муайянеро ҳамарӯза нишон медиҳанд. (Ман танҳо фикри шахсиамро мегуям ва умедворам хонандагони рӯзнома онро ҳамчун манбаи ахбор барои боз ҳам як бори дигар андешидан атрофи таълиму тарбияи босифат қабул хоҳанд кард).

Вале ин ҳама рейтингу мониторингу санҷишҳои пай дар пай, ҳисоботҳои саривақтию уҳдадориҳои гирифташуда на он натиҷаеро дода истодаанд, ки чашмдорашон будем. Як андеша кунед, ки атрофи мактабҳои олӣ ба истилоҳ индустрияи курсҳои тайёрию шунавандаҳо, мактабҳои ғайрирасмии хонагии толибилмони мактаби миёнаро ба мактаби олӣ тайёркунанда аз куҷо пайдо шудаанд? Магар ин натиҷаи таълими "босифат"-и мо нест?

Ин бешубҳа нишонаи бо замона мутобиқ шудани мост, ки чеҳраи ҳақиқии мактабро ба касе нишон додан нахоста онро гӯё ба арӯси зери чодар табдил додаему дар ивази "рубинак" (ба истилоҳи халқӣ) низ чеҳраи реалии онро нишон намедиҳем. Чӣ, магар мо "касали"-и мактабро чуқур ва объективӣ омухта ба он "диагноз"-и ҳақиқӣ гузоштанӣ нестем, то роҳҳои давои дардро пайдо кунем?

Дар таълимгоҳе, ки ба суолҳои "Чиро таълим диҳему бо кадом технология онро омӯзонем? Чӣ гуна пешравии зеҳниву маърифатии толибилмро ба таври реалӣ зери назорат гирему онро муайян намоем?" посух доданро медонанд кор тамоман ранги дигар дорад. Ин албатта дарди танҳо ҷумҳурии мо нест. Масалан  тибқи оморе, ки аз Интернет дарёфт кардаем, дар Русия аз руи маълумотҳои эксперт (мумайиз)-ҳои ВШЭ танҳо 12 дар сади мактабҳо муваффақанду халос. Ҳафтдаҳ дар сад дар сатҳи зарурӣ муваффақ нестанд. Сӣ дар сади мактабҳо мактабҳои ошкоро сустанд.

-Раҳоии миллатро аз мушкилоти  имрӯз  дар мактаб ва муаллим мебинем. Аз ин рӯ ба фикри Шумо сифати таълиму донишро чӣ гуна бояд санҷид? 

-Агар ба таҷрибаи хориҷиён назар кунем, бисёр чизҳои ҷолибро мебинем. Масалан дар Финландия санҷиши сифат дар се сатҳ мегузарад: сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллӣ. Дар Куриёи Ҷанубӣ ҳамасола бо хонандагони синфҳои 6,9,10 санҷиши тестӣ гузаронида мешавад, ки дар он хонандагон ному насаби худро қайд намекунанд.

Дар Германия сифати донишро "Шурои акредетатсия" муайян мекунад, ки аъзоёни он дар қатори мутахассисон, инчунин хонандагон, хатмкунандаҳо, соҳибкорон, муаллимон низ ҳастанд. Дар Амрико марказҳои мустақил амал мекунанд. Дар Тоҷикистони мо беҳтар мебуд агар барои санҷиши сифат муаллимони алоҳидаро низ сафарбар намоем, ки аз касе вобаста набошанд.Таҷриба кардан мумкин аст-ку...

-Ба андешаи шумо кадом омилҳо ба болоравии сифати дониш мусоидат мекунанд ва сабабҳои муваффақ набудани аксар мактабҳоро Шумо дар ин раванд дар чӣ мебинед?

-Пеш аз ҳама ба мактаб муаллими салоҳиятнокии комилдошта лозим аст, ки тайёр кардани он бешубҳа кори миёншикан аст. Мутахассиси ҷавоне, ки имрӯз ба мактаб меояд, аксаран бо ҳамон услубу методҳои анъанавӣ кор мекунад, ки асоси онро ба истилоҳ "монолог"-и муаллим ташкил медиҳад. Яъне муаллим мегӯяд, шогирдон аз нақли муаллим ба ӯ гуфтаҳояшро такрор мекунанд ва баҳо мегиранд. Мутахассисони салоҳиятнок камчинанд.

Яъне талаботи асосии технологияи таълими имрӯза, ки бар диалог-гуфтугӯии дутарафа ё полилог (мубодилаи афкор) байни толибилму муаллим асос ёфтааст, метавонад як тараф монад. Аксари мо, муаллимонро бо талабагон  гуфтугӯи ошкоро (диалог ё полилог) метарсонад. Гӯё ин хоси менталитети мо набошад. Охир аксари мо дар қолаби андешае побандем,  ки шогирд бояд аз муаллим "тарсад".  Агар мақсади шоир аз шеър ба қавли Лоиқ "одамиро боз одамтар кардан бошад", мақсади муаллими имрӯза толибилмро ба илм боз ҳам ташнатар кардан аст.

Ин чи маънӣ дорад? Талаба бояд дар кадом сатҳ дониш доштани худро донад ва барои қадаме ба пеш гузоштан ҳаракат кунад. Ин мақсади наҷиб дар ҳолате руи кор меояд, ки муаллим мақсади ягонаи худро дар болотар бурдани дараҷаи  худомӯзии толибилм ва мустаҳкам намудани мустақилияти ӯ бинад. Танҳо худомузӣ ва мустақилият сабаб мешавад, ки толибилм малакаи дар амал татбиқ кардани дониши гирифтаашро пайдо кунад.

Шогирди имрӯзаи мактаб хеле "ҳушёр" асту худро ба талаботи маъмурият ё муаллими мактаб мутобиқ карда метавонад. (Мисли он ки роҳбарияти мактаб фаъолияти худро ба талаботи роҳбарияти боло "мутобиқ" мекунонад, (симои зоҳирии мактаб, ҳисоботҳои саривақтӣ ва ғайра дар назар аст). Масалан, агар муаллим ба талаба дар шакли реферат кори мустақилона супорад, талаба онро аз интернет ё аз китоб руйнавис карда ба устод пешниҳод мекунад.

Вақте, ки талаба бо ҳар роҳе ки набошад, баҳо мегираду муаллим нисбати ин  бепарвогӣ зоҳир мекунад, ин хеле бад аст.  Ин хеле бад аст вақте маъмурияти мактаб ё муаллим мақсади ягонаи худро дар он мебинад, ки ягон "натиҷа" ба даст овараду бо ҳамин кори худро анҷомёфта шуморад. Масалан ғолибият дар олимпиада ё баҳои чору панҷ. Худатон қазоват кунед, мо бояд ибораи "сифати дониш"-ро дар якҷоягӣ бо "сифати маърифат" (ё худшиносӣ)-и талаба ба забон биёрем.

-Чаро?

-Чаро ки вақте мо аз паи "натиҷа" (на ба маънои мусбиаш) мешавем, метавонем ба хатогиҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шавем. Масалан директори гимназия ё мактаби қаторӣ ба муаллимон эълон медорад: "Шогирдонро ба олимпиада омода созед, то натиҷаи дилхоҳ ба даст ояд." Талабаро ба олимпиада тайёр кардан бошад меҳнати ҳамаруза ва тоқатшиканро талаб дорад ва на ҳама вақт он энергияе, ки муаллим аз ҳисси ватандустиаш ҳосил мекунад, барои ин кор кифоягӣ мекунад.

Аз рӯи мантиқи солим мебояд директор харҷи пулии ин заҳматро ба смета дохил кунад. Муаллимро ба ин кор аз ҷиҳати пулӣ ҳавасманд кардан шарти зарурист. Ё мисоли дигарро мегирем. Фарз кардем ҳам муаллим ва ҳам шогирд (инчунин волидайн) ҳамаи талошҳои худро ба он равона месозанд, ки "натиҷа" ба даст ояд (дохилшавӣ ба макотиби олӣ, баҳои баланд, супурдани тест ва ғ.). Ҳосили ин заҳматҳо ҳама вақт мусбӣ  мешавад?! Толибилм ба таври ҷиддӣ танҳо ба ҳамон предметҳое машғул мешавад, ки барои дохилшавӣ лозим аст (инкишофи яктарафа?), метавонад ба дарсҳо надарояд ё маъмурият ӯро ғайрирасмӣ аз дарсҳо озод мекунад (ин дар гимназияҳои шахсӣ мушоҳида мешавад), ё бо кумаки волидайн баъди нимсола бо репетитор кор мекунад....

-....ва репетитор метавонад бо гуруҳи калони толибилмон (бо сабаби тангии вақт масалан) сар-сарӣ кор кунаду толибилми моро ба меваи бо усули сунъӣ "пазонда" табдил диҳад...

maktab-janob 565656-Бале, ту худ муаллимӣ ва инро хуб медонӣ. Ин падида он амали нанговари деҳқонеро пеши назар меорад, ки аз паи фоидаи муфт харбузаашро бо доруву укол "зард" мегардонад ва ба он  ранги харбузаи пухтаро медиҳад то ба "савдо" равад. Акнун  ҳамаи имтиҳонҳо марказонида шудаанду "харидор"-Маркази Миллии Тестӣ  вазифадор аст, ки "сертификати сифат" талаб намояд. Ин амал на танҳо назди репетитор, балки дар мактаб низ метавонад рух диҳад ки онро бо истилоҳи русӣ "натаскивание" мегуянд, ки  маънои "кашида бурдан"-и толибилмро дорад ва оқибати мусбӣ надорад.Чаро ки таълим босифат намешавад.

Шарҳи ин ҳамаро мо танҳо ба хотири ҷумлаи зер овардем: таълим бояд бо роҳи "табиӣ" сурат бигирад, яъне мутобиқи талаботҳои вақт, замон ва технологияи пешқадам. Оё дидаед, ки харбузаи деҳқон дар зарфи 25 рӯз пазаду бор оварад? Бешубҳа, олим шудан осон, вале одам шудан мушкил. Ногуфта намонад ки муҳити психологӣ (равонӣ)-и мактаб, хусусиятҳои индивидуалии ҳар як талаба, истифодаи методу усулҳои ҳарранг  ба сифати таълим таъсири ҳалкунанда дорад.

-Устод, стандарт, ки омили болоравии сифат мебошад, чист ва ба ақидаи Шумо раванди дар амал ҷорӣ шудани стандарти давлатӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?

-Стандартро аз рӯи мавҷудияти се нишон ё хусусият муайян кардан мумкин аст: 1. мавҷудияти раванди реалии дар амал иҷрошудае, ки онро ба сифати стандарт қабул кардан мумкин аст. 2. Роҳу услуб ё протседураи мушаххас ва ба таври комил коркардашудаи назорат аз болои натиҷаҳои кор (муваффақиятҳои бадастовардаи толибилмон) ва раванди таълиму тарбия (фаъолияти муассисаҳои таълимӣ) 3. Мавҷудияти субъекти стандарт, аниқтараш, сохторе, ки ба ташкил ва дастгирии стандарт эҳтиёҷ дорад ва хароҷотҳои коркарди онро мебарорад.

Дар сурате, ки яке аз нишонаҳои худро стандарт гум мекунад, яқин ба квазистандарт мубаддал мегардад, ки нишонаи равшани коста шудани он аст. Дар кадом сатҳ қарор доштани амаликунонии стандарти давлатиро бигзор мутахассисони дахлдор шарҳ диҳанд. Ман фақат ҳамин қадар  гуфта метавонам, ки дар Германия пеш аз ҷорӣ кардани стандарт дар тули 10 сол сари комилтар намудани мазмуни дониш ва комилтар гардонидани он заҳмат кашиданд.Барои мутобиқи стандарт фаъолият намудани мактабҳо мо бояд корҳои зиёдеро ба анҷом расонем.

-Кушода шудани Маркази Миллии Тестӣ, имтиҳонҳои марказонидашуда  то куҷо ба сифати дониш метавонад таъсиргузор бошад...

-Маркази Миллии Тестӣ хоҳу нохоҳ на танҳо ба мактаб, балки ба волидайн низ таъсиргузор хоҳад буд, зеро онҳоро ба таҳрик хоҳад овард. Бисёр сохтакориҳо, зиёдаравиҳо ва баҳоҳои ғайриреалии мо рӯи об хоҳад баромад. Волидон ба андеша хоҳанд рафт, аз эҳтимол дур нест, ки фаъолнокии онҳо боло равад. Ин ҳама ба сифати таълим бешубҳа нақш мегузорад.

-Мақсади асосии ислоҳоти мактаб ва умуман соҳаи маориф боло бурдани сифати таълиму тарбия аст.

-Бале! Беҳуда мо аз ислоҳоти мактаб намегӯему наменависем. Вале гуфтану навиштан кам аст.Барои ислоҳоти реалӣ корҳои реалиро мебояд ба анҷом расонд. Барномаи хуби ҳозиразамон, шунавандаи омода ва омӯзгори салоҳиятнок-ин ҳар се на танҳо ислоҳот, балки сифатро низ таъмин мекунад. Симои асосӣ дар ин кори пуршараф на вазир, балки директори мактаб аст, зеро мактаб акси оинавии зеҳн, таҷриба ва кордонии ӯст. Зеро мактаб ҷоест, ки нияту нақшаҳои эҷодии директор дар он амалӣ мегардад.

Ягона шахсе, ки ягонагии амали коллективи педагогӣ ва толибилмонро таъмин намуда, то кадом дараҷа пешравии реалии толибилмонро пешгуӣ карда метавонаду инкишофи перспективии мактабро ба модели муайян медарорад ин директор аст. Оё зиёданд сафи директороне, ки дар сафи пеш истода тавассути дарсҳои худ ба зердастонашон технологияи имрӯзаи таълимро нишон медиҳанд? Аз он ки мо навиштаҷоти болои даромадгоҳи мактабро дигар мекунем (масалан ба ҷои мактаби таҳсилоти умумӣ литсей ё гимназия менависем) чизе тағйир намеёбад.

Имрӯз ҳатто талабаи синфи поёнӣ низ медонад, ки аз иваз кардани ҷои ҷамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ тағир намеёбад. Месазад аз худ пурсем: оё то имрӯз дар мо литсей ё гимназияи дорои анъана ва симои сирф миллӣ (чи дар зоҳиру ботин)-и ба талаботи реалии рӯз ҷавобдиҳанда пайдо шудааст? Дар асл бояд  литсею гимназияҳо  майдончаҳое бошанд, ки дар он беҳтарин дастовардҳои педагогикаи миллӣ ва ҷаҳонӣ, таҷрибаи дар амал санҷидашудаи  маорифи давлатҳои Урупо (ва ғайраву ҳоказо) рӯи кор  меоянд.

-Дар куҷое хонда будам, ки олим Биркгоф формулаи ченаки эстетикии зебоиро кор карда баромадааст ва ин формула чунин навишта мешавад: М = О /С дар ин ҷо М-ченаки эстетикии зебоӣ, О-дараҷаи тартибияти объект ё ҳодиса ва С-дараҷаи муракаббияти он маҳсуб меёбад.Бо назардошти ин формулаи зебоии Биркгоф ва вазъи имруза, ки зебогии зоҳириро аз зебогии дохилӣ (ботинӣ) афзалтар мешуморем, (ишора ба гуфтаҳои болоии Шумо нисбати он ки мо бояд ба мактаб на намуди зебо, балки мазмуни зебо бахшем) чӣ илова кардан мехоҳед?

-Рости гап, дар фуроварди суҳбат ман ин гуна саволгузориро интизор набудам, вале хеле ба ҷо аз Биркгоф ва формулаи зебоӣ ёдовар шудед. Он маъние, ки мо дар боло  гуфтему шарҳ додем, дар формула ниҳон аст. Дар маҷмуъ он исботи математикии ин мафҳум аст, ки "зебоӣ оламро наҷот медиҳад".

Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст,

Бо дӯстон муруват, бо душманон мадоро....

гуфтааст Ҳофиз. Сифати донишу тавсифи таълиму, баҳо додани кору фаъолият.... ҳама шуда  тафсири ин формула аст. Тавре аз он бармеояд, агар мо кори зебо, фаъолияти зебо, таълими зебо хоҳем, пеш аз ҳама бояд аз он андеша кунем, ки дараҷаи тартибияти кори мо бо дараҷаи мураккабии касби мо чи нисбате дорад. М = О маънии онро дорад, ки ҳар қадаре мо ба дараҷаи тартибият аҳамият диҳем, ҳамон қадар кори мо зебо мешавад. Ин формула гуфтаҳои болои моро чунон зебо ҷамъбаст мекунад, ки ба он чизе илова  кардан ҳоҷат надорад.

Сафаралӣ Раҷабов, барои "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №17, 30 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi